Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ки кормандонаш аз дасти як гурӯҳи гаравгонгир дар шаҳри Турсунзода ҷавони 17 солаеро озод намудаанд.
Ба навиштаи ин ниҳодӣ қудратӣ воқеа 6 уми декабри соли равон рух додааст. Афроди ҷинояткор аз падари ин ҷавон дар бадали озодии ҷигарбандаш ҳудуди 100 ҳазор доллари амрикоӣ дархост намудаанд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон таъкид намудаанд , ки дар натиҷаи амалиёти вижаи гурӯҳи зудамали ВКД ва КДАМ ҷавони ба гаравафтода озод гашта, яке аз гаравгонгирҳо дар ҷои воқеа ба ҳалокат расидааст. Се тани дигар дар робита ба ин воқеа боздошт ва ҳоло алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.
Таъкид шудааст, ки ин ҷавони 17 соларо дар роҳ ба мактаб ба гарав мегиранд. Гурӯҳи ҷинояткорон мошинро ба назди ӯ манъ карда, мегӯянд, ки дӯстони падараш ҳастанд ва ба мошин биншинад, то ба мактаб бирасонанд. Аммо ҷавонро на ба мактаб, балки ба вайронае дар канори шаҳр меоранд ва дасту пойҳояшро баста, даҳонашро бо скоч мепӯшонанд. Гаравгонгирҳо бо телефони мобилӣ ба падари ҷавон занг зада, барои раҳоии писараш дархости 100 ҳазор доллар мекунанд. Аммо ин мард ба мақомоти интизомӣ муроҷиат мекунад, ки дар натиҷа амалиёт бо озод гардидани ҷавон ва кушта шудани як нафар аз гаравгирону боздошти се тан аз онҳо ба анҷом мерасад.