Мирҳаёт Ёқубов, раиси мувақатии «Тоҷиксодиротбонк», қасди куштани Абдулмӯъмин Оев, сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори бонкро кардааст.
Тавре Оев мегўяд, ки ин ҳодиса як ҳафта қабл 8-уми август дар бинои “Тоҷиксодиротбонк” рух додаст.
Раиси мувақатии бонк кормандашро дар насб кардани «жучок», дастгоҳи махсуси сабти видиоӣ, ки ба таври пинҳонӣ дар ҳар як утоқи корӣ гузошта шудааст муттаҳам карда дар назди 10 нафар кормандони дигар аз гулўяш гирифта бар рўйи миз задаст.
Ҳоло Оев дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ буда, мегўяд, ки стресс бардоштааст ва аз амнияташ нигарон аст. Дар ин бора сомонаи Тоҷнюз хабар додааст.
Мегӯяд, рӯзи 8 августи соли равон Мирҳаёт Ёқубов, раҳбари муваққатии бонк ӯро буғӣ кардааст. Ин корнамоии Мирҳаёт Ёқубов, дар ҳолест ки як рўз баъд бояд, ки ҷаласаи ҷамъбастии санҷишу таҳллилии ин бонк доир гардаду раиси муваққатӣ аз тарафи Бонки Миллӣ раиси асосӣ боқӣ монад.
Наздикони Ёқубов мегўянд, ки ў кадри Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомали Раҳмон Президенти Тоҷикистон аст. Маҳз бо тағогии Нуралиев ба вазифаи раисии муваққатии «Тоҷиксодиротбонк» омад. Нуралиев бо командааш мехоҳад бо маҳдуд кардани портфели қарзи Бонки Миллӣ ба бонкҳои бузурги хусусии Тоҷикистон, онҳоро аз фазои бонкдорӣ пеш кунад ва бонкҳои худро равнақ диҳад. Аз ҷумла Ҷамъияти саҳомии Бонки қарзии хурди «Спитемнбонк» аз Нуралиев аст.
Видео аз Тоҷнюз аст