Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЗамони пандемия ягон донишҷӯи хориҷӣ дар Русия ихроҷ нашудааст

Замони пандемия ягон донишҷӯи хориҷӣ дар Русия ихроҷ нашудааст

Вазорати маориф ва илми Русия мегӯяд, дар замони пандемия ягон донишҷӯйи хориҷӣ аз донишгоҳҳои ин кишвар ба далели ҳозир нашудан ба дарсҳо, хориҷ нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, то ҳол аз ҷониби донишҷӯёни хориҷӣ низ ягон шикоят дар мавриди хориҷ шудани онҳо, ворид нагардидааст.

Дар иттилоияи Вазорати маориф ва илми Русия гуфта шудааст, ки «Ҳамаи муассисаҳои олии таълимӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳо дар робита ба ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризии коронавирус, ба таҳсили фосилавӣ фиристода шуданд».

Вазорат инчунин итминон дода, ки ҳамаи донишҷӯёне, ки бинобар чораҳои маҳдудкунӣ ба Русия омада наметавонанд, ҷойҳои буҷетии онҳо нигоҳ дошта мешавад.

Инчунин хабар дода мешавад, ки Вазорати маориф ва илми Русия барои донишкадаҳои олӣ оид ба ташкили самараноки таълими фосилавӣ тавсияҳо таҳия кардааст.

Инчунин дар Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба донишҷӯён пешниҳод кард, ки то ба эътидол омадани вазъ муваққатан дар донишгоҳҳои маҳаллӣ таҳсил кунанд.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои русӣ навиштанд, ки агар  густариши вируси корона идома кунад, донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд мумкин аст, ки аз ин донишгоҳҳо ихроҷ шаванд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки визои донишҷӯӣ содир намешавад, дар натиҷа бархе аз донишҷӯёни хориҷӣ ,ки наметавонанд вориди хоки федератсияи Русия шаванд дар воқеъ наметавонанд таҳсилоти худро оғоз кунанд.Бинобар онҳо аз донишгоҳҳои русӣ ихроҷ хоҳанд шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular