Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоТоҷикистон аз Туркия имтиёз гирифтан мехоҳад

Тоҷикистон аз Туркия имтиёз гирифтан мехоҳад

Тоҷикистон аз Туркия имтиёз гирифтан мехоҳад

Нуридин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз ба тавофуқ нарасидани Душанбеву Анқара дар амри мубориза бо «террорисм» ва «экстримизм» парда бардошт.

5— уми январи соли ҷорӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳуруии Тоҷикистон ҷаноби Нуридин Саидов дар нишастии матбуотии ниҳоди зертобеаш дар шаҳри Душанбе дар робита ба идомаи фаъолияти литсейҳои «Туркӣ— Тоҷикӣ» гуфт: «Ман тарафдори азнавташкилкунии ин муассисаҳо ҳастам, ман тарафдори бо ширкати «Шалола» бастани қарордод ҳастам, фақат қарордоди хайриявӣ, на зиёда аз ин!»

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳамзамон эълон кард, ки қазияи ин муассисаҳои марбут ба рӯҳонии пурнуфӯзи Туркия ҷаноби Фатҳуллоҳ Гюлен, ки дар табаддулоти давлатии тобистонии Туркия дар соли 2016 алайҳи ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон муттаҳам мешавад, таъкид кард, ки «пайгирӣ кунед, ин масъала то нишасти матбуотии оянда (яъне, то шаш моҳи дигар) ҳалли худро пайдо мекунад.»

Нуридин Саидов бо ин мавзеъгириаш фош кард, ки Туркия ва Тоҷикистон, то кунун дар масъалаи мубориза бо террорисм натанҳо ба мувофиқа нарасидаанд, балки Тоҷикистон дар ин шашмоҳаи аввали соли 2017 бар ивази иҷозатнома додан ё надодан ба ин муассисаҳои таълимӣ аз Ҳукумати Туркия як навъ «имтиёзгирӣ» кардан мехоҳад.

Муносибати Тоҷикистону Туркия дар амри мубориза бо мухолифони сиёсиашон, ки ҳарду ҷониб мухолифони худро дар либоси «террорисм»—у «экстримизм» муаррифӣ мекунанд, аз соли 2015 ба ин тараф тира шудааст.

Дар ҳоли ҳозир баъзе фаъолони сиёсии Тоҷикистон дар Туркия ба сар мебаранд ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳузури онҳоро нигаронкунанд арзёбӣ мекунад ва аз ҷониби дигар фаъолияти ширкатҳои туркии марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен дар Тоҷикистон ҳукумати Эрдуғонро нороҳат кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон он идда фаъолони сиёсиаш, ки дар алоҳидагӣ ё ҳамроҳи хонаводаҳояшон дар Туркия ба сар мебаранд, бо тамғаҳои «террорист» ва «экстримист» муттаҳам мекунад, аз сӯи дигар ҳукумати Туркия бар ин бовар аст, ки ширкатҳои туркии марбут Фатҳуллоҳ Гюлен аз ресурсҳои тағзиядиҳандаи шабакаҳои «террористӣ»—и Гюлен ба ҳисоб рафта, онҳоро дар ноором гузоштани ҳукумати Анқара саҳмгузор медонад.

Ҳукумати Туркия баъд аз табаддулоти нокоми давлатӣ дар соли 2016 билофосила шабакаи марбут ба Фатҳуллоҳ Гюленро ба даст доштан дар он табаддулот муттаҳам карда, аз тамоми кишварҳои он чӣ «дӯст»—ашон хонд, аз ҷумла аз Тоҷикистон дархост карда буд, ки фаъолияти тамоми ширкатҳои мансуб ба ин шабакаи «террористӣ»—ро қатъ кунад, аммо тавре маълум мешавад, Тоҷикистон на танҳо фаъолияти онҳоро қатъ  на кардааст, балки аз нав мехоҳад бо ин ширкатҳои мансуб ба як шабакаи «террористӣ»—ро ҳамкориҳои худашро ба роҳ бимонад.

21—уми октябри соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷаи Туркия ҷаноби Мевлют Човушоғлу дар шаҳри Душанбне бо оҳанги таҳдид гуфта буд: «ҷониби Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизм истифода аз “стандартҳои дугона”-ро қабул надорад.»  Аммо ҳоло маълум мешавад, ки ин зӯргӯиҳои президенти Тоҷикистон бетаъсир буда, ҳоло мехоҳад ин «қарта»—ро як бори дигар биозмояд ва дар баробари он аз Туркия чизе бигирад…

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика