Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!
انا لله و انا اليه راجعون
Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз хабари даргузашти махсуми Абдурозиқ Орзуев, падари Муҳаммадкарими Орзӯ, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ ғамгин буда, ҳамдардӣ ва таслияти худро баён мекунад.
Марҳум Махсуми Абдурозиқ як инсони наҷиб ва мубориз буд, ки дар солҳои ахир аз бемории дил ранҷ мекашид. Ӯ дар беҳтарин замону макон, яъне дар болои ҷойнамоз ва дар вақти намоз хондан ба дори ҷовидонӣ ва лиқои ҳақ пайваст.
Махсуми Абдурозиқ (82-сола) аз дустон ва пайравони устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ҲНИТ буда, дар солҳои душвор, яъне замони нооромиҳои 90-ум ва баъди он раҳбарии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Тоҷикободро бар душ дошт.
Марҳум ҳарчанд солҳои ахир аз маризии қалб ранҷ мекашид, аммо пас аз саркуби Ҳизби наҳзат, аз ҷумла зиндонӣ шудани адади бузурге аз масъулини ҳизб ва ҳиҷрати бархеи дигар вазъияташ рӯз то рӯз вахимтар гашт.
Раёсати Олии ҲНИТ даргузашти марҳум Махсуми Абдурозиқро ба Муҳаммадкарими Орзу, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҳизб ва аъзои хонаводаи муҳтарамаш таслият гуфта, барои онҳо сабри ҷамил ва барои марҳум омурзишу мағфиратро хоҳон аст.
Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод.
Раёсати Олии ҲНИТ
07.12.2016
Манбаъ:
Сухангӯи ҲНИТ