Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШурӯъи интиқоли қудрат дар Амрико

Шурӯъи интиқоли қудрат дар Амрико

Идораи Хадамоти умумии Амрико рӯзи душанбе бо фиристодани номае ба Ҷо Байден,  ӯро президенти мунтахаби ИМА эълон кард ва хабар дод, ки ҳукумати Доналд Трамп омода аст, то раванди интиқоли қудратро ба таври расмӣ оғоз кунад.

Шабакаи телевизионии CNN, ки ба ин нома даст ёфтааст, дар гузорише гуфт, ин нома аввалин қадами ҳукумати Амрико барои иқрор ба шикасти Доналд Трамп дар интихоботи президентӣ аст.

Эмилай Мурфи, раиси Идораи хадамоти умумии Амрико таъкид кардааст, ки Кохи Сафед ҳеҷ фишоре ба ӯ барои таъхир дар раванди интиқоли расмии қудрат наовардааст ва ӯ бар асоси тарс ё ҷонибдорӣ аз касе тасмим намегирад. Хонум Мурфи дар номаи худ навиштааст, ки ӯ «ба мустақилона ва бар асоси далелҳои мавҷуд ва қонунҳо тасмим гирифтааст».

Чанд соат пас аз нашри ин нома, Доналд Трамп низ дар паёми твиттерӣ онро таъйид кард ва таъкид кардааст, ки бо вуҷуди ин нома, ба шикоятҳои интихоботии худ идома медиҳад. Трамп то кунун пирузии Ҷо Байден дар интихоботи президентиро ба расмият нашнохтааст ва бе ҳеҷ далелу санад, рақиби худро ба тақаллуб муттаҳам кардааст.

Таъхир дар раванди оғози интиқоли қудрат, интиқоди сахти демократҳо ва Байденро дар пай дошт. Онҳо таъкид доранд, ки ин масъала ба муборизаи ҳукумати ояндаи Амрико бо бӯҳрони коронавирус таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular