Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИвази чанд сафири Тоҷикистон дар хориҷ

Ивази чанд сафири Тоҷикистон дар хориҷ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 сентябр Шарофиддин Имомро ба сабаби ба нафақа баромадан аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Афғонистон озод ва Саъдӣ Шарифиро сафири нав дар Кобул таъйин кард.

Ҳамин тавр, Файзулло Холбобоев «ба сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Украина сабукдӯш шуда, ба ҷои Давлаталӣ Назризодаро таъйин кард. Давлаталӣ Назризода то кунун консули Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия буд.

Бо фармони президент ҳамчунин Султон Раҳимзода «ба сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон барканор карда шуда, ба ҷои ӯ акнун дар Деҳлӣ Душанберо Луқмон Бобокалонзода намояндагӣ хоҳад кард. Бо қарори Президенти Фонди байналмиллалии наҷоти Арал —  Эмомалӣ Раҳмон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъин шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 сентябр ҳамчунин полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевичро сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллӣ таъин кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular