Wednesday, April 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон дар даҳгонаи поймолкунандагони ҳуқуқи диндорон боқӣ монд

Тоҷикистон дар даҳгонаи поймолкунандагони ҳуқуқи диндорон боқӣ монд

Вазорати хориҷаи Амрико боз ҳам Тоҷикистонро ба рӯйхати поймолкунандагони ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ қарор дод.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Вазорати хориҷаи Амрико феҳристи солонаи ҷадиде аз поймолкунандагони озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳонро мунташир кард, ки дар ин феҳрист номи Тоҷикистон дар радифи 10 кишвари нахуст қарор гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дидгоҳи Вазорати хориҷаи Амрикоро дар заминаи нақзи озодиҳои мазҳабӣ рад мекунад.

Сухангӯи комитети давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки гузориши Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи зиндагии мазҳабии мардуми Тоҷикистон ғайривоқеӣ аст ва бештар ахбори расонаҳоро мунъакис мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular