Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» ба истифода дода шуд. Ин корхона ба «Авесто Гурӯҳ» мутаалиқ аст, ки тибқи иттилоъи манобеъи Паём 70%-и саҳмаш ба Рустами Эмомалӣ таъаллуқ дорад.
Бояд гуфт, ки хати истеҳсолӣ, ки дар он 43 номгӯй таҷҳизот ва 129 комплекти мол ва ашё пешбинӣ карда шудааст, асосан аз кишварҳои Ӯзбекистон, Русия, Корея ва Чин таҳвил ва насб карда шудааст.
Дар доираи мувофиқаи шарикони тиҷоратӣ раванди истеҳсолот дар ду марҳила интихоб гардида, дар марҳилаи якум истеҳсоли ду намуди чангкашак ва чор намуди обгармкунак, дар марҳилаи дуюми истеҳсолӣ телевизор ва мошинаи либосшӯӣ истеҳсол карда мешавад. Алҳол марҳилаи якуми хати истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, чангкашак ва обгармкунак истеҳсол мегарданд.
Ба гуфтаи масъулини корхона, маҳсулоти истеҳсолшаванда дорои муҳлати кафолати 3-сола мебошад, ки барои харидор ва истифодабаранда муфид арзёбӣ мегардад. Шумораи умумии кормандони корхонаи муштараки «Артел Авесто Электроникс» дар ду марҳила беш аз 100 нафарро ташкил дода, музди маоши миёна 1500 сомониро ташкил хоҳад дод. Ҳамзамон 9 нафар кормандони корхонаи муштарак соли 2019 зарфи як моҳ дар шаҳри Тошканд ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуда, бо тартиби идоракунии техника ва таҷҳизоти хати истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки ашёи хом шинос гардиданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

