Баҳси парвози ширкатҳои ҳавопаймоии русиягӣ аз фурӯдгоҳи “Жуковский” ва манъи парвозҳо кам кам дорад ба баҳси сиёсӣ табдил мешавад.
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия ба вазорати корҳои хориҷии ин кишвар номаи эътирозӣ, ё “нота”-и ҷониби Тоҷикистонро расонидааст, ки дар эътирозба амалкарди вазорати нақлиёти Русия навишта шудааст.
Тибқи иттилои сухангӯи сафорат Сарвар Бахтӣ, Сафорат ҷониби Русияро аз баҳси парвозҳо байни ду кишвар огоҳ кардааст. Дар “нота” омадааст, ки ҷониби Тоҷикситон ҳеҷ банди созишномаи байни ду кишварро хилоф накарда, баръакс вазорати нақлиёти Русия аст, ки онро нодида мегирад.
Баҳси Тоҷикистону Русия аз иҷоза надодани ҷониби Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии “Ямал” барои парвоз аз фурӯдгоҳи “Жуковский” оғоз шуда, то манъи парвози “Сомонэйр” ба 4 шаҳри Русия ва “Уралские аиалинии” аз 4 шаҳри Русия ба Тоҷикистон расид.
Ҷониби Русия парвози “Сомонэйр” ба шаҳрҳои Краснодар, Красноярск, Оренбург ва Иркутск манъ кард. Ҷониби Тоҷикистон дар посух ба ин амалкард парвози “Уралские авиалинии”-ро аз шаҳрҳои Краснодар, Красноярск, Уфа ва Челябинск лағв кард.
“Сомонэйр” дирӯз парвозаш ба Оренбургро лағв карда, аз мусофиронаш узр хост ва гуфт дар садади лағви парвозҳо ба се шаҳри дигар аст. Аммо “Уралские авиалинии” эълон кард, ки ҳеҷ огоҳие аз ҷониби Тоҷикистон дарёфт накардааст ва парвозҳо идома доранд.