Ҳукумати Тоҷикистон бинобар мушкили шадиди ҷамъоварии нақшаи буҷа тарҳи лағви андоз аз истифодабарандагони роҳро ба таъхир гузошт. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки тақдири Кодекси нави андоз, ки қарор буд аз 1 январи соли ҷорӣ ба иҷро дарояд, чӣ мешавад?
Коршиносон мегӯянд мушкилоте, ки дар иҷрои нақшаи даромади буҷа пеш омадааст қабули Кодекси наив андозро ҳам ба ақаб хоҳад пардохт. Дар кодекси нав баъзе сабукиҳо ба андозсупорандагон пешбинӣ шудааст, аз ҷумла поин бурдани сатҳи Андоз аз арзиши изофашуда.
Мақомот Тоҷикистон мегуфтанд, ки то соли 2021 Кодекси нави андоз омода шуда, аз тарафи ҳукумат ва парлумон тасвиб мешавад ва аз соли нав ба иҷро медарояд.
Аввал қарор бар ин буд, ки Кодекси нави андоз аз моҳи сентябр ба иҷро дарояд, аммо ба гуфтаи мақомот пандемии вируси коруно монеъи иҷрои ин нақша шуд.
Радиои Озодӣ моҳи октябр бо истинод ба Завқибек Шодиён, роҳбари Раёсати сиёсати андози Вазорати молия навишта буд, ки матни Кодекси нав таҳия шудааст ва дар ҳоли такмилшавӣ мебошад.
Ба гуфтаи Шодиён, «лоиҳаи Кодекси нави андоз таҳия шуда, як маротиба барои мувофиқа ба вазорату идораҳо фиристода шуд. Вазорату идораҳо таклифҳои худро пешниҳод карданд. Айни замон лоиҳа дар ҳолати такмилшавӣ аст».
Тибқи кодекси нав намудҳои андози умумидавлатӣ аз 11 адади кунунӣ то ба 7 адад кам карда шуда ин навъи андозҳо боқӣ мондаанд:
1) андоз аз даромад;
2) андоз аз фоида;
3) андоз аз арзиши иловашуда;
4) аксизҳо;
5) андозҳо барои захираҳои табиӣ;
6) андози иҷтимоӣ;
7) андоз аз фурӯш (алюминийи аввалия).
Дар Кодекси нав мизони бархе аз андозҳо низ поин овард шудаанд. Аз ҷумла, мувофиқи тарҳи нав меъёри андози иҷтимоӣ аз 25 дарсади кунунӣ то ба 20 фоиз поин оварда шудааст.
Меъёри Андоз аз арзиши изофашуда (ААИ), ки бинобар гарониаш чанд соли охир соҳибкорону моликони ширкатҳо аз он шикоят мекунанд, аз 18 дарсади кунунӣ то ба 15 фоиз поин оварда шудааст.
Дар тарҳи нав тадриҷан поин бурдани ААИ дар назар аст: соли 2025 андозаи ААИ то ба 14 фоиз ва соли 2030 то ба 13 фоиз поин бурда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи манбаъ (бо манбаъи Паём нагӯӣ, гап дар бораи Озодӣ), Кумитаи андоз бо тарҳи нави қонун, аз ҷумла кам намудани навъи андозҳо ва меъёри онҳо, ихтисор кардани салоҳиятҳои нозирони андоз дар тафтишу санҷиш розӣ нест ва барои дар ин шакл қабул шудани қонун мухолифат дорад.
Қисмати дигари идораҳои блоки иқтисодӣ аз ҷумла Вазорати иқтисод ва савдо, Кумитаи сармоягузорӣ ва Вазорати саноат низ аз ин тарҳ ҷонибдорӣ мекунанд.
Созмонҳои байналмилалӣ ҳам аз тарҳи нави Кодекси андоз ҷонибдорӣ мекунанд ва аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, дар сурати қабул шудани Кодекси нав ба Тоҷикистон то 50 миллион доллар сармоя медиҳад.
Аммо то ҳол шакли омодаи кодекс ба ҳукумат пешниҳод нашудааст ва ба парлумон нарафтааст. Дар гумон аст, ки ҳатто дар сурати дар ҳамин чанд рӯз пешниҳод шуданаш ҳам то соли нав тасвиб шавад. Яъне боз як ваъадаи дигари ҳукумат ба таъхир гузошта мешавад.
Коршиносон низ мегӯянд, ки дар гумон аст Кодекси нав аз аввал ва ҳатто нимаи сол ба иҷро дарояд. Абдумаманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, “албатта Кодекси нав бояд хеле содатар карда мешуд, аммо ҳатто дар ҳамин шакл ҳам салоҳи кор ин аст, ки он ҳарчӣ зудтар ба иҷро дарояд ва шумору мизони андозҳо камтар карда шаванд. Вале дар гумон аст, ки мақомоти Тоҷикистон омодаи ба иҷро даровардани он бошанд. Ҳарфи асосиро дар қабули ин кодекс албатта Кумитаи андоз мезанад. Дар гумон аст, ки ин кумита аслан ба қабули ин кодекс розӣ бошад. Дар шароите, ки ҳоло ба миён омадааст, Кумитаи андоз баҳонаҳои зиёдеро истифода хоҳад бурд, то қабули онро вето кунад”.
Ӯ мегӯяд, “таҷрибаи кишварҳое, ки ислоҳоти андозӣ гузарондаанд нишон медиҳад, ки намуд ва мизони андоз ва дахолати мақомот ба кори андозсупоранда ҳарчӣ камтар бошад, ҷамъоварии он бештару осонтар мешавад. Вале мақомоти Тоҷикистон чунин намеандешанд. Назари онҳо ин аст, ки ҳоло агар фаразан як ширкате бояд 10 000 андоз супорад, ними онро пинҳон мекунаду ҳамагӣ 5000 месупорад. Агар мо андозро 30 дарсад кам кунем, ин ширкат ба ҷои 7000, ки бояд супорад, 3500 хоҳад пардохт.
Аммо дар асл чунин нест. Вақте андоз кам аст, ширкату корхонаҳо даромади бештар мегиранд ва намехоҳанд барои андози андак бо қонун мушкил дошта бошанд. Аслан мардум барои он аз пардохти андоз мегурезад, ки бояд қисми асосии даромадаш, оҳе ҳатто бештар аз даромадашро андоз супорад.”
Шералиев ба ин назар аст, ки “сабаби дигари монеъагузории Кумитаи андоз ин аст, ки дар сурати кам шудани андозу пардохти бе мушкили он аз тарафи андозсупорандагон, манофеъи шахсии кормандони ин кумита зарар мебинад. Яъне вақте соҳибкор тибқи қонун амал кард ва ҳамами андозҳоро супурд, имкони гирифтани ришва аз ӯ камтар мешавад.”
Таҷрибаи чанд соли охир нишон дод, ки вақте мақомот мехоҳанд даромади буҷа аз ҳисоби андозро афзоиш диҳанд, ё мизони онро боло мебаранд ва ё намудҳои дигари ҷамъоварии маблағ аз ширкатҳову соҳибкорон, мисли ҷаримаҳои ҳангуфтро истифода мекунанд. Ин фишори мақомот ба бизнес аст, ки ҳар сол даҳҳо ҳазор соҳибкор аз фаъолият даст мекашад ва рӯ ба муҳоҷират меорад.
Барои мисол соли 2018 беш аз 250 000 соҳибкори инфиродӣ ва соли 2019 наздик ба 300 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро. Дар нимсолаи авали соли ҷорӣ Агентии омор аз 12,5 ҳазор соҳибкор хабар дод. Албатта қариб даҳ баробар камтар шудани нишондиҳандаҳои имсола аз беҳбуд ёфтани вазъ хабар намедиҳад. Имсол ба он хотир шумори қатъифаъолияткардаҳо камтар шудааст, ки худи шумори соҳибкорон дар ду сол қариб се баробар камтар гашт.
Ҳоло ҳукумат дар ҳоле бо баҳонаи мушкили буҷа лағви андоз аз истифодабарандагони роҳ ва татбиқи Кодекси навро ба таъхир мегузорад, ки 1,5 дарсади буҷаи кишварро ба “Фонди захиравии пешвои миллат” ихтисос медиҳад. Фонде, ки танҳо раисҷумҳур ҳаққи истифодаи онро дорад ва маълум нест ин маблағ ба куҷо масраф мешавад.
Имсол маблағи ирсолшаванда ба “Фонди пешво” 2 миллион доллар афзоиш дода шуда, ба 404 миллион доллар баробар гардид.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

