Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетУбайдуллоев боз аз мубориза бо бегонапарастӣ гуфт

Убайдуллоев боз аз мубориза бо бегонапарастӣ гуфт

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ба ин назар аст, ки мубориза алайҳи бегонапарастӣ ва хурофотпарастӣ кофӣ нест, бинобар амр кардааст ҳар рӯзи ҷумъа бо ҷалби масъулини дин, мақомоти умури дохилӣ ва амният дар марказҳои фурӯш ва бозорҳои шаҳр вохӯриҳои санҷишӣ-машваратӣ доир карда шаванд.

Раиси шаҳри Душанбе дар ҳисоботи солонааш, ки ба вакилони пойтахт ироа мекард, на танҳо Кумитаи дин ва ниҳодҳои интизомиро муваззаф кард бо сатру ҳиҷоб ва фурӯши онҳо дар бозору мағозаҳо муборизаро пурзӯртар кунанд, балки ноибаш Ҷамила Лангариеваро амр кард дар ин самт чораҳои фаврӣ дида шаванд.

Убайдуллоев ҳамчунин аз дастовардҳояш дар соли раванда сухан гуфт ва яке аз “дастовард”-ҳо насби дурбинҳои назоратӣ ва дастгоҳҳои кашфи ҷисмҳои металӣ дар ҳамаи 73 масҷиди поётахт будааст, ки ба қавли шаҳрдори пойтахт барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон насб шудааст.

Ҳадаф аз роҳандозии ин чорабиниҳоро раиси шаҳри Душанбе таъмини волоияти қонун, таҳким бахшидан ба тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони пойтахти Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular