Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк тоҷик вазири маорифи Ӯзбекистон шуд

Як тоҷик вазири маорифи Ӯзбекистон шуд

Палатаи поёнии парлумони Узбекистон рӯзи 13 январ номзадии Абдуқодир Тошқулови 45-cола, зодаи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро ба вазифаи вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Узбекистон кард кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон ба нақл аз хадамоти матбуоти Олий Маҷлиси Ӯзбекистон.

Ба иттилои манбаъ, тибқи тартиб, дар марҳилаи оянда пас аз тасдиқи фармон аз ҷониби Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон Абдуқодир Тошқулов метавонад ба кор оғоз кунад.
Ӯ дар ин мақом Инъом Маҷидовро ки аз соли 2017, ки дар ин мансаб менишаст, иваз кунад.
Абдуқодир Тошқулови 45-cола, зодаи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон аз шахсони боэътимоди Шавкат Мирзиёев гуфта мешавад.

Соли 2017 бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз таъин шуд ва худи ҳамон сол сенатори Ӯзбекистон интихоб шуд.

Узви Сенати Узбакистон Абдуқодир Тошқулов дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2020 ва интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор шуда буд, нозир буд.

“Абдуқодир Тошқулов, миллаташ тоҷик пай дар пай ду даъват — аз соли 2009 то 2017 вакили палатаи поёнии парлумони Узбекистон буд» омадааст, дар иттилоияи Комиссияи марказии интихоботии ҷумҳурӣ.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular