Эмомалӣ Рахмон дар паёми худ, ки санаи 22 декабр ироа намуд, оиди масъалаи дастгирии сохибкорӣ, коҳиши молиёт ва соддасозии қонунҳо дар соҳаи иқтисодиёт таъкид кард.
Бояд қайд кард, ин бори аввал нест, ки ӯ ин мавзӯъро мебардорад. Чанд сол пеш ҳатто барои тафтишот мараторий эълон карда буд, аммо қариб ягон натиҷае надод. Зеро «бо шакар гуфтан даҳон ширин намешавад». Сабаб дар он аст, ки мушкилиҳои соҳибкорӣ тӯли 25 сол ба бори вазнине табдил шудааст ва халосӣ аз он бе шикастани система қариб номумкин аст.
Имрӯз чанд омили асосӣ мавҷуданд, ки садди роҳи пешравии сохибкорӣ дар Тоҷикистон ҳастанд:
1. Дахлнопазирии моликияти хусусӣ
Тӯли ин солҳо соҳибкорони зиёде аз моликияти худ маҳрум шуданд. Дар ҳоли ҳозир ягон соҳибкор, ки ба доираҳои муайян таъллуқ надорад ба дахлнопазирии моликияти худ бовар надорад ва ҳамеша дар тарс оиди моликияти худ (ва натанҳо) зиндагӣ доранд. Бисёрии онҳо фаъолияти худро ба берун аз Тоҷикистон кӯчониданд ва ё дар тараддуди кӯчониданаш ҳастанд. То он даме, ки дахлнопазирии моликияти хусусӣ таъмин намешавад, натанҳо соҳибкор ва сармоягузори хориҷӣ, балки соҳибкори ватанӣ низ аз сармоягузории ҷиддӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон худдорӣ мекунад. Ҳатто дар ҳоли баргардонидани ҳамаи он моликияте, ки бо роҳҳои гуногун аз соҳибони он ғасб шуда буд, боварӣ ба зудӣ барқарор намешавад. Барои аз нав боварӣ ба ояндаи нек пайдо намудани соҳибкорон даҳсолаҳо лозим мешавад, ки онро ҳокимияти имрӯза бояд аз ҳозир оғоз намояд.
2. Содда ва ихтисор кардани қонунҳо ва андозбандӣ.
Дар ҳолати иродаи сиёсй доштани президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат ин ягон мушкилие надорад. Аммо дар мавриди Тоҷикистон ин амал қариб номумкин аст. Зеро системае, ки ҳокимияти ҳозира тӯли ин солҳо сохтааст, маҳз аз мушкил ва нофаҳмо будани қонунгузорӣ ва андозбандӣ «об мехӯранд». Сулолаи «назоратчиҳо» пайдо шудааст, ки ғайр аз ғорати соҳибкор (мардум) кори дигаре аз дасташ намеояд. Ҳатто ин касбро ба фарзандони худ «мерос» мегузоранд.
Ҳарчанд ба ислоҳи ин мушкилот боварӣ нест, чанд пешниҳод кардан мумкин аст:
1) Қонунҳо фаҳмо ва саҳеҳ карда шавад.
2) Андозбандӣ ихтисор шуда содда карда шавад. Бисёриҳо шояд гӯянд, ки дар ин ҳолат буҷаи мамлакат зарар меёбад ва иҷро намешавад. Лекин як чизро бояд қайд намоем, ки қисми зиёди маблағҳое, ки аз мардум бо роҳи қонунӣ ва ғайриқонунӣ ситонида мешавад ба ҷайбҳои хусусӣ меравад, ки дар боло қайд кардем.
3) Боҷситонӣ чунон ба роҳ монда шавад, боиси воридоти технологияҳои нав ва маҳсулот шавад, на сади роҳи он.
4) Назорати соҳибкорӣ аз тарафи прокуратура, милиса манъ карда шавад
5) Хадамоти оташнишонӣ, беҳдоштӣ (санэпидемстанция), экология ва дигар хадамоти гуногун ҳаққи ҷазодиҳӣ надошта бошад
6) Назорат фақат аз тарафи кумитаи андоз гузаронида шавад. Ҳамон ҳам бояд кумита на ҳамчун хадамоти ҷазодиҳанда, балки сараввал машваратдиҳанда бошад. Дар ҳолати ислоҳнопазир будани вайронкунандаи қонун, фақат аз тарафи суд (суд низ ба ислоҳот ниёз дорад) ҷазо таъин карда шавад.
Албатта омилҳои дар боло зикр шуда нопурра ҳастанд. Барои рушди соҳибкорӣ бояд боз чандин амалҳои дигар анҷом ёбад, мисли қарзҳои дарозмуддат бо фоизи паст (ҳатто илоҷи қарзҳои бефоизро низ ёфтан мумкин аст), ислоҳот дар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ, ки ба фаъолияти сохибкорӣ таалук доранд (нармтар кардани он) ва ғайра, ки аз тарафи мутахассисони соҳа пурра омӯхта ба ҳукумат пешниҳод шавад.
Ҳамаи мо мефаҳмем, ки сохибкорӣ ин асоси пешравии иқтисодиёти дилхоҳ мамлакат мебошад. Соҳибкорӣ ҷои кор месозад, буҷаи давлатро ғанӣ мегардонад, сабаби пешравии илму техника мешавад ва бисёр дигар манфиат ба мамлакат меорад. Барои ҳамин соҳибкорӣ бо ҳама роҳ бояд дастгирӣ ёбад ва на танҳо худаш ривоҷу равнақ ёбад, инчунин зиндагии мардуми мамлакатро низ пеш барад.
Аюб Эгамов — Иқтисодшинос
Махсус барои ПАЁМ.net
Пешравии соҳибкорӣ бидуни шикастани система имкон надорад
Тамос бо мо
📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!
📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot
Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.