Wednesday, April 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар зеботарин шаҳри дунё аввалин масҷид ифтитоҳ шуд

Дар зеботарин шаҳри дунё аввалин масҷид ифтитоҳ шуд

Дар Квинстан, Зеландияи Нав, ки ҳамчун зеботарин шаҳр дар ҷаҳон шинохта шудааст, мусалмонон пас аз солҳои тӯлонии  омодагӣ ва ҷамъоварии маблағ ифтитоҳи аввалин масҷидро ҷашн гирифтанд. Дар ин бора расонаи хабарии  Islam.ru хабар дод.

Раиси Маркази исломии маҳаллӣ Муҳаммад Надим гуфт:  «Мо хеле хурсандем, ки ҷомеаи мусалмонон билохира ҷойгоҳи намозгузориро пайдо карданд, то имрӯз мо ҷойҳои ҷамъиятиро иҷора гирифтаем ва баъзан дар соҳили кӯли Вакатип намоз мегузоштем. Инак  калиди биноро гирифта, имшаб аввалин намозамонро дар масҷид хондем».

Қайд карда мешавад, ки ҷомеаи мусулмонон аз моҳи марти соли 2019 ба ҷамъоварии маблағ барои масҷиди аввалини  шаҳр шурӯъ намуда буданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular