Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоПосухи писари Зайд Саидов ба иттиҳомҳо алайҳи падараш

Посухи писари Зайд Саидов ба иттиҳомҳо алайҳи падараш

Посух ба мусоҳибаи Абдукарим Шерзод бо намояндаи ширкати «Група Восток» Пайшанбе Алиназаров дар мавриди   мақолаҳои «Тиҷорати фиреб» дар рўзномаи «Тоҷикистон»  ва «Рафтори Зайд обрўи соҳибкоронро резонд» дар рўзномаи «Имрўз News»
Рўзноманигор Абдукарим Шерзод ҳангоми форуми байналмиллалии «Соҳибкор-2016» дар шаҳри Душанбе бо намояндаи ширкати «Група Восток» Пайшанбе Алиназаров мусоҳиба ороста, дар рўзномаи «Тоҷикистон» таҳти мақолаи «Тиҷорати фиреб» ва дар  рўзномаи «Имрўз News» бо мақолаи «Рафтори Зайд обрўи соҳибкоронро резонд»-ро, чоп намудааст. Мусоҳиб дар хусуси мавзўи соҳибкорӣ якчанд ҷумла гуфтаасту боқии суханашро атрофи «ҷабрдидаи бечора» соҳибкори қазоқ Окушев Серикбол изҳор доштааст.  Ин соҳибкори ба қавли намояндааш соҳибэътибори қазоқистонӣ гўё маҳз  тавассути миёнаравии Зайд Саидов  миллионҳо доллар зарар дида, муфлис шудаасту барои мавқеву  эътибораш дар назди дигар  соҳибкорони қазоқистонӣ аз ин роҳи пешгирифтааш пас нагаштааст ва дар он муддат ба ягон мақомот муроҷиат накарда, гўё  интизор доштааст, ки рўзе Зайд Саидов иқдоми таъсиси ҳизб мекунад ва барои ин амалаш ӯро боздошт мекунанду ин соҳибкори бечораи муфлисшудаи қазоқистонӣ аз фурсати муносиб истифода карда, барои зарарҳои расонидаи Зайд Саидов ба тиҷорати ӯ, ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекунад.
Ҳанўз аз мусоҳибаи матбуотии Окушев С. дар бораи он ки ӯ намехоҳад гўё пулҳои додаашро аз Саидов З.Ш. гардонад, мехоҳад ба ӯ ҷазо дода шавад, барои инсони соҳибақл маълум буд, ки ин ҳама сохтакорӣ аст ва маблағ барои каси дигар лозим аст. Магар мешавад, ки як соҳибкор ин қадар маблағро аз даст дода бошаду талабу тақозояш дигар чӣ бошад.

Оё иддаоҳои мўҳтарам Пайшанбе Алиназаров ягон асоси воқеъӣ доранд? Хуб, таҷрибаи хеле олӣ аввал барои ҳукм гирифтани Зайд Саидов  бофтаҳои мақомотро тасдиқ карданд, ки ман маблағамро намехоҳам, мехоҳам Зайд Саидов ҷазо гирад ва ҳамин тавр ҳам шуд, Зайд Саидов ҳукм гирифт ва имрўз бошад, намояндаи Окушев  иддао пеш меорад, ки соҳибкори қазоқ  10 миллион доллар ба ғайр аз маблағҳои рафту омад ва зарари маънавӣ зарар дидааст.

Дар мусоҳибаи худ Пайшанбе Алиназаров қайд мекунад, ки  Зайд Саидов  ҳамроҳи Далер Бобоев моҳи декабри соли 2006 ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон рафта, бо роҳбарияти бонки «Туран Алем» вохӯрдааст. Зайд Саидов  низ ин сафарашро инкор намекунад ва дар мурофиаҳои судӣ  чандин маротиб иброз дошт, ки дар ҳақиқат бо роҳбарияти бонки «Туран Алем» бо хоҳиши бевоситаи Окушев мулоқот намудам. Ва Зайд Саидов дар мурофиаҳои судӣ борҳо пофишорӣ намуд, ки ҳузури роҳбарияти бонки «Туран Алем»-ро таъмин намоед ва вохӯрии рў ба рў доир намоед, ки ман ҳангоми вохӯриам дар кадом мавзўъҳо сўҳбат кардам ва ҳақиқати ҳолро ошкор созед. Мутаассифона, ин талаби Зайд Саидов  қонеъ карда нашуд, зеро иддаоҳои чӣ Окушев ва чӣ намояндаи ӯ Пайшанбе Алиназаров ягон асоси воқеъӣ надоранд. Ҳатто ҳузури худи Пайшанбе Алиназаровро низ ба мурофиа  чандин маротиб хоҳиш намуданд.  Ҳангоми баррасии парвандаи мазкур дар зинаи судӣ аз тарафи колегияи судӣ оиди парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Алиназаров Пайшанбе чандин маротиба барои додани нишондод даъват карда шуда буду, бо ҳар баҳона аз ҳозир шудан ба мурофиаи судӣ саркашӣ мекард. Ҳатто маҳз бо айби Алиназаров П. муҳокимаи судӣ чандин маротиба ба таваққуф гузошта шуда буд.(Оиди ин ҳолат протоколҳои судӣ ҷой доранд) Новобаста ба ҳамаи кўшишхо дар баррасии судии ин парванда ин нафар иштирок накард. Асоси иштирок накарданаш дар он буд, ки дар он ҷо ҳолатҳое ҷой доштанд, ки маҳз бо миёнравӣ ва иштироки Алиназаров П. амалӣ шуда буданд. Аз он ҷумла ҳолати хариду фурӯши саҳмияҳои ҶСП «Тоҷикатлас» ва гум шудани 500 ҳазор доллари америкоӣ  ҳангоми ин хариду фурӯш бо иштироки маҳз Алиназаров П. ва шаҳрванди Эрон бо номи Улангиён (аз дўстони Окушев).

 Додгоҳ ҷои мўйро аз хамир ҷудо кардан аст ва ҳама паҳлӯҳои масъаларо таҳлилу баррасӣ мекунад, вале ин нафаре, ки ба қавли худаш аз тамоми доду гирифтҳои байни Окушев ва Зайд Саидов бохабар барои нишондод додан нарафтааст ва имрўз бошад бе ягон асоси воқеъӣ атрофи қазияи Зайд Саидов ва Окушев сўҳбат мекунад.   
Вобаста ба ин зарур донистам ин ҷо барои мўҳтарам Пайшанбе Алиназаров аз матни баромади Зайд Саидов  оиди парвандаи мазкур иқтибос биёрам. Зеро матни мазкур ба ҳама паҳлӯҳои  мақолаҳои мазкур посухи дақиқ бо факту далел аст, ки дар додгоҳ бо ҳузури шоҳидону ҷабрдидаҳо ва шахсони салоҳиятдор баррасӣ ва ҳаллу фасл шудаанд. Ин буд, ки дар парвандаи зикршуда  додгоҳ ба хотири «Тақозои замон» ба фоидаи Окушев  400 000 ҳазор доллари амрикоӣ ҳал намуд. Мутаассифона, он нафаре, ки барои нишондод додан ба парвандаи мазкур ба додгоҳ даъват мешавад, аммо аз нишондод додан канора меҷўяд имрўз бошад, роҳат мусоҳиба мекунад, боз ҳам оиди ин парванда ва сафсатаҳое пеш меораду иддао мекунад, ки Окушевро  Зайд Саидов фиреб дод ва  миллионҳо доллар зарар дид, ё  «Рафтори Зайд Саид обрўи соҳибкоронро резонд».  (Гумон мекунам,  ки мақола агар чунин номгузорӣ мешуд «Аз мусибати ба сари Зайд Саидов омада дили соҳибкорон монд» хеле ба ҳақиқат  наздик мешуд) Ва ба интишори ин гуна мақолаҳои фармоишӣ гумон мекунад, ки обрў ва иззату шарафи Зайд Саидовро паст мекунад. Хатто кардааст, балки фаромўш накунанд, ки изату обрўро Парвардигор медиҳад ва агар сад чӣ, ҳазор аз ин мақолаҳои таҳқиромезу фармоишӣ аз забони Пайшанбе Алиназаров ё каси дигар ба нашр расад ҳам, заррае обрўву иззати Зайд Саидов коста намекунанд, зеро бузурге фармуда:

Санги бадгавҳар агар косаи заррин бишкаст,

Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.

«Мақомоти тафтишот нисбатам бо моддаи 319 қисми 4 дар асоси аризаи Окушев С. айб эълон намуд, ки дар солҳои вазириам бо Окушев С., ки ӯро Бобоев Д. бо ман шинос карда буд вохӯрдам ва дар бораи додани иҷозатнома ба кони «Чоре» 1,5 миллион доллари амрикоӣ талаб намудам. Окушев С. ба Қазоқистон рафта аз «Туран Олим бонк» мактуби кафолатӣ барои маблағгузорӣ ба кони «Чоре» овардааст. Дар асоси аризаи Окушев С. ва айбдоркунӣ гўё ман баъди гирифтани мактуби кафолатӣ ҳамроҳи Бобоев Д. дар моҳи январ-феврали соли 2006, ки Вазири саноат будам барои гирифтани пора (пул) ба шаҳри Алмаато рафтам, бо намояндагони бонк вохӯрда дар њамон сафар бо худ 700 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ба самти Москваи Федератсияи Русия парвоз кардам. Баъдан моҳҳои апрели соли 2006, гўё Окушев С. 500 ҳазор доллари амрикоиро ба намояндаам дар шаҳри Алмаато додааст. Гўё боқимондаи маблағ дар ҳаҷми 300 ҳазор доллари амрикоии дигарро моҳҳои май – июни соли 2006 Окушев С. дар иштироки Бобоев Д. дар бинои Вазорати саноат дар дафтари кориам додааст. Гўё аз сабаби оне, ки ман ба Окушев С. иҷозатномаи кони «Чоре»-ро гирифта натавонистам ба ӯ ҳамчун гарав (залог) дар соли 2006, ки вазир будам ҳуҷҷатҳои корхонаи «Тоҷикатлас» ва баъдан худи корхонаро додам.

Ин ҳама дурўғу сохтакории қабеҳи тафтишот, ки ғайр аз сафсатанависӣ чизе набуд, дар мурофиаи судӣ бо ҳуҷҷату далел ошкор шуд, аз он ҷумла:

  1. Ҳеҷ гуна сафар дар давраи вазириам моҳҳои январ – феврали соли 2006 ба шаҳри Алмаато надоштам, балки сафарам 12 декабри соли 2006 аст, ки 30 ноябри соли 2006 аз вазифаи вазирӣ рафта, дигар як соҳибкор будам. Тафтишот фурудгоҳи шаҳри Душанберо аз додани ҳама гуна маълумот оиди парвози ман ба вакилони ҳимояам манъ карданд, аммо вакилони ҳимояам бо дастрас кардани маълумоти расмӣ аз фурудгоҳи шаҳри Алмаато дурўғу сохтакориҳои тафтишотро фош намуданд, ки сафари ман танҳо ба 12 декабри соли 2006 рост меояд.

2.Тафтишот бандаро айбдор мекард, ки гўё Ҷӯраев Н. ҳуҷҷатҳои «Тоҷикатлас»-ро ба хеши ба тафтишот номаълуми банда ҳанўз дар давраи вазириам моҳҳои март-апрели соли 2006 додааст, ман бошам ҳуҷҷатҳои «Тоҷикатлас»-ро ҳамчун гарав ба ивази 1 500 000 доллари амрикоӣ (дар давраи вазириам нимаҳои соли 2006) пора гирифтаам, ки гўё иҷозатнома гирифта натавонистам, ба Окушев С. додам. Вале дар мурофиаи судӣ аз нишондодҳои Ҷураев Н. ва Саидов А. (ронандаи Ҷураев Н.) соҳибмулки «Тоҷикатлас» баръало ошкор шуда буд, ки ҳуҷҷатҳои «Тоҷикатлас»-ро Ҷӯраев Н. ба чашм надидааст ва ба касе надодааст. Саидов А. соҳибмулк бошад, нишондод дод, ки ҳуҷҷатҳои корхонаро то фурӯши корхонаи «Тоҷикатлас» 21-26 декабри соли 2006, ки қариб як моҳ баъд аз вазифаи вазирӣ рафтани ман буд, ба касе надодааст ва ҳуҷҷатњо доимо дар дасташ будааст. Аввалан, ки ман ба шаҳри Алмаато дар давраи вазириам соли 2006 сафар накардаам, дуввум ҳуҷҷатҳои корхонаро ба гуфти худи Н.Ҷӯраев ва ронандааш Саидов А. то 21-26 декабри соли 2006, яъне то фурӯши корхона ба касе надодаанд, пас, чигуна ман ба шаҳри Алмаато нарафта бошаму пора нагирифта бошам, ҳуҷҷатҳоро Ҷӯраеву Саидов А.ба касе надода бошанд он ҳуҷҷатҳоро ҳамчун гарав ба Окушев С. медодам?

3.Агар ҳуҷҷатҳои «Тоҷикатлас»-ро, ки он дар дасти соҳибаш Саидов А. будааст фарзан бо кадом роҳе ман ба Окушев С. гўё ба ҷои пули гирифта ҳамчун гарав миёнаҳои соли 2006 дода бошам, чигуна он ҳуҷҷатҳо ба соҳибаш Саидов А. баргашту онро ба Раҳимов Д. 21-26 декабри соли 2006 фурӯхт, дар сурате ки Окушев С. он ҳуҷҷатҳоро ба ивази гўё пулҳояш гирифта буд.

4.Тафтишот ва Окушев С. бо дурўғу сохтакорӣ иддао доштанд, ки гўё ман баъди гирифтани мактуби кафолатӣ аз банк пас, ба шаҳри Алмаато сафар кардам, аммо дар парванда ва суд аз мактуби «Туран Олим бонк» ба унвони Ҳукумати Ҷумњурӣ маълум гардид, ки мактуб аз 28 декабри соли 2006 аст, яъне баъд аз як моҳи аз вазифаи Вазирӣ озод шудану 16 рўз баъди сафарам ба шаҳри Алмаато дар давраи Вазорати нави энергетика ва саноат будааст.

  1. Ҳамчунин дар парванда ягон ҳуҷҷате, ки бо имзои ман ё ягон иқдому ташаббусам барои иҷозатномадиҳӣ бошад мавҷуд нест. Чунки дар замони Вазирии ман мақомоти дахлдор барои иҷозатномадиҳӣ Саридораи геологияи тоҷик буд.

6.Тамоми ҳуҷҷатсозӣ оиди гирифтани иҷозатнома ба кони «Чоре» ба давраи Вазири нави энергетика ва саноат рост меояд, ки ҳуқуқи пешниҳоди иҷозатномадиҳиро аз Саридораи Геологияи Тоҷик гирифта буд, ки дар парванда мавҷуд аст.

  1. Дар бораи он ки ман Саидов З.Ш. баъди аз вазифаи вазирӣ озод шудан ба ягон кори иҷозатномагирии Окушеву Бобоев ягон муносибат доштам Окушев С., Бобоев Д., ва тафтишот ягон сухан нагуфтаанд. Баръакс аз Бобоев Д. ва Окушев С. дар рафти мурофиаи судӣ суол кардам, ки ман баъд аз вазифа рафтан низ бо ягон кори иҷозатномагирии Шумо муносибат доштам, ҷавоб доданд, ки не надоштед.

Дар суд сафсатаву дурўғҳои қабеҳи тафтишот, ки гўё Саидов мактуби кафолатиро гирифта дар моҳи январ-феврали соли 2006 ба шаҳри Алмаато рафта, 700 ҳазор доллари амрикоиро бо худ гирифта ба шаҳри Москваи Федератсияи Руссия парвоз кардааст бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои расмӣ аз парвози банда ва Бобоев Д. ошкор шуд.

  1. Мактуби кафолатӣ аз номи “Туран Олим бонк”-и Қазоҷистон аз 28 декабри соли 2006 ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурӣ ирсол шудааст, ки баъди як моҳи аз вазифа озод шудану 16 рўз баъд аз сафарам ба шаҳри Алмаато аст. Ҳол он ки тафтишот айб эълон кардааст, ки сафари банда баъд аз гирифтани мактуби кафолатӣ будааст.

2.Сафаре, ки 12 декабри соли 2006, ба шаҳри Алмаато доштам дигар Вазир набудам, баъдан ягон одами солим бо худ 700 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ду сарҳадро гузашта намебарад ва бурда наметавонад. Баъдан банда бо сабабњои маълум, ки дар протезам оҳан асту он дар гузашти гумруку сарҳад сахт садо мекунад, комилан худ ва борҷомаам мавриди санҷиши махсус қарор мегирам.

  1. Бо дархости вакилони ҳимояам мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Қазоқистон парванда оғоз намуда, онро мавриди тафтиш қарор додаанд. Дар мактуби худ ба унвони вакилонам хабар доданд, ки парвандаи ҷиноӣ аз сабаби ҷой надоштани гузаронидани пул аз ҷониби Саидов З.Ш. аз сарҳади Ҷумҳурии Қазоқистон бо таври расмиву ғайрирасмӣ қатъ карда шуд.

Тафтишот бандаро ба ғайр аз гирифтани 700 ҳазор доллари амрикоӣ дар моҳҳои январ – феврали соли 2006 боз барои 500 ҳазор доллари амрикоӣ дар моҳи апрел – майи ҳамон сол гўё ба шиноси ба тафтишоту Окушев С. номаълуми ман дар шаҳри Алмаато додаст ва 300 ҳазор доллари амрикоӣ дар моҳи июни соли 2006 дар бинои Вазорати саноат маҷмӯъан як миллиону панҷсад ҳазор доллари амрикоӣ айбдор мекард.

Дурўғу сохтакориҳои тафтишот ва ба ном шоҳидону ҷабрдидаашро дар ин ҳама сафсатаҳояш набудани сафари банда дар моҳҳои январ-феврали соли 2006, ки Вазир будам, ошкору шармсор намуд.

Баъди ошкор шудани ин ҳама сохтакорӣ айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи судӣ аз Бобоев Д. суол кард, ки маълум мешавад, ки дар моҳи январ – феврали соли 2006 ба шаҳри Алмаато бо Саидов З.Ш. сафар надоштед ва танҳо 12 декабри соли 2006 сафар кардед, ки аллакай Саидов З.Ш. вазир набуд, пас, чигуна Шумо 300 ҳазор доллари амрикоиро дар моҳи июни соли 2007 дар дафтари кори Саидов З.Ш. бинои Вазорати саноат додед, ки аллакай 6-7 моҳ пеш аз Вазорати саноат рафта буд? Ҷавоб шармсорӣ ва сукут буд.

Аз сабаби набудани сафар дар моҳи январ-феврали соли 2006 аризаи Окушеву айбдоркунии тафтишот, ки гўё Саидов як миллиону панҷсад ҳазор доллари амрикоиро гирифта иҷозатнома гирифта натавониста ба ивази маблағҳои гирифтааш корхонаи «Тоҷикатлас»-ро ҳамчун гарав ба Окушев С. додаст дар суд сохтакориву дурўғҳои тафтишот ошкор гардид, ки ҳеҷ гуна гарав шуда наметавонист, чунки сафар набуд ва агар ҳуҷҷатро Окушев С. ҳамчун гарав мегирифт, чигуна пулашро нагирифта, онро ба соҳибаш Саидов А. бармегардонд, ҳатто баъд аз Вазириам дар моҳи декабри соли 2006 ҳам ҳисоб карда шавад Окушев аллакай 4.04.с.2007 55% саҳмияҳои корхонаи «Тоҷикатлас»-ро харида буд. Бобоев Д. низ дар аввалин баёноти худ, ки дар парванда мавҷуд аст возеҳу равшан нишондод додаст, ки Окушев бо Ў 55% саҳмияҳои корхонаи «Тоҷикатлас»-ро аз Раҳимов Д. харидаанд ва ҳеҷ гуна сухан дар бораи гарав набуд ва он нишондодҳои дар тафтишот додаашро чанд бор дар мурофиаи судӣ ҳатто дар иштироки Окушев С. низ тасдиқ намуд, ки дигар ҳеҷ далел барои иловагӣ сафед кардани банда боқӣ намонда буд. Аммо барои супоришгарону коргардонҳо на танҳо аз озодӣ маҳрум кардану ба қаллобӣ гунаҳкор кардани ман зарур буд, балки боз маблағҳои калон низ лозим буд ва он иштињову нафси саркаш дар лаҳзаи Хиеп В.Х. бо 5-6 миллион сомонӣ расид. Чунки Окушев С. он маблағе, ки ба ӯ тааллуқ надорад ва аз маҳкумияти золимонаи банда рўёнда мешавад, намегирад ва дар зиндагиаш харҷ нахоҳад кард. Зеро дар муноқишаи моливу пулие, ки бо ҳамкораш Бобоев Д. дошт пайваста мегуфт, ки пули дигар кас ба ӯ лозим нест ва ҳаминро дар матбуот ҳам гуфта будааст, ки аз Саидов З.Ш. пул намехоҳад. Аз сабаби он ки он рўзҳо суд ба як коргузори Агентии коррупсия табдил шуда буд, бо ин ҳама сохтакориву дурўғ нигоҳ накарда, бандаро ба моддаи 247 қисми 4 бо рўёндани 400 000 доллари амрикоӣ мањкум ба зиндон кард».

Хуб мебуд, минбаъд мўҳтарам Пайшанбе Алиназаров ҳангоми додани мусоҳиба ба факту рақамҳо ва далелҳо оиди ин парванда, ки бевосита дар мурофиаҳо баррасӣ гардида буданд такя мекард ва ҳар он чӣ ки лоиқи чоп медонад, ақалан каме ба ҳақиқат наздикаш мекард.

Ин ба ном соҳибкор, ё намояндаи Окушев Пайшанбе Алиназаров бошад, доим паи талаву тороҷи амволи Зайд Саидов ва хонаводаву фарзандонаш талош дорад. Агар не, маҳз бо ҳузури ӯ судяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҳафиззода Темур бе иштироки ҷониби Зайд Саидов мурофиа мегузаронад ва дар ҳукмномаву санадҳои баровардаашон айнан ҳамин иддаоҳои овардаи мўҳтарам Алиназаров Пайшанбе ҷой дода шудаанд. Яъне он чи ки Суди Олӣ дар доираи «Тақозои замон» ба фоидаи Окушев С. чорсад ҳазор доллари ИМА ҳукм бароварда буд, ин гурўҳро қонеъ накардааст. Ва гўё хеле зарур донистаанд, ки бе ҳузури ҷониби Зайд Саидов ба ном мурофиаҳо мегузаронанду молу амволи хонаводаву фарзандони Зайд Саидовро барои мусодирааш ҳукм мебароранд ва боз нашармида иброз медоранд, ки Зайд Саидовро се маротиб ба мурофиа даъват кардем ҳозир нашуд ва мо мурофиа гузаронида барои мусодираи амволи хонаводаву фарзандонаш ҳукм баровардем.

Баъди мутолиаи ин мусоҳиба ба хулосае омадан мумкин аст, ки бо ба ном мурофиаҳо Судя Ҳафиззода Темур бо Пайшанбе Алиназаров ва гурўҳи манфиатҷў танҳо ва танҳо нақшаи ба даст овардани молу амволи хонаводаву фарзандони Зайд Саидовро дар сар кашидаанд ва судяааш гўё бо риоя кардани қонун ҳукм мебарорад ва ин сухангўяшон Пайшанбе Алиназаров бошад, бо иддаоҳои сохта тариқи матбуот ҷор мезанад, ки Зайд Саидов Окушевро фиреб дод, яъне мехоҳанд мардумро бовар кунонанд, ки мусодираҳои молу амволи худи Зайд Саидов ва хонаводаву фарзандонаш ҳама қонунианд ва ҳамаро барои зарарҳои ба Окушев расонида мусодира мекунем. Вале дар мурофиаҳои чандинмоҳаи Суди Олӣ бошад, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба Зайд Саидов ҳукми сангин баровард ва ин парванда дар доираи қонун дар ду давра баррасӣ ва ҳаллу фасл шуд, ин иддаоҳои сохтаву бардурўғро ҳатто аз забони ҳамон ҷабрдидаи бечораи ба ном Окушев, ки имрўз намояндааш овоз баланд кардааст набуд. Ва чаро ин Пайшанбе Алиназаров ҳамон вақт даъвати додгоҳро напазируфт ва дар мурофиаҳо иштирок накард саволест, ки посухаш дурўғу сохтакорӣ будани иддаоҳои мусоҳибаашро тасдиқ мекунад.

Ҷои тааҷҷубовари ин мусоҳиба ин аст, ки ба қавли Пайшанбе Алиназаров Окушев С. аз нахустин тоҷирони қазоқистонӣ будааст, ки дар солҳои муҳосираи иқтисодии кишвар ба Тоҷикистон маводи хўрокаи ниёзи аввал ворид мекардааст, яъне таҷрибааш дар соҳаи тиҷорату соҳибкорӣ хеле бузург ва шояд бо мақомоти Тоҷикистон ошноии наздик доштааст. Зеро бидуни надоштани робитаҳои наздик бо мақомоти кишвари бегона боварӣ ва кафолати тиҷорат ғайриимкон аст. Пас, чигуна Зайд Саидов тавонистааст, ўро дар давраи солҳои 2006-2013 фиреб диҳад ва аз қавли намояндааш, маблағҳои ӯро кашида бо ҳар баҳона аз они худ кунад, ки Окушев аз ин муносибатҳои ноҳақона хеле нороҳат мешудаасту бо вуҷуди ҳамаи ин ба ягон маҷом муроҷиъат накардааст, яъне аз соли шиносоӣ 2005 то моҳи майи соли 2013 нисбати ин муносибати бераҳмона ба ягон мақомот муроҷиат накардааст. Ин фосилаи хеле тўлонӣ аст ва оё имкон дорад, ки як соҳибкори соҳибтаҷриба соҳибэътибор ба ин қадар муносибати ноҳақона тоқат кунад, худро дар азоб монад, аммо ҳақашро, ки қонун ин ичозатро ба ӯ медиҳад ба воситаи мақомот талаб накунад ва мунтазир нишинад, ки кай Зайд Саидовро боздошт мекунанду ӯ аз болояш шикоят меорад .

Шиносоии Зайд Саидов бо ин соҳибкори қазоқ дар соли охири вазифаи давлатиаш рост меояд ва баъдан то боздошташ як соҳибкор буд. Вақте Зайд Саидов низ як соҳибкор буд, яъне ягон вазифаи давлатӣ надошт, чаро агар ин Окушев С. барои ӯ шуда миллионҳо доллар зарар дида бошад ҷое шикоят накард. Агар ӯ ин қоидаву қонунҳои Тоҷикистонро намедонист пас, ин намояндаи мўҳтарамаш Пайшанбе Алиназаров, ки менеҷер-коршиноси молиявӣ буд ва иддао пеш меорад, ки аз тамоми доду гирифтҳои Окушев С. бо Зайд Саидов хуб огоҳ ҳаст ва фоидаву зарари тиҷорату сармоягузориро хеле хуб дарк мекард ва гўё Окушев С. аз амалҳои Зайд Саидов хеле нороҳат будааст, пас чаро маслиҳат надод, ки Окушев С дар ин муддат, яъне аз соли 2005 то соли 2013 ба мақомот муроҷиат кунад ва бо дахолати мақомоти дахлдор ҷуброни зарарҳоро Зайд Саидов пардохт кунад. Зеро ин суханҳои Пайшанбе Алиназаров ягон асоси воқеъӣ надоранд ва маҳз ин нафарон барои гунаҳкор кардани Зайд Саидов бофтаҳои мақомотро тасдиқ карда барои муфт ба даст овардани молу амволи Зайд Саидов аз чизе намеҳаросанд. Ҳатто иброз медоранд, ки «дар сурати пурра ҷуброн намудани ҳақ ва қарзи Окушев фарзандон ва пайвандони Зайд Саидов натанҳо бесарпаноҳ, балки то охири умр қарздор хоҳанд монд».

Бо овардани ин ҳарфҳо ин тоифа бори дигар исбот карданд, ки дар зери номи соҳибкори қазоқ Окушев С. бо иддаоҳои бардурўғу сохта роҳат ба луқмаи тайёр соҳиб мешаванд ва барои онҳо аҳамияте надорад, хонаводаву фарзандони Зайд Саидов, ки дар кўча мемонанд ё овораву саргардон мегарданд, муҳим нафси бузургашон қонеъ шавад ва гўё нақшаи ниҳоиашонро барои ба ин мусибат гирифтор кардани ин хонавода аз забони Пайшанбе Алиназаров ошкор сохтанд ё баъди он саволҳое, ки банда тариқи шабакаи иҷтимоӣ пурсида будам, ки чӣ мехоҳед аз ин хонавода мақсадатонро ошкор кунед ё ин қасос охир дорад ва дар ниҳоят бо ҳарфҳои Пайшанбе Алиназаров ба мо паём доданд, ки натанҳо шумо фарзандони Зайд Саидов бесарпаноҳ мемонед, балки як умр ғуломвор мегардед.

Илтимоси дуъо

Хайрулло Саидов

Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика