Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЛукашенко марзашро бо ғарб бастанист

Лукашенко марзашро бо ғарб бастанист

Президенти феълии Беларус Александр Лукашенко, ки эътирофи қонунияти ӯро аз моҳи ноябри соли равон аз ҷониби Парлумони Аврупо рад карда шуд, як рӯз қабл дар бораи баста шудани марзҳо бо Литва ва Лаҳистон хабари ҳангомаангезро эълон кард. Аммо, марзбонон мегӯянд, ки марз боз аст.
Инак Беларус марзи худро бо Ғарб мебандад., зеро ба андешаи Лукашенко, таҳдиди қудрати ӯ аз он ҷо сар мезанад. Чанд соат қабл аз суханронии Лукашенко дар Минск, Брюссел қатъномаеро тасвиб кард, ки хостори муҷозоти шадид алайҳи намояндаагони мақомоти Белорус буд. Парлумони Аврупо интихоботи президентии дар Белорус баргузоршударо тақаллубӣ хонда, эътирофи Лукашенкоро ҳамчун президент рад кард. Мӯҳлати президентии Лукашенко рӯзи 5 ноябр ба поён мерасад.
Дар боби бастани марз бо ғарб бошад, сардори Хадамоти давлатии марзбонии Литва Рустам Любаев ба Tut.by гуфт, ки ҳаракати нақлиёт байни Литва ва Беларус дар ҳамон режим идома дорад, ҳеҷ иттилое дар бораи тағирот ё маҳдудиятҳои эҳтимолии ҷониби Беларус ба даст наомадааст. Баъдтар Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон низ гуфт, ки марз бо Беларус баста нашудааст.
Роҳбари Ассотсиатсияи Миллии Нақлиётчиёни Линаваи Литва Ромас Остинскас шарҳ дод, ки марзбонони Беларус ду рӯз аст, ки мошинҳоро бодиққат месанҷанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular