Thursday, July 9, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетCOVID-19: Соли 2021 душвортар аз 2020 мешавад?

COVID-19: Соли 2021 душвортар аз 2020 мешавад?

Ба маълумоти намояндагони Сзмони ҷаҳонии беҳдошт, танҳо давоми ду ҳафтаи ахир шумораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба ҳадди рекордӣ расидааст

Соли дуюми пандемияи COVID -19 нисбат ба соли гузашта шояд мушкилтар шавад, изҳор дошт Майкл Райан, мудири барномаи фавқулодаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт.

«Мо ба соли дуюми пандемия ворид мешавем, ки бо назардошти динамикаи паҳншавӣ вируси COVID — 19 ва баъзе мушкилоте, ки мо мебинем, шояд ин сол душвортар шавад», — таъкид намуд Райан.

Ба таъкиди ӯ, танҳо давоми ду ҳафтаи охир мавориди сироятшавӣ ба маризии коронавирус дар ҷаҳон ба ҳадди рекордӣ расидааст.

«Дар нимкураи шимолӣ, аз ҷумла дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ, чизе ба монанди тӯфони комил сурат гирифта истодааст. Ба афзоиши ин беморӣ сардиҳо, ҷамъ шудани одамон дар дохили бино ва гардиши навъҳои нави вирус таъсир мерасонанд», —  гуфт намояндаи СҶБ.

Ёдовар мешавем, ки СҶБ ҳанӯз рӯзи 11 марти соли 2020 бинобар авҷи маризии коронавирус пандемия эълон карда буд.

Тибқи маълумоти охирини СҶБ, шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 90 миллион гузаштааст. Ҳамзамон ин беморӣ ҷони 2 миллион нафарро рабудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular