Бунёди давлати соҳибистиқлол дар шароити Тоҷикистони маҳалгаро, ки тӯли ҳазор соли охир зери ҳукмронии аҷнабиён будааст, зарфиятҳои худро дорад ва бояд мавриди омӯзишу таҳлилҳои доманадор қарор бигирад. Бахусус ҳамин ҳоло, ки ҳукмронии тоталитарӣ давраи охири мавҷудияти худро аз сар гузаронида истодааст ва зарурати кашидани тарҳи нави як сохтори сиёсии боадолати мардумсолор ба миён меояд. Зиёиёни тоҷикро лозим аст, ки бо назардошти камбудиҳои 29 соли аввали истиқлолияти кишвар сари сохтори давлатдории нави худ бештар андешаронӣ намуда, тарзи дурусти ба роҳ мондани ҳокимиятро аз ҳоло мавриди андешаронӣ қарор диҳанд. Ва аз имрӯз барои ин кори сермасъулият омодагӣ бигиранд.
Аз боло таъин кардани роҳбарони ҳама сатҳҳо дар замони шӯравӣ ва ҳам давраи роҳбарии тоталитарии Эмомалӣ Раҳмон боиси рушди фасоди сартосарӣ дар Тоҷикистон гардида, сари роҳи сохти мардумсолорӣ садди ҷиддие бунёд намуд. Халқ ончуноне дар конститутсия ваъда шудааст, сарчашмаи қудрат нагардид ва овозаш дар интихоботҳо то имрӯз чизеро тағъир надодааст. Намояндагони халқ (депутатҳо) ҳам ба ном мардумро намояндагӣ мекунанд. Дар асл ҳама қонунҳо бо мақсади мустаҳкам кардани роҳбарии як гурӯҳ бароварда шуда, некӯаҳволии мардумро комилан аз хотир баровардаанд. Ҳама депутатҳои имрӯза ба лоббистҳои манфиати Раҳмону оилааш мубаддал гардидаанд. Аз ин рӯ, аробаи шалақи идоракунии Раҳмони тасодуфан ба сиёсати калон роҳёфта имрӯз миёни ботлоқи фасод фурӯ рафта истодааст. Барои сари масоили ҳукмронии минбаъда диққати хонандаро ҷалб намудан чанд мушоҳидаамро дар мавриди истиқлолияти нисбии Бадахшон аз ҳукумати марказӣ баён месозам.
Муқовимат миёни ҳукумати ғасбгари Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми озодихоҳи Бадахшон тӯли ҳашт соли охир исбот месозад, ки ҳатто дар шароити диктатура ҳам шаҳрвандони фаъол метавонанд аз тобеъияти бечунучаро ва баъзан ғуломворона пеши ҳукумати фасодзадаи марказӣ саркашӣ намоянд ва дар маҳаллии худ як мустақилияти нисбиро нигаҳ доранд. Бадахшонро бо масоҳати хеле калон (64 200 км2 ё 45%-и масоҳати кишвар) вале аҳолии хеле кӯчакаш (230 000 нафар ва ё 2,5 %-и аҳолии кишвар) метавон ҳамчун як намунаи барҷаста барои пайравӣ намудани аҳолии манотиқи дигари Тоҷикистон номбар намуд.
Пас аз ғалаба дар ҷанги шаҳрвандӣ ва ғасби ҳукумат дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз қудрати номаҳдуд ва қувваҳои яроқноки дохиливу хориҷӣ ба пурра мутеъ гардондани маҳалҳои чи тарафдоронашу чи муқобилонаш пардохт. Аз соли 1993 сар карда то соли 2010 минтақаҳои Қӯрғонтеппа, Душанбе, вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ (бо шумули водии Рашт) комилан ба зери таъсири тарафдорони Раҳмон гузаштанд. Гурӯҳҳои яроқноки тарафдори Раҳмон агар вилояти Суғдро тариқи даҳшатафканӣ зери таъсири худ дароварда бошанд, дигар дар ҳама минтақаҳо барои мутеъ гардонидани мардуми худ яроқро истифода намуданд. Агарчи Раҳмон ин амалашро дар коғаз “таҳкими ҳукумати марказӣ” меномад, дар асл он ғасби ин минтақаҳо буд. Зеро Раҳмон ба роҳбарони маҳаллӣ нобоварӣ кардаву дар ҳама вазифаҳои калидӣ (бехатарӣ, мақомоти корҳои дохила, ҳокимияти иҷроия, корхонаҳои муҳими истеҳсолӣ) нафарони худашро таъин кард, ки дар амал ба ғорати ин минтақаҳо машғул шуданд.
Вале кӯшишҳои Раҳмон барои шикастану тобеъи худ намудани охирин бастиони (қалъаи муҳофизатии) Тоҷикистон – Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бенатиҷа монд. Агарчи аз қувваи ҳама мақомоти қудративу артиш ҳам истифода карда бошад. Ба ин диктатори дарозумри тоҷик бо истифода аз ҳиллаҳои коррупсионӣ то андозае муяссар гардид, ки ноҳияи Дарвозро ба тарафи худ гаравонад. Вале нейтралитети ноҳияи Ванҷ ва муқобилияти оштинопазири навоҳии дигари Бадахшон, ки аҳолиашон ғолибан мусулмонҳои равияи Исмоилия ҳастанд, иштиёқи Раҳмонро барои анҷом додани ин нақшаи ғасбкоронааш суст намуд. Кадом омилҳо боис гардиданд, ки ҳукумати марказии Раҳмон ба мақсади ниҳоияш — пурра ба зону шинондани ҳама минтақаҳои Тоҷикистон то ба охир муваффақ нагардад?
То соли 2010 мақсади забткоронаи ҳукумати Раҳмон, ки тадриҷан ба як ҳукумати авлодӣ табдил ёфтаву шартномаи сулҳи соли 1997-и тоҷиконро дигар риоя намекард, ду минтақаи мухолифаш – Рашт ва Бадахшони мухторро ба ташвиш оварда буд. Эътирози аҳолии ин минтақаҳои Тоҷикистон дар амалҳои саркашонаи лидерони ғайрирасмиашон (асосан қумондонҳои саҳроии собиқ) зуҳур меёфт, ки миёни мардуми ин минтақаҳо нуфузи зиёд доштанд. Пас аз 13 соли имзои сулҳ Раҳмон боз бо истифодаи ғайриқонунии яроқ ба Рашт ҳуҷум карда, бори дигар тасдиқ намуд, ки ҳукуматаш миллӣ набуда, ҳоло ҳам аз рӯи принсипи даврони ҷанги шаҳрвандӣ амал менамояд. Таслим намудани Рашт дар соли 2010 Раҳмонро барои давом додани лашкаркашиаш ба Бадахшон дилгарм намуд. Ба назар чунин мерасид, ки гӯё Раҳмон оппозитсияи сиёсиашро ба ибораи худаш “безарар гардонида”-ву инак тамоми Тоҷикистонро пеши гурӯҳи яроқнокаш ба зону мешинонад. Вале дар мавриди Бадахшон тираш хок хӯрд.
Муттаҳидии мардуми Бадахшон омили аз ҳама муҳими ин ғалабаашон бар Раҳмон буд. Зиёда аз он дар ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон ришвахӯрии рӯирост ҳеҷ гоҳ расм набуд ва новобаста аз мушкилоти иқтисодӣ дар шароити камзаминӣ ва баландкӯҳ ғурури аҳолӣ ношикаста монд. Парастиши шоҳ ва ҳам ҳар пешвои дигаре дар ин минтақа ҳеҷ гоҳе ба дараҷаи ифрот нарасида буд. Имрӯз ҳам ҳар ноҳия пешвоёни худро дорад ва раиси вилоят ҳокими мутлақ набуда, ҳангоми қабули қарор фикри намояндагони воқеии аҳолиро ба инобат нагирифта наметавонад. Бо ҳама кӯшишҳояш Раҳмон натавонист нуфузи пешвоёни ғайрирасмии Бадахшонро миёни аҳолӣ коҳиш диҳад ва ҳангоми кӯшишҳои дастгир ва маҳв намудани онон сокинони маҳаллӣ, махсусан ҷавонон дастҷамъона бар дифои пешвоёни худ бархостанд.
Истодагарии бадахшониён ба Раҳмон имкон надод то дар вазифаҳои калидӣ ҳамшаҳриҳояш ва ё гумоштаҳои худашро гузорад ва ба ин васила мардуми бадахшониро барояш бечунучаро мутеъу фармоншунав гардонанд. Системаи хабаркашҳои мақомоти корҳои дохила ва амният дар ҳама манотиқи зердасти Раҳмон фаъол буда, аз нишонаҳои ҳар як норозигии иҷтимоӣ мақомдоронро огоҳ менамояд то ин ки нафарони сарбардоштаро сари вақт саркӯб намояд. Вале мардуми Бадахшон якдилона фаъолияти чунин “буз”-ҳои ҳукуматиро дар қаламрави худ пешгирӣ намуд. Ҳукумати марказӣ дар таъин ва барои дастгирии сиёсаташ истифода намудани халифаҳои (рӯҳониёни) бадахшонӣ билкул муваффақ нагардид. Дар Бадахшон чи пешвоёни расмӣ ва чи пешвоёни ғайрирасмӣ на ба тарафдории ҳукуматдорони Раҳмон, балки бар манфиати мардуми маҳаллӣ фаъолият менамоянд. Бинобар ин дар ҳолати зарурӣ аз дастгирии аҳолӣ ба пуррагӣ бархурдоранд ва метавонанд ин нерӯи бузургро бе мушкилӣ бо мақсадҳои созандагӣ сафарбар намоянд. Қонуни танзими Раҳмон дар Бадахшон ончуноне дар манотиқи дигари Тоҷикистон мардумро дар риояи анъанаҳои гузаштагони худ тарсуву лаппак накардааст.
Чуноне мебинем ҳамдинӣ, ҳамзабонӣ ва номуси баланди соҳибватанӣ мардуми камшумори Бадахшонро ба ҳам тифоқ ва дар пешорӯи як диктатори то дандонҳояш мусаллаҳ шикастнопазир гардондааст. Имрӯз бемуҳобо сатҳи рушди маориф, истеҳсоли барқ ва хизматрасинии ҳукумат ба аҳолӣ дар Бадахшон дар нисбати дигар манотиқи Тоҷикистон бамаротиб болотар аст. Ва маҳз рушди босифати маориф дар даҳсолаи наздик сатҳи зиндагиро дар ин минтақаи кӯҳистон боло хоҳад бурд. Ин нишонаҳо аз ҳоло баръало намоёнанд. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки пешравии Бадахшони мухтор асосан саҳми Оғохон бошад. Вале таҷрибаи кишварҳои гуногуни олам тасдиқ менамояд, ки новобаста аз мавҷудияти дастгирии молиявӣ, дар рушди ҳар ҷомае пеш аз ҳама фактори инсонӣ муҳимтар аст. Оре, Оғохон дар бунёди инфрасохтори маҳаллии Бадахшон, рушди маориф, бозомӯзии мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар, болоравии сатҳи англисидонии аҳолӣ саҳми зиёд дорад. Вале оё Хазинаи Оғохон ва ё ҳар маблағгузори дигаре ҳам метавонист мардону занони калонсолро ба омӯзиши забони англисӣ водор намояд. Ба гумони ин тараф дар ҳолати Бадахшон хоҳиши зиёди ширкат дар дигаргунсозиҳо аз ҷониби худи аҳолӣ бештар нақшгузор аст.
Як нуктаи дигари ибратбахш он аст, ки бадахшониҳо дар ҳифзи номуси ҳар марду зани ҳамшаҳрии худ дастҷамъона ба пой мехезанд ва нақзи ҳуқуқҳояшонро аз тарафи мақомоти давлатӣ бо ҳеҷ ваҷҳ фурӯ намебаранд. Масалан, агар Душанбе Бадахшон мебуд, ҳеҷ гоҳ гурӯҳҳои омехтаи “таблиғоти”-и ҳукуматӣ даста-даста занони сатрдорро дар рӯзи равшан, пеши чашми ҳамагон бо зӯрӣ ба мошинҳо шинондаву дар шӯъбаҳои милиса ва амният таҳқири рӯирост карда наметавонитистанд. Ва занони Бадахшон низ аксаран ба кӯмаки мардони худ интизор нанишаста, худашон бар ҳифзи худу ҷомеъа фаъолона садо баланд мекунанд, ки боиси пайравист. Дар ҳалли кризиси сиёсии соли 2018-и Бадахшон нақши ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар бари мардуми худ рост истоданд ва бахусус ихтиёриён назаррас буд.
Тарзи идоракунии давлат ҳам аз ҷониби сарвари кунунии Бадахшон Ёдгор Файзов дар муқоиса бо ҳамтоёнаш аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон беҳтар буд. Аввал дар назар чунин менамуд, ки ӯ гумоштаи Раҳмон бошад ва чун дар Рашту Суғду Ҳисору Хатлон тадриҷан бо ҳила сарварони ғайрирасмии вилоятро ба дасти мақомоти Раҳмон супурда, бо ин васила дар чашми “пешвои миллат” холҳои мусбӣ ба даст меорад. Ва ба худу аҳли оилааш зиндагии шоҳонаро таъмин хоҳад кард. Чуноне дигар роҳбарони аз ҷониби Раҳмон таъингардида ҳамарӯза мекунанд. Дар муддати анқариб ду соли раисиаш Ёдгор Файзов низ ба яке аз роҳбарони нисбатан халқӣ табдил ёфт, ки дар баробари рушди Бадахшон инчунин нақши буфериро миёни ҳукуматиҳои яроқбадасти чашмонашон хунгирифта ва бадахшониҳои аз истибдод ба шӯромада бозида тавонист. Фаъолияти чунин роҳбарони мардумӣ албатта аз чашми халқ пинҳон намемонад.
Беҳуда нест, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз Ёдгор Файзовро чун яке аз номзадҳои воқеӣ ба мансаби президенти кишвар меҳисобанд. Ҳар як номзад ба президентӣ пеш аз он, ки даъвои ин мансабро мекунад, бояд исбот намояд, ки дар идракунии ноҳияе ё вилояте муваффақ будааст. Агар моҳи ноябри соли 1992, ҳангоми “интихоб”-и Раҳмон дар сессияи 16-ӯми Қасри Арбоб пешвои криминалӣ Сангак Сафаров ва раҳбарони вақти Ӯзбекистону Русия таҷрибаи ғоратгарии Раҳмонро дар совхози чорводории “Данғара”-и ноҳияи Данғара ба инобат мегирифтанд, набояд номзадии чунин роҳбари ноӯҳдабарои сатҳи маҳаллиро ба вазифаи раиси Шӯрои Оли ҶТ дастгирӣ мекарданд. Вале шояд ҳар се тараф ҳам он замон дар сар фикри манфиати худро доштанд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки сиёсатмадорони нави Тоҷикистон сари десентрализатсияи идоракунӣ, яъне ба маҳалҳо додани истиқлолияти бештар бо овоз ҳарф зананд. Таҷрибаи идоракунии кишварро чи дар даврони шӯравӣ ва чи дар 29 соли аввали истиқлолият ба инобат гирифта, бояд коре кард то мансабфурӯшӣ ва таъини раисони шаҳру навоҳиву вилоятҳо ва дигар мансабдорони давлатӣ аз тарафи президент аз миён бардошта шавад. Бояд роҳбарони маҳаллӣ аз ҳисоби кадрҳои ҳамон маҳал интихоб карда шаванд то дасти мардум ба гиребонашон расад, яъне назди мардум ҳисоботдиҳанда гарданд. Ва мардум, чи хеле дар конститутсияи Тоҷикистон дарҷ гардидааст, дарвоқеъ сарчашмаи қудрат бошанд.
Анвар Мунавваршоев,
таҳлилгари сиёсӣ
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

