Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаиси нави БМТ боварии мардум ба бонкҳоро баргардонданист

Раиси нави БМТ боварии мардум ба бонкҳоро баргардонданист

Ҳоким Холиқзода, раиси тозатаъини Бонки миллии Тоҷикистон гуфта, ки дигарбора эътимоди мардумро ба бонкҳо бармегардонанд ва қурби асъорро дар сатҳи муътадил нигоҳ медоранд. 

Холиқзода зимни як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ дар ҷавоб ба ин савол, ки сокинон дар баргардонидани қарзҳои гирифтаашон аз бонк мушкил мекашанд, гуфтааст, аҳолӣ аз бонкҳо 10 миллиарду 300 миллион  сомонӣ қарз доранд, ки нисбат ба соли гузашта 12 дарсад зиёд аст. Муҳлати пардохти беш аз 900 миллион сомонӣ қарзи аҳолиро дароз кардем ва ин гузашт вобаста ба таъсири пандемияи коронавирус аст.

Аммо, Холиқзода нагуфтааст, ки худи бонкҳо аз мардум чи қадар қарздор ҳастанду кай бармегардонанд.

Раиси тозатаъини Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ гуфтааст, мо ҳаракат мекунем, ки қурби асъорро дар ҳамин сатҳ нигоҳ дорем. Яке аз сабабҳои асосии болоравии қурби доллари амрикоӣ ва афзоиши талабот ба он, идомаи тавозуни манфии савдои кишвар, кам шудани пулҳои интиқолӣ, сармояи хориҷӣ ва кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular