Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБОР ба Тоҷикистон тавсия дод аз ҳуқуқи муҳоҷиронаш ҳимоя кунад

БОР ба Тоҷикистон тавсия дод аз ҳуқуқи муҳоҷиронаш ҳимоя кунад

Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба танзими раванди муҳоҷират, таъмини амнияту некӯаҳволии онҳо, инчунин ҳимоя аз ҳуқуқҳои онҳо дар кишвари таъинот машғул шавад, қайд мешавад дар гузориши рӯзи 9 декабр нашршудаи Бонки осиёии рушд (БОР) дар бораи дастгирии муҳоҷирони тоҷик.

Барои ин ба ҳукуматдорон тавсия дода мешавад, ки аз таҷрибаи пурсамари дастгирии муҳоҷирони кории кишварҳои Осиё истифода кунанд.

Гуфта мешавад, тайи даҳсолаи охир муҳаррики асосии коҳиши устувори сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисоди Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ мебошад.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки дар иқтисоди Тоҷикистон барои қувваи кории дар ҳоли афзоиши босуръат қарордошта ҷойҳои кории кофӣ фароҳам оварда намешавад, ки дар натиҷа ҳамасола наздики ним миллион тоҷикон барои дарёфти кор ватанро тарк мекунанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки қисмати хеле зиёди муҳоҷирони кории тоҷик (85%) ҷавонон аз деҳот буда, синнашон аз 15 то 44-соларо ташкил медиҳад. Ҳудуди 98%-и онҳо бо сабаби умумияти зисти муштарак дар Иттиҳоди Шӯравӣ, забони нисбатан фаҳмо, маоши нисбатан аз ватан болотар ва инчунин реҷаи бераводид Русияро кишври муҳоҷират интихоб мекунанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки аксарияти мардони муҳоҷир дар соҳаи сохтмон ба сифати коргарони ғайритахассусӣ ва занони муҳоҷир дар бахши хизматрасонӣ ба кор машғул мешаванд.

Дар гузориш мушкилоти сершуморе, ки ба он муҳҷоирон дар кишвари бегона дучор мешаванд, таъкид мегардад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, бисёре аз муҳоҷирон ба иллати сатҳи тахассуси паст ва огаҳии начандон хуб аз ҳуқуқҳои худ, инчунин ноилоҷӣ ба қабули ҳама гуна шартҳои кор омодаанд.

“Чунин шароит ба истисмори меҳнатӣ аз ҷониби корфармоҳо, суистифодаи кормандони пулис ва тамаъҷуӣ аз ҷониби ҷинояткорон боис мегардад”, — чунин мешуморанд муаллифони гузориш.

Коршиносони Бонки осиёии рушд ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷуда бо ҳукуматҳои кишвари таъинот робитаи зич роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин машварат дода мешавад, ки дар хориҷа бозорҳои нави кор дарёфт намуда, барои таъмин бо кор дар берун аз ҳудуди кишварҳои ИДМ шароиту имконот фароҳам оварда шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular