Моҳи апрели соли 1993 чӣ хел шуд, ки Устод С.А.Нурӣ бо автомашина ба ш.Қундуз омад ва аз ситоди мо – милисаҳо низ дидан кард. Баъди дидорбинӣ эшон ба ман чун амонат 6 линча пули афғонӣ дод.
Моҳи майи ҳамон сол Устод боз ба хабаргирии мо омад ва фармуд, ки ҳамаи қумандонҳоро ба вохӯрӣ даъват кунам. Онҳоеро ки ман таъйин карда будам (қумандонҳои взвод, рота, муҳофиза, кофтукоб ва ғ.) наздики 20 нафар буданд. Ман барои иззати устод супориш додам, ки як буқача харида, дастархони хуб омода кунанд. Баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ устод С.А.Нурӣ хоҳиш намуд, ки як қопча пули афғониро оварда, болои дастархон резанд. Баъди ин ба қумандонҳо муроҷиат карда гуфт: «Гиред, чӣ қадаре ки ба шумо лозим аст ва ҳама чизи даркориро харед, хоҳиш ин аст, ки як бор шаҳри Қундузро бадиққат тамошо кунед. Баъди як ҳафта мо боз вомехӯрем ва шумо дар бораи чизҳои дидагиатон ба ман нақл мекунед».
Дар навбати худ қумандонҳо ба «ғун кардану руст кардан»-и пулҳо сар карданд ва касе дар куҷое метавонист онҳоро пур мекард. Умуман дар дастархон пайхас намонд. Рӯзи дигар аксарияти қумандонҳо бо мошинҳои сабукрави худ ба кор омаданд. Дар хаймаҳое, ки муҳоҷирон буданд, милисаҳои мо поквиҷдонона хизмат мекарданд.
Баъди як ҳафта устод омаданд ва фармуданд, ки қумандонҳоро ҷамъ кунам. Устод ба пурсиши ҳар кадоме дар алоҳидагӣ оғоз кард, ки кӣ дар Қундуз чӣ дид? Як қисм мегуфтанд, ки мағозаҳои шаҳр пур-пури мавод аст, дӯконҳояшон аз берун бенамуд бошад ҳам, дарунашон даромадан пас, чашмҳо бозӣ мекунанд. Дигарон мегуфтанд, ки мошинҳои сабукрав нисбати мо дар Қундуз хеле арзон аст ва ғ…
Устод аз рӯи одат табассуми маҳин карда фармуданд, ки ҳамроҳашон дар мошин нишаста, ба дигарон супориш диҳам, ки аз қафои мо биёянд. Мо ба баландие омадем, ки тамоми Қундуз ва деҳаҳои наздик чун дар кафи даст намоён буданд. Мо ба баландӣ баромадем ва устод С.А.Нурӣ аз нав саволи худро такрор кард: «Кӣ чӣ мебинад?». Ҷавобҳо ҳархела буданд, танҳо нафаре гуфт, ки деҳаи вайронаеро мебинад. Ва устод ҳамаро ба оромӣ даъват карда, хоҳиш намуданд ба ин деҳа, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҳарбӣ дар Афғонистон валангор шудааст, бадиққат нигоҳ кунанд.
Пас аз фурсате устод гуфт: «Барои мо Тоҷикистони обод лозим аст, на вайрона ва агар нафаре аз шумо андешаи дигар дорад, ҳар қадаре, ки пул мехоҳад, аз Неъматулло Билолов гираду лагерро тарк кунад».
Манбаъ: Китоби «Исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон», саҳ. 427-428