Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚатъи барқи аҳолӣ боиси баҳси додгоҳӣ шуд

Қатъи барқи аҳолӣ боиси баҳси додгоҳӣ шуд

Кумитаи зиддиинҳисории Узбекистон идораи таъминкунандаи барқи шаҳри Олмалиқи ин кишварро бинобар худсарона қатъ кардани интиқоли барқ ба шаҳрвандон  ба додгоҳ кашид.

Кумитаи зиддиинҳисорӣ мегӯяд, идораи таъминкунандаи барқ қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон»-ро вайрон кардааст. 

Ба иттилои манбаъ “тибқи моддаи 178 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ алайҳи Уразалиев Анварҷон Ҳайдаралиевич, сардори корхонаи таъминоти барқи шаҳри Олмалик, ҳисоботи маъмурӣ тартиб дода, ҳуҷҷатҳо ба суди маъмурии шаҳри Алмалик фиристода шуданд”.

Манбаъ менависад, инчунин, рӯзҳои 19-20 октябри соли ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук расонаӣ шуд, ки ҳуқуқи  истеъмолкунандагони ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд нақз шудааст. Идораи барқ ба хотири  қарзҳои мавҷуда аз нерӯи барқ интиқоли барқро хомӯш карда, ҳатто баъди супорида шудани қарз низ ҳамоно  интиқоли барқро барқарор накардааст. 

“Ба ҳамин хотир дар робита ба вайрон кардани талаботи қисми якуми моддаи 19 Қонун «Дар бораи ҳимояи истеъмолкунандагон» нисбати ҶСК «Шабакаҳои минтақавии барқии Тошканд» парванда боз шудааст”. — менависад манбаъ.

ҶСК «Шабакаҳои минтақавии барқии Тошканд» дар бораи иҷрои ин дастур фармони рақами 517 баровардааст, ки мувофиқи он қонуншиканӣ аз ҷониби роҳбарияти ширкатҳои таъминоти барқии шаҳру ноҳияҳо ва ҳамаи роҳбарон таҳқиқ карда шуд, то қонуншиканиҳои минбаъдаро пешгирӣ кунанд. огоҳ кард.

Тибқи иттилои манбаъ ҳамин тавр ҳафтаи гузашта 17 ҳазор истифодабарандаи барқ дар пойтахти Узбекистон бе барқ мондаанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular