Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТафсилоти латукӯби ду корманди сафорат дар Маскав

Тафсилоти латукӯби ду корманди сафорат дар Маскав

Тафсилоти латукуби ду корманди бахши қабули шаҳрвандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав расонаӣ шуд. Тавре торнамои РЕН ТВ хабар медиҳад, ҳодиса дар ҳудуди ин намояндагии дипломатӣ рух додааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав то кунун ин ҳодисаро расман шарҳ надодааст. 

Дар ҳамин ҳол хабаргузории Азия Плюс менависад, ки дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ масъулони сафорат ин хабарро на таъйид карданд ва на рад.

Вале як манбаъи наздик ба доираҳои Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки ин ду кормандро барои муносибати дағалона лату кӯб кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ шахсони гумонбар дар ин кор зодагони Вилояти мухтори куҳистони Бадахшони Тоҷикистон будаанд, ки далели ин корро дар вақти пурсиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муносибати ғайриҳирфавии  масъулони қабули шаҳрвандони сафорат гуфтаанд.

Онҳо гуфтаанд, ки пештар барои номнавис шудан дар рӯйхати шаҳрвандоне, ки ба кишвар бармегарданд муроҷиат кардаанд, ки аз чор нафар се нафарашон билет дарёфт кардаанду як нафарашон не.

РЕН ТВ аз қавли як манбааш хабар медиҳад,  ки вақте кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ба ҷойи ҳодиса омадаанд, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро ба ҳайси гумонбар дастгир кардаанд.

Ин торнамо навиштааст, ки дар натиҷаи ҳамла бинӣ ва ангушти дасти рости яке аз ҷабрдидагон шикастааст, ки ӯро ба бемористон бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаъи “Азия-Плюс” аз рӯйи ин ҳодиса шуъбаи  пулиси  Пресненскии Маскав парванда боз кардаву гумонбаронро пурсуҷӯ кардааст. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular