Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоҲақиқати пушти пардаи шахсияти Исмоили Сомонӣ

Ҳақиқати пушти пардаи шахсияти Исмоили Сомонӣ

Яке аз баҳсҳои илмие, ки ба таҳқиқи бештар ниёз дорад, ин ба шакли дуруст шинохтани асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ аст. Ин шахси таърихӣ кӣ буд? Вай аз кадом ойин пайравӣ мекард? Алоқамандиаш бо Ислом дар кадом сатҳ қарор дошт? То кадом андоза ба ин ойин вафодор буд? Чаро баъзе доираҳои муайян дар пайи талоши тавсиф ва тасвири вай дар сурати як шахси начандон мусулмон ҳастанд? Чаро кӯшиш мекунанд, ки ҳақиқати динии мавсуф пинҳон бимонад? Чаро ӯро ҳамчун як хидматгори ин ойини барҳақ нишон намедиҳанд? Магар замони он нарасидааст, ки мо тоҷикон таърихи дурусти ҷадди худро бишносем? Оё донистани ҳаёти диндорӣ ва хидматгории Исмоили Сомонӣ ба Ислом ба мо зиён меорад?

Ин ва дигар ҷузъиёти таърихӣ ва баҳсҳоест, ки оиди он бо кӯмаки Худо маълумоти бидуни тадлисро дар ихтиёри хонандагон мегузорем. Инҷо танҳо ба як ду нуктаи асосӣ ишораи кӯтоҳ мекунем:

  1. Исмоили Сомонӣ яке аз вафодортарин фарзандони тарбиятдидаи домони Ислом буда, маҳз ҳамин дин ӯро ба ҳади ИСМОИЛИ СОМОНӢ расонид;
  2. Исмоили Сомонӣ марзбони кишварҳои исломӣ буд. (Нуктаи дуюм аз навиштаҳои таърихнигори машҳури либӣ доктор Муҳаммад Алӣ Саллобӣ аст.)

Дар моҳи Сафари соли дувисту наваду панҷуми ҳиҷрӣ) Исмоил ибни Аҳмад ибни Асади Сомонӣ дунёи фониро падруд гуфт. Оли Сомон фармонравоёни вилоятҳои Чоч, Самарқанд, Фарғона ва Мовароа-н-наҳр буданд. Исмоили Сомонӣ баъди марги Амр ибни Лайси Саффор аморати Хуросонро ба даст овард. Вай шоҳи шуҷоъ ва марди солеҳ буд. Номбурда дар биёбонҳо урдугоҳҳои ҳарбӣ бино намуд ва вақфҳои зиёдеро барои сарпарастии хароҷоти он вобаста сохт. Ҳар як урдугоҳ ҳазор ҷанговарро дар бар мегирифт. Мавсуф касест, ки туркҳоро шикаст дода аст. Вақте Исмоили Сомонӣ аз дунё даргузашт, халифаи вақт Муктафӣ Биллоҳ дар фироқи вай марсияи зеринро суруд:

لم يخلق الدهر مثله أبدا، هيهات هيهات شأنه عجب

Тарҷума:

Модари даврон мисли ӯ назода,

Ҳайтот-ҳайҳот, ҳолати дунёи дун шигифтовар аст!

Ниг: Ал-мунтазам; Ибни Ҷавзӣ, Ан-нуҷуму-з-зоҳираҳ фӣ мулуки Мисра ва-л-Қоҳира; Абулмаҳосин ибни Тағрии Бардӣ (Аз уламои қарни 15-и мелодӣ) ва ғайра.

Исмоили Сомонӣ ва дидори Паёмбар (с) дар хоб

Имом Шамсиддин Заҳабӣ, муаррих ва муҳаддиси маъруф Исмоили Сомониро чунин тавсиф карда аст: “Исмоил ибни Аҳмад ибни Асад ибни Сомон ибни Нӯҳ марди донишманд, фозил, одил, бо мардум некрафтор, нигоҳдорандаи иззати донишмандон, дар шуҷоат машҳур ва донанди илми фиқҳ буд.

Дар ҳаёти вай як воқеаи шигифтангез рух додааст. Ибни Қонеъ мегӯяд:

“Аз Исо писари Муҳаммади Таҳмонӣ шунидам, ки мегуфт: “Аз Амир Исмоил ибни Аҳмад шунидаам, ки бароям гуфта буд: “Падарам барои тарбияи мо як устодеро оварда буд, ки ба мо адаб омӯзад, аммо вай (дар ивази тарбият) бароямон мазҳаби рофизиҳо (душманӣ бо Абӯбакр ва Умар (р))-ро таълим мекард. Шабе аз шабҳо дар хоби худ Паёмбари Худо (с)-ро дидам, дар ҳоле ки Абӯбакр ва Умар (р) низ ҳамроҳаш буд. Паёмбар (с) бо оҳанги сахт аз ман пурсид: “Чаро ин ду дӯсти маро дашном медиҳӣ?!” Ман дар ҷоям шах шудам. Сипас Расули Худо (с) дасташро бар рӯям афшонд. Дар ҳамин ҳолат аз хобам бедор шудам, дар ҳоле ки аз шиддати таб бо худ меларзидам. Ҳафт моҳ дар бистари беморӣ хобидам. Мӯйҳои сарам рехт. Бародарам ба аёдатам омад, қиссаро як ба як барояш нақл кардам. Гуфт, дар ҳол аз ин гуноҳи кардаат аз Паёмбар (с) маъзарат бихоҳ. Ман ҳам зуд тавба кардам ва аз Расули Худо (а) барои дашноми Абубакр ва Умар (р) маъзарат хостам. Аз байн як ҷумъа нагузашт, магар ин ки мӯйҳои сарам аз нав рӯйид…”

Ниг: Торих-ул-Ислом; Имом Шамсиддини Заҳабӣ

(Шамсиддин Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Усмон ибни Қоймози туркманасли димашқӣ, яке аз забардасттарин муҳаддис ва муаррихи даврони худ буда, соли 1275-и мелодӣ дар Димишқ ба дунё омада ва соли 1347-и мелодӣ дар ҳамин сарзамин аз дунё реҳлат кардаанд. Аз ӯ тақрибан 100 асари илмӣ ба мерос мондааст. Яке аз он асарҳои арзишманд китоби «Торих-ул-Ислом» аст, ки матни боло аз он нақл шудааст.)

Исмоили Сомонӣ ва кишваркушоиҳои исломӣ

Аҳмад ибни Саид ибни Масъуди марвазӣ гӯяд:

“Агар Оли Сомон ғайр аз кишваркушоии сарзаминҳои ғайри исломӣ, дигар кори ифтихоромез намедоштанд, ҳамин дастовард барои ифтихорашон басанда буд. Онҳо ба масофаи як моҳа роҳ кишварҳои ғайри исломиро фатҳ кардаанд. Қариб ҳама кишваркушоиҳои Хилофати Аббосӣ аз туфайли ҳамин хонадон аст.”

«Торих-ул-Ислом»-и Имом Заҳабӣ (р)

Паёмбар (с) ба Исмоили Сомноӣ (р): «Мулкат пойдор гардад!»

Исмоил ибни Аҳмад ибни Асади Сомонӣ (р) ҳар сол ба Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ (р) (яке аз бузургтарин донишмандони замони Оли Сомон, ки дар Бағдод ба дунё омада, дар Нишопур нашъунамо ёфта ва Самарқандро барои худ ватан гирифта буд ва дар асри худ яке аз донишмандтарин фард дар боби “Шинохти ихтилофи саҳобагон, тобеин ва дигар имомони мазоҳиби исломӣ” ва донишманди аҳкоми шаръ буд) чор ҳазор дирҳам ҳадя мефиристод.

Вақте Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ (р) назди Амир Исмоили Сомонӣ медаромад, Амир Исмоил барои гиромидошти вай аз ҷояш бармехост ва ӯро икром мекард. Рӯзе Исҳоқи бародараш ӯро сарзаниш кард ва гуфт: “Барои як марди оддӣ дар қасри шоҳиат аз ҷоят бармехезӣ, дар ҳоле ки ту Амири Хуросон ҳастӣ?!”

Амир Исмоил гӯяд: “Он шаб ба сабаби гапи бародарам бо хотири парешон ва қалби маҳзун хоб кардам. Дар хоб Паёмбар (с)-ро дидам, ки ба ман гуфт: “Эй Исмоил! Ба сабаби эҳтироме, ки нисбати Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ изҳор намудӣ, мулки ту ва фарзандонат пойдор монад. Аммо мулки бародарат барои беэҳтиромиаш дар ҳаққи Муҳаммад ибни Насри Марварзӣ завол меёбад.””

«Ал-бидояту ва-н-ниҳоя»-и Имом Ибни Касир (р)

Ислом овардани бобои Исмоили Сомонӣ

Сулолаи Сомониён (204-395 ҳ) ба падарбузурги худ бо номи Сомон мансубанд. Вай яке аз деҳқонҳои маъруфи форс буда, асли решаи онҳо ба оилаи асили форсӣ бармегардад. Аммо зодгоҳи асосии ин сулола шаҳри Балх аст.

Нахустин алоқамандии Сомон падарбузурги ин сулола ба дини Ислом ба даврони хилофати умавиҳо, аниқтараш давраи ҳукумати Ҳишом ибни Абдулмалик ибни Марвон (105-120 ҳ) бармегардад.

Вақте иқлими Хуросон ба шакли умумӣ ва хосатан сарзамини Балх аз тарафи туркҳо ва деҳқонҳо мавриди нооромӣ ва ҳуҷумҳои паё-пай қарор гирифт, Сомон падарбузурги сулолаи Сомониён маҷбур шуд, то аз Балх фирор кунад ва ба Асад ибни Абдуллоҳи Қасрӣ-волии Хуросон паноҳ барад. Дарбори Асад ибни Абдуллоҳи Қасрӣ паноҳгоҳи асосӣ барои фирориёни араб ва форсҳо буд. Арабҳо ва форсҳо ба таври мусовӣ ба он паноҳ мебурданд.

Асад ибни Абдуллоҳи Қасрӣ Сомонро гиромӣ дошт, ӯро пуштибонӣ кард, барои пирӯз омадан бар зидди душманонаш кӯмакаш намуд ва дубора ӯро бо хонадонаш ба Балх баргардонд. Сомон падарбузурги сулолаи Сомониён аз туфайли Асад ибни Абдуллоҳи Қасрӣ мушарраф ба Ислом гашт ва аз рӯи муҳаббати зиёдаш ба волии Хуросон ва табаррукан номи писарашро Асад гузошт.

(«Давлати Салчуқиён»-и доктор Алӣ Муҳаммад Муҳаммади Саллобӣ)

Исмоили Сомонӣ ва ифтихороти ҷоҳилона

Исмоил ибни Аҳмад касест, ки Муҳаммад ибни Насри Марвазиро гиромӣ медошт ва ҳангоми ворид шудани вай ба нишони эҳтиром аз ҷояш бармехост.

Рӯзе атрофиёни Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (р) наздаш аз ифтихороти гузаштагонаш ёдоварӣ карданд, дар ҳол вай дар ҷавоб гуфт: “Ифтихор бо амалҳои нек зебанда аст. Шахс бояд “ъисомӣ” бошад, на “ъизомӣ”-яъне: бояд аз кардаҳои худ ифтихор кунад ва ифтихор кардан бо гузаштагон, сарзамин ва такя кардан ба кардаҳои аҷдодон барои ҷавонмард зебанда нест! Чуноне шоири араб гуфтааст:

“Ва ласту мин Ҳошимин ва ла-л-ъарабӣ, Инна-л-фато ман яқулу: ҳа ана за!” (Яъне: Ман аз қабилаи Ҳошим ва араб нестам, Ҷавонмарди ҳақиқӣ касест, ки “Ҳо ана ман” гӯяд!”

«Ал-бидояту ва-н-ниҳоя»-и муфассир, муҳаддис ва муаррихи шаҳири исломӣ Имом Ибни Касир (р)

Исмоили Сомонӣ (р) устоди имом Ибни Хузайма (р)

Яке аз розҳои пӯшида ё ҳақиқатҳои паси пардаи шахсияти Исмоили Сомонӣ — раҳмати Ҳақ нисораш — он аст, ки ҳофиз, ҳуҷҷат, фақеҳ, шайх-ул-Ислом Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Хузайма ибни Солеҳ ибни Бакри Суламии Нишопурии Шофеӣ, Пешвои имомони илми ҳадис аз Исмоил ибни Аҳмад ибни Асад ибни Сомон (р) (маъруф ба Исмоили Сомонӣ) касби дониш карда аст.

Шахсоне, ки аз фанни ҳадис ва улуми он огоҳанд, мақоми Имом Ибни Хузайма (р)-ро хуб медонанд. Мавсуф яке аз бузургтарин донишмандони соҳаи ҳадис дониста мешавад. Вай аз тарафи уламои ҳадисшинос лақаби «Имом-ул-аимма» (Пешвои имомон)-ро гирифта аст.

Имом Ҳокими Нишопурӣ (р) дар бораи Имом Ибни Хузайма гуфтааст: «Ман касеро ҳамсони Ибни Хузайма (р) надидаам.»

Имом Дорақутнӣ (р) гӯяд: «Ибни Хузайма (р) донишманди беназир аст.»

Имом Ибни Хузайма соли 223-и ҳиҷрӣ дар Нишопур ба дунё омада соли 311-и ҳиҷрӣ аз олам чашм пӯшид.

Имом Шамсиддин Заҳабӣ, муҳаддис ва таърихшинос маъруфи исломӣ дар асари «Торих-ул-Ислом»-и худ бо нақл аз Имом Ҳокими Нишопурӣ (р) дар бобати Исмоили Сомонӣ (р) ва касби илм кардани Имом Ибни Хузайма (р) аз вай чунин менависад:

«Ҳофиз Абуабдуллоҳ Ҳокими Нишопурӣ (р) гӯяд: “Ба вай (баъди маргаш) Амири гузашта Абӯиброҳим мегуфтанд.

Вай аксари таълифоти Муҳаммад ибни Насри Марварзиро шахсан аз худи муаллиф шунида, инчунин аз Аҳмад ибни Рошид ва Муҳаммад ибни Фазл касби илм кардааст. Имом Ибни Хузайма (р), яке аз имомони илми ҳадис ва дигар уламо аз Исмоили Сомонӣ касби илм кардаанд…»

Магар барои Исмоили Сомонӣ (р) дар ҷодаи дониш аз ин ифтихори болотар пайдо кардан имкон дорад, ки Имом Ибни Хузайма (р) аз вай касби дониш кардааст?!

Магар пинҳон мондани чунин саҳифаҳои зарини зиндагиномаи абармади ҷаҳони Ислом, Исмоили Сомонӣ (р) аз чашми фарзандонаш ҷои ҳасрат надорад?!

Оё месазад, ки мо ин гуна шукӯҳ ва шаҳомати падарбузургони худро нодида гирем ва аз онҳо ашхоси на чандон мусулмон бисозем?!

Исмоили Сомонӣ (р) ва тарс аз Аллоҳ Таоло

Вақте Исмоили Сомонӣ (р) дар масъалае қазоват мекард, Исмоили Сомони дасти афсари ҷинояткорашро мебурад

мегуфт:

“Илоҳо! Ончӣ ман дар ин бобат ҳукм кардам, бар асоси тоқату тавонам буд. Намедонам, шояд дар қазовати кардаам ба ноадолатӣ ва зулм роҳ додаам. Аз Ту илтиҷо дорам, ки бар ман бибахшой.”

(Тафсири “Баён-ул-Қуръон”-и аллома Абдулқодири Мулло Ҳувайш)

Исмоили Сомони дасти афсари ҷинояткорашро мебурад

Ҳар боре ба сарчашмаҳои мухталиф оиди зиндагонии падарбузурги миллати тоҷик, асосгузори давлати Сомониён, яке аз бузургтарин давлатдорӣ дар хилофати Аббосиҳо Амири одил, донишманд, нексиришт Исмоили Сомонӣ (р) муроҷиат мекунам ва дурдонаҳои ҷадидро ба даст меорам, бароям бештар ва беҳтар маълум мегардад, ки шахс ё шахсон, як гурӯҳ ё даҳҳо гурӯҳ, ъамдан ё ғайри он таърихи моро таҳриф кардаанд. Ба қаламҳои дар дасташон буда хиёнат кардаанд. Қалам аз соҳибаш масъулият мехоҳад. Бояд ранги он сафедии коғазро тавре сиёҳ кунад, ки назди Худову халқаш соҳибаш рӯсиёҳ нагардад. Аммо вақти нолидан гузашт! Мо бояд ба асли худ пай бибарем! Ҳақиқати таърихи худро на ба таври хостаи дили материалистон ва динситезон, балки аз даричаи нигоҳи худ мунсифона ҷамъоварӣ кунем.

Инак ба яке дигар аз розҳои ниҳони таърихӣ, ки аз дидагони мо махфӣ мондааст, диққат диҳед ва агар фурсати навиштан доред, барои ин ҷадди бузургвори миллати тоҷик дуои неки худро дареғ мадоред!

Ривоят аст, ки рӯзе Исмоил ибни Аҳмад амири Хуросон бо лашкариёни худ дар шаҳри Марв фурӯд омад. Аз ҷумлаи одат ва русуми вай ин буд, ки вақте дар минтақае фурӯд меомад, шахсеро дастур медод, то дар байни артиш садо занад ва гӯяд:

“Ҳеҷ кас аз лашкариён ҳуқуқи дастдарозӣ ба молу ҷони мардумро надорад!”

Аммо ин бор марде аз лашкариёнаш дохили ошхонаи қавме гашт ва аз тарбузи онҳо каме беиҷозат тановул кард. Соҳибони ошхона назди Амир Исмоили Сомонӣ (р) шикоят бурданд, ки фалон афсари Шумо ба моли мо беиҷозат дастдарозӣ кард. Амир Исмоили Сомонӣ (р) фармон дод, то он афсарро ҳозир кунанд. Вақте ӯро назди Амир Исмоил (р) оварданд, аз вай пурсид:

“Чаро ба моли раияти ман дастдарозӣ кардӣ?!”

Он мард гуфт: “Шоҳам, ман хато кардам ва ба кардаи худ эътироф мекунам.”

Амир Исмоили Сомонӣ (р) дар посухи вай гуфт:

“Ман қудрати онро надорам, ки барои хатои содиркардаи ту дохили дӯзах гардам!” Фармон содир кард, то дасти он шахс барои ин ҷиноят бурида шавад! Фармонаш иҷро гашт. (“Ат-тибр-ул-масбук фӣ насиҳати-л-мулук”-и Имом Муҳаммад Абӯҳомиди Ғазолӣ (р))

Абдуллоҳ Оқилзода 

Баргирифта аз саҳифаи фейсбукии муаллиф

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика