Нархи имсолаи умра дар Тоҷикистон то ба ҳол маълум нест. Ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, агар бино ба вазъи феълӣ ҳаққи хизматрасониҳои имсолаи умраро ҳисоб кунанд, он хеле гарон мешавад.
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, ки барои бурдани шаҳрвандон ба умра масъуланд, то кунун масрафи рафту омади имсоларо муайян накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони зиёд баъди шунидани имкони рафтан ба умра ҷӯёи нарху қимати он шудаанд.
Тавре хубаргузории Азияплюс менависад, як намояндаи ширкати сайёҳии “Расул”, ки масъули анҷоми хидматрасониҳои мра аст, гуфтааст, ки сафари нахустин гуруҳи зоирони тоҷик бо ҳадафи зиёрати хонаи Каъба дар охири моҳи январи соли 2021 дар назар буда, аммо нархи сафари ҳаҷ то ҳол маълум нест.
Ба гуфти ин намояндаи ширкати “Расул” “агар бо дар назар гирифтани вазъи ҳозира ҳисоб кунем, хеле гарон меафтад. Барои мисол, агар ба тайёра ҳисоб кунем, қоидаҳои давраи ҳамагирии вируси куруно нархро хеле боло мебаранд. Барои эҳтиёт аз бемории COVID-19 маҷбур мешавем, ба ҷои 100 нафар 50 нафар гирем, як ҷойро холӣ гузошта фосиларо риоя кунем. Агар инхел шавад, пули он 100 нафар аз 50 нафар гирифта мешавад”.
Ин масъули ширкати “Расул” мегӯяд, ки ба василаи автобус ҳам вазъ ҳамин гуна аст. Агар пештар дар як автобус 50 нафар мерафтанд, ҳоло маҷбурем 22 нафар бигирем. Феълан барои ҳамин дуо мекунем, ки вазъ хуб шаваду довталабони Ҳаҷҷ бо нархи арзон сафар кунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

