Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРоҳандозии парвозҳои иловагӣ баррасӣ мешавад

Роҳандозии парвозҳои иловагӣ баррасӣ мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷониби Русия масъалаи роҳандозии парвозҳои иловагии чартериро то охири моҳ аз шаҳрҳои гуногуни ин кишвар мувофиқа кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ВКХ Тоҷикистон.

“Шумори парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон зиёд мешавад, аз Маскав ҳар рӯз ҳади ақал 3 парвоз ва аз дигар минтақаҳо 1 ё 2 парвоз анҷом дода мешавад. Барои дастрас кардани билет ба ин хатсайрҳо шаҳрвандон мисли пешин бояд дар сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон худро ба қайд гузоранд”, — қайд кард манбаъ.

Зикр шуд, ки зимни бозгашт ба ватан шаҳрвандон бояд маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус, ки давоми 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод Ба иттилои манбаъ, ҳамаи парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иҷро карда мешаванд.

Дар Департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуданд, ки бо мақомоти Русия роҳандозии парвозҳои иловагии чартериро аз Русия ба Тоҷикистон мувофиқа кардаанд. Аммо дар бораи зиёд шудани шумори хатсайрҳо чизе нагуфтанд.

“Мо ҳоло маълумот ҷамъоварӣ карда истодаем ва имрӯз дар сомонаамон дар бораи хатсайрҳо хабар нашр мекунем”, — изҳор доштанд дар ВКХ.

Ёдрас мекунем, ки то 15 сентябр аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 50 парвози чартерӣ анҷом дода шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular