Қудрат Оев, мӯйсафеди 75 сола ва бобои Вайсиддин ва Эҳсон Одинаевҳо аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт ва бозпурсӣ шудааст.
Вайсиддин Одинаев ба мо гуфт бобояшро ба шӯъбаи Кумитаи амният дар ноҳияи Шаҳринав бурдаанд ва дар хусуси ӯ пурсуҷӯ кардаанд. Ӯ мегӯяд бобояш ва дигар хешу таборашро 17 сол надидааст ва ин амали КДАМ-ро ғайримантиқӣ медонад.
“Агар ман дар ҷустуҷӯи мақомоти Тоҷикистон қарор дорам, бигзор расман эълон кунанд ё ҳадди ақал ба худам фаҳмонанд, ки барои кадом гуноҳам маро пайгирӣ мекунанд” — гуфт Вайсиддин.
Ӯ ҳамчунин изҳор кард “агар бо ин корашон мехоҳанд маро тарсонанд, ё фишор оваранд, ҳаргиз ба ҳадафашон нахоҳанд расид. Ин корашон бе фоида аст ва вақташонро беҳуда сарф мекунанд. Қаблан бибии худораҳматиамро азият медоданд, ки аз дунё гузашт. Ман медонам, ки дар роҳи ҳақ ҳастам ва аз роҳам бар нахоҳам гашт ва ба муборизаам то охир идома хоҳам дод”.
Вайсиддин Одинаев замоне ба саҳнаи сиёсат ворид шуд, ки бародараш Эҳсон Одинаев, фаъоли сиёсӣ ва мубориз дар Санкт-Петербурги Русия ғайб зад. Вайсиддин мегӯяд, бародарашро мақомоти амниятии Русия дуздида ба ҳамтоёни тоҷикашон таслим кардаанд. Дар мавриди бародараш Вайсиддин гуфт “мақомоти тоҷик барои бародарам ҳатман ҷавоб хоҳанд дод.”