Thursday, April 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Ӯзбекистон содироти автомобил 1,7 маротиба афзудаст

Дар Ӯзбекистон содироти автомобил 1,7 маротиба афзудаст

Тавре Кумитаи омори Узбекистон хабар додааст, дар даҳ моҳи соли равон ба хориҷа 13 310 мошин ба маблағи 127миллиону 200 ҳазор  доллар содирот шуд. Содироти автомобили сабукрав 50 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,8 дарсад зиёд аст.

Харидорони асосии мошинҳо Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ба шумор мераванд. Зимни ин, моҳҳои январ – октябр ба Ӯзбекистон аз хориҷа 22 228 автомобили сабукрав ба маблағи 392миллиону 800 ҳазор  доллар бо афзоиши 34,7 дар сад, инчунин, қисмҳои эҳтиётӣ ба миқдори 767миллиону300 ҳазор  доллар бо афзоиши 5,3 дар сад ворид шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular