Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАсъор ва иқтисод 25.11.2020

Асъор ва иқтисод 25.11.2020

Нархи арз

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 25 ноябр эълон кардааст

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 15 сомониву 10 дирам нишон дода шудааст.

Қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13 сомониву 40 дирам  то 13 сомониву 60 дирам арзёбӣ шудааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11 сомониву 30  дирам то 11 сомониву 33 дирам  арзёбӣ кардааст. 

Нархи тилло

Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи  имрӯз  миёни бонкҳои Лондон  1811 доллару 48 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.

Нархи нафти хом

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 48 доллару 39 сент муъомила шуд.

Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 43 доллару 26 сент муомила шуд. 

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон сабабҳои афзоиши нархи маҳсулотро, ки дар моҳҳои ахир боис ба нигаронии сокинон шудааст, шарҳ дод.

Ҳоким Холиқзода рӯзи 25-уми ноябр дар порлумон гуфт, болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳҳои марту апрел ва октябри имсол мушоҳида шудааст.

Вай афзуд: «Нархи маҳсулот дар ин давра 5,6 дарсад афзоиш ёфт. Ба ин раванд асосан нархи орду биринҷ, шакар, равған, картошка, пиёз ва ғайра дохил мешаванд.»

Раиси Бонки Миллӣ иддао кард, ки ба болоравии нархҳо сабабҳои гуногун, «аз ҷумла, фишорҳои берунӣ дар пайи авҷ гирифтани бемории коронавирус, маҳдуд шудани ҳамлу нақл, кам гардидани баъзе аз маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ва ба таҳлука афтодани мардум таъсир расондааст.»

Соҳибкорон мегӯянд, сабаби болоравии якбораи нархҳо бинобар поин омадани қурби пули миллӣ дар баробари доллари амрикоӣ аст. Асъоре, ки воридот асосан бо он сурат мегирад.

Дар чанд моҳи ахир сокинон аз болоравии чашмраси нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, дар давраи пандемия даромадҳояшон кам шудааст, аммо арзиши маҳсулот, баръакс, боло рафтааст.

Дар пайи чунин нигарониҳо баъзе аз иқтисоддонҳо таъкид карданд, ки паҳншавии коронавирус пойбандии иқтисоди Тоҷикистонро аз хориҷа нишон дод ва бояд ба масъалаи тавлиди маҳсулоти ватанӣ таваҷҷӯҳи бештар шавад.

Тоҷикистон ният дорад, дар соли 2021 аз кишвару созмонҳои хориҷӣ, аз ҷумла барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», 562 миллион доллар қарз бигирад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар ин бора ҳафтаи гузашта дар назди вакилони Маҷлиси Намояндагон изҳори назар кард. Матни ҷаласаи порлумонро сомонаи расмии «Садои мардум» рӯзи 21-уми ноябр ба нашр расонд.

Бар замми ин миқдор қарзи давлатӣ, ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон 289 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт ба даст оварданист.

Ин дар ҳолест, ки қарзи берунии Тоҷикистон то 1-уми октябри имсол ба 3 миллиарду 700 миллион доллар расид, ки он ба 43,3 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП)-и кишвар баробар аст.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон давлат ва бонкҳои Чин аст, ки нисфе аз қарзи хориҷии кишвар ба он рост меояд. Зиёд шудани қарзҳои Чин мояи нигаронии фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шудааст, ки хавфи торафт вобаста шудани кишварро аз Чин афзун мекунад.

Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, аксари қарзҳое, ки давлат дар соли 2021 ба даст оварданист, барои таҷдид (бозсозӣ) ва рушди соҳаи энергетика харҷ хоҳанд шуд. .

Аз ҷумла, ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон соли оянда аз бонки швейтсарии Credit Suisse ва олмони Landesbank Baden барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» 340 миллион евро қарз гирифтанист.

Бо афзоиши қарзи хориҷӣ ҳамчунон хароҷоти буҷаи кишвар ҳам барои бозгардондани баҳра (фоиз) ва худи маблағи қарз сол аз сол меафзояд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон пойгоҳ (платформа)-и электрониеро боз намуд, ки ба анҷоми фосилавии расмиёти гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи саноат имкон медиҳад.

Дар Вазорати саноат қайд мекунанд, ки барномаи электронӣ барои саривақт иҷро намудани дастурҳои марбутаи ҳукумати кишвар дар доираи иқдомҳои дастгирии соҳибкорон таъсис дода шудааст.

Таъкид мешавад, ки бо роҳандозии пойгоҳи мазкур зарурати ба сохторҳои дахлдор шахсан рафтани аризадиҳанда аз байн рафта, он ба рафъи монеъаҳои сунъӣ мусоидат мекунад ва ба гирифтани иҷозатнома тавассути технологияи муосир бар асоси шаффоф ва сода имкон фароҳам меоварад.

Барномаи электронӣ аз номгӯи фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи саноат ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома иборат аст.

Дар барнома барои пардохти боҷи давлатӣ барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ тариқи низоми бонкӣ имкон дода мешавад.

Хоҳишмандони оғози кор дар соҳаи саноат барои дарёфти ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ бо суроғаи электронии  муроҷиат карда метавонанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular