Дар як сӯҳбаташ сафири фавқулодаи ҷумҳурии Чин дар Сурия Тси Тсизянтсизина гуфтааст, Пекин хостори идомаи кумаки башардӯстона ба Сурия буда мехоҳад ҳарчӣ бештар ба ин кишвар намояд.
“Бар замми ин мо мехоҳем дар барқарорсозӣ ва густариши фаъолияти васоити ахбора омма дар ин кишвар саҳмгузори асосӣ бошем” — афзудааст Тсизянтсизина
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин, сафири ин кишвар дар Сурия Тси Тсизянтсизина бо вазири алоқа ва иттилооти Сурия Рамиз Тарҷман вохурӣ анҷом дода масъалаи кумак барои барқарорсозии фаъолияти ВАО-и Сурияро баррасӣ намудаанд.
Рамиз Тарҷман дар навбати худ ба сафири мардумии Чин барои ҳамкорӣ ва кумаки кишвари Чин ба Сурия дар “мубориза бо терроризм, ҳифзи тамомияти марзӣ ва ҳукумати қонунӣ” изҳорӣ миннатдорӣ намудааст.