Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМарги дастикам 4 нафар аз коруно дар Суғд

Марги дастикам 4 нафар аз коруно дар Суғд

Дар вилояти Суғд дар се рӯзи охир дастикам 4 нафар аз коронавирус ҷон бохтаанд. Дар ин бора ба сомонаи «Ахбор» як манбаи муътамад дар сохторҳои тандурустии вилоят хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷарроҳи асаби шинохта Содиқ Бобоев ва яке аз муассисони ширкати машҳури маҳсулоти ширии «Файзи Расул» Наимҷон Авезов низ аз коронавирус фавтидаанд. Манбаъ афзуд, ки чанде пеш як бародари Авезов низ аз ҳамин иллати коронавирус вафот карда буд.

«То рӯзи 31 август дар бемористони вилоятии клиникӣ 216 мариз бо аломатҳои COVID-19 таҳти табобат қарор дошта, 23 нафари онҳо дар ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳё (реаниматсия) ба табобат фаро гирифта шудаанд. Рӯзи 29 август 18 маризи нав бистарӣ карда шуд, рӯзи 30 август – 14 мариз. Субҳи 31 август боз 4 маризи дигар бо аломатҳои коровирусро дар беморхонаи вилоятӣ хобонданд. То рӯзи 31 август дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд 110 нафар бо аломатҳои COVID- 19 бистарӣ карда шудаанд», — хабар дод ин манбаъ.

Мақомот ин гуна маълумоти манобеи ғайрирасмиро рад мекунанд ва дар мавриди ҳолатҳои ошкоршудаи марги маризон дар бемористонҳо мегӯянд, ки онҳо аз бемориҳои дигаре, чун «илтиҳоби шуш» ҷон додаанд. Аз ҷумла дар мавриди Наимҷон Авезов, яке аз асосгузорони ширкати «Файзи Расул» ҳам гуфта шуд, ки ӯ аз «илтиҳоби шуш» вафот кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 30 август дар кишвар ҳамагӣ 34 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуда, шумораи умумии беморон то бегоҳи 30 август ба 8550 нафар расидааст. Аз ин шумор, бино ба омори расмӣ, 68 нафар ҷон бохта, 7341 нафар ё 85,8% аз ҷамъи умумии беморон шифо ёфтаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular