Чанд рӯзе ҳаст, ки дар амнияти Тоҷикистон ҳама кормандон дар изтиробу серташвиш ҳастанд. Пас аз онки ҳамсар ва фарзанди М. Ҳаитро бе ягон санаду иҷозат дар асл аз хонаашон рабуданд ва ба амният бурданд, вакили мудофеъ Ҷамшед Ёровро ҳам дуздиданд. Яъне боз ҳам бидуни огоҳӣ ва номаълум як инсонро бурданд.
Баъдан маълум гардид, ки ҳамаи ин корҳо ба хотири ифшои ҳукми зиндониёни сиёсӣ будааст, ки нусхаи онро Паём чоп карда буд. Ин кор ба зеҳни ҳар як шунаванда ё хонанда чандин саволро меорад.
— Магар ҳукм пас аз содир шуданаш ҳам метавонад махфӣ бошад?
— Оё касе ҳақ надорад онро бинад ва аз болои он шикоят барад?
— Агар махфӣ бошад пас шикояти касатсионӣ бурдан чӣ маъно дорад?
— Ё инки мисли ҳамеша ин ҳам хоста ва дастури як “зӯр” аст, ки миллатро ғуломи худ медонаду ҳаргунае хост ҳамонгуна дастур мебарорад. Он ҳам дастуре, ки хилофи қонун ва аз ҳар қонун болотар аст.
Аз тарафи дигар агар ин ҳукм дуруст бошад ва мақомот ба кори худашон бовар дошта бошанд чаро онро махфӣ нигоҳ медоранд? Магар тибқи қонун мақомот муваззаф нестанд, ки ҷомеаро аз ҳукми онҳо огоҳ кунанд ва ба саволҳои онҳо посух гуянд?
Пас маълум мешавад, ки инҷо зери коса нимкосае ҳаст. Яъне мақомот ба ҳукми содиршуда бовар надоранд. Вагарна чаро аз фош шудани он метарсанд?
Бале онҳо медонанд, ки дар ин ҳукм ягон далел барои гунаҳкор донистани ин афрод вуҷуд надорад. Ҳар касе ин ҳукмро бихонад мефаҳмад, ки ин як сенария ва бозии касифи амниятӣ буд. Худашон ҳама чиро буриданду дӯхтанд ва баъд ба номи дигарон тамға заданд.
Аммо боздошти Ҷамшед чанд ҳадаф дорад. Яке инки ба бузургмарде чун Бузургмеҳр фишор оваранд. Бузургмеҳре, ки худаш ба танҳоӣ дар муқобили тамоми мақомоту ҳилаҳояшон ғолиб омадааст. Ҳоло мехоҳанд бо ин роҳ иродаи устувори ӯро заиф кунанд. Ӯро ба ончӣ худашон мехоҳанд маҷбур кунанд. Аммо мо боварӣ дорем, ки Бузургмеҳр бузургтар аз ин чизҳост.
Дуввум инки мехоҳанд байни нерӯҳои мухолифи ҳукумат тухми нифоқ бикоранд. Ин аз шеваҳои қадимии КДАМ ва махсусан раиси он Ятимов мебошад, ки пас аз рӯи кор омаданаш тамоми нерӯҳои миллиро аз ҳам ҷудо намуда беэътимодиро дар ҷомеа густариш додааст. КДАМ дар чанд соли охир байни қишрҳо ва ниҳодҳои ҷомеа ончунон тафриқаву нифоқу кина андохтааст, ки ҳеҷ кас ба ҳамдигар бовар надорад.
Саввум ин амал барои тарсонидани мардум анҷом мегирад. Яъне бо зиндонӣ кардани Ҷамшед мехоҳанд ба ҷомеа паём диҳанд, ки агар ҳар касе бо мо ва ҳукумат мухолифат кард ҳолаш ҳамин аст.
Хулоса боз ҳам ҳамон мақоли маъруфи “тафриқа андоз ва ҳукумат намо” дар психологияи атеистии раиси КДАМ ҳоким аст. Барои пиёда кардани ҳадафҳояш ҳам аз таҷрибаҳои даврони шӯравияш истифода мекунад. Аммо фаромӯш кардааст, ки Тоҷикистони имрӯз Шуравии бузурги он рӯз нест ва ин амалҳо барои миллат ва Ватани мо аз тамоми яроқҳо ва душмани берунӣ хатарноктар мебошад.
Фирдавс Содиқзода