Яке аз шахсиятҳои туҳматзада ва ҷабрдидаи таърих Умари Хайём (тав. 18 маи 1048м. — ваф. 4 декабри 1131м.) аст, ки ҳаштсад сол боз бо мансуб кардани рубоъиёти ҷаълие бар ӯ туҳмат мезананд ва аз ӯ шахсияти майхораву айёшу мунҳарифу даҳриву зиндиқро метарошанд.
Тайи ҳаштсад сол, дасти истеъморгарон ва муғризон аз тору пуди рубоъиёти ҷаълӣ Хайёми мавҳуме бофтанд ва Хайёми асилро ба зиндони фаромушӣ супурданд.
Чун номи Умари Хайём ба забон оваранд, дар зеҳни мардуми Шарқу Ғарб чеҳраи марди куҳансоли ришсафеди майхораи фоҷири айёше пайдо мешавад, ки дар боғе зери дарахте дар оғӯши духтари зебои фиребои нимабараҳнаест ва ӯ барояш аз сабӯ шароб мерезаду месарояду мерақсад ва ниммасту нимҳушёр шеъру рубоъӣ месароянд ва ишқбозӣ мекунанд… Бад-ин бардошти ғалат аст, ки майхонаву тарабхонаҳоро ба номи Умари Хайём мегузоранд…
Шигифттар ин аст: бо ин ки Хайём беш аз 13 рубоъӣ насуруда аст, ҳама ҷаҳон ӯро бо рубоъисароӣ табҷил мекунанд, вале аз фазлу дониши фарогири ӯ дар улуми дигар муҳри хамӯшӣ бар лаб мезананд, ҳол онки пойгоҳи илмии ӯ дар улуми дақиқ, мисли риёзиёт, алҷабр, ҳандаса, ҳайат, солшуморӣ аз рубоъсароияш ҳазорон мартаба болотар аст.
☀️ Ба ҷуз ин улуми ёдшуда, Қуръон ва тиловату тафсири он, фиқҳи исломиро ба хубӣ медонист ва дар таьрих, тиб, забон ва адабиёти арабӣ дасти тамом дошт.
Шоистаи гуфтан аст, ки мавзӯъи он 13 рубоъии асили Хайём дар бораи ягонагии Худои таъолост, рози офариниш, ё зуҳд, ё дарди зиндагӣ, гила аз дӯстони бевафо ва фақр, на шаробхорагиву куфриёту илҳод…
То имрӯз, то 5 ҳазор рубоъиро ба ӯ нисбат медиҳанд, ки бештарашон барбофтаанд, на ба ӯ рабте доранд ва на ӯ ба онҳо рабте дошта.
Хулосаи мазмуни ин рубоъиёти панҷҳазораи бофта ва умдаи мавзӯъоташон пайравии ҳавову ҳавас асту шаҳватронӣ, инкори қадар асту ботил донистани боззиндагардонидан пас аз марг, нобоварӣ ба рӯзи Доваристу инкори биҳишту дӯзах, баргузидани шаҳватҳои дунё бар биҳишту наъими он асту, барпо кардани пояҳои илҳоду зиндиқӣ, майхорагисту ишқбозӣ ва шаҳватрониву комҷӯӣ ва саранҷом, озодии мутлақи беқайди ахлоқӣ. Гӯиё ин ҳама, дармони ҳама мушкилот ва дардҳои рӯзгор ва мояи хушбахтист.
Ба ибораи дигар, ҳадафи мавзӯъоти ин рубоъиёт ғарқа кардани мусулмонон дар шаҳватҳост ва вайрон кардани бунлоди ахлоқу дини онҳо ва дур карданашон аз воқеъияти ҳаёт ва бастани роҳи саъйу кӯшиши онон дар роҳи ҷустани илму ҳунар, пойбанд кардани онон ба майу комҷӯӣ, талқини худфиребӣ дар ҳалли мушкилоти зиндагӣ ва паноҳ бурдан ба майу маъшуқа дар сахтиҳои рӯзгор аст…
Рубоъиёти мансуб ба Хайём баъди тарҷумаи Эдвард Фитсҷералд (англ. Edward FitzGerald; 1809 —1883) дар Ғарб шуҳрат пайдо карданду сипас, ба забонҳои дигар тарҷума шуданд. Ба ҷуз ин ҷурм, ки ин рубоъиёти нашршуда ба Хайём мансуб шудаанд, бояд, гуфт, Эдвард Фитсҷералд дар тарҷумааш амонатадории тарҷумониро риоят накарда аст ва ончиро гуфта аст, ки худ хоста аст ва ончиро ки истеъмори британӣ хоста.
Бо ин рубоъиёти ҷаълӣ истеъмор аз як нобиғае ки аз бузургтарин донишмандони мусулмон буда, шахсе тарошид, даҳрӣ, майхора, фосиқ, мулҳид, шаҳватхоҳ, динбезор ва исломситез, то ақвоми мусулмони кишварҳои Шарқро ба сӯи дунё ва лаззатҳоион савқ диҳад ва ононро ба шаробу шаҳват машғул гардонад ва дар дину эътиқодашон ва мабодии он машкук созад, то бе ҳеҷ мамониъате ва эътирозе кори худро дар ин кишварҳо анҷом диҳад.
Донишмандони зиёде ва мутарҷимону мусаҳҳеҳон дар сиҳҳати нисбат додани ин рубоъиёт ба Умари Хайём шак доштанд, мисли Аҳмад Ҳомид Сарроф (أحمد حامد الصراف), Лутфӣ Ҷумъа (لطفي جمعة), Д-р Муҳаммад Мусо Ҳиндовӣ (محمد موسى هنداوي), Абдулхолиқ Фозил (عبدالحق فاضل), Д-р Муҳаммад Абдулҳодӣ Абузейда (محمد عبدالهادي أبو ريدة), Абунаср Мубашшири Тирозӣ (أبو النصر مبشر الطرازي الحسيني), Ризо Сиддиқии Нахчивонӣ (رضا صديقي نخچواني), Алии Даштӣ, Содиқ Ҳидоят, Хайруддин Зириклӣ ва ғайра.
Далоили зерин шаҳодат медиҳанд, ки ин рубоъиёти сохта аз Хайём нестанд ва ӯ аз ин рубоъиёти куфромези даҳриёна ва муҳтавои онҳо безор аст, зеро онҳо ё аз навиштаҳои рубоъинависони гумноми даҳриянд, ё онҳоро “муҳаққиқон”-и хиёнатпеша ва муғризони туҳматгар ба ӯ нисбат додаанд:
- Нахуст, ин ки Ғиёсуддин Абул-Фатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ марди бодину рой буда аст ва аз аҳкоми динӣ огоҳ. Ба лақаби ӯ бингаред, ки «Ғиёсуддин» аст. Агар Хайём даҳрӣ мебуд ва хидмати шоёне барои дин намекард, лақаби «Ғиёсуддин»-ро ҳаргиз барояш намедоданд.
Алқоби дигарашро низ меорем, то худ қазоват кунед, ки оё ин алқобро дар он замон ба зиндиқон медоданд, ё ба муъминону мусулмонони покдин?
Ҳаким, Хоҷа Имом, Аш-шайхул-Имом, Аш-шайху-л-аҷалл Ҳуҷҷатул-ҳақ, Алломаи даврон, Аллома Хоҷа, Қудвату-л-фазл, Султону-л-ъуламо, Малику-л-ҳукамо, Имоми Хуросон, Ал-ҳакиму-л-фозилу-л-авҳад, Ал-ҳакимул-фозил, Нодираи фалак, Ҳуҷату-л-ҳаққи ва-л-яқин, Ҳакими ориф, Насиру-л-ҳикмати ва-д-дин, Нусрату-д-дин ва ғайра…
Фақеҳи исломӣ буд ва аз фиқҳ огаҳии том дошт ва яке аз алқобаш «Фақеҳ» ҳаст, чун дар Самарқанду Бухоро фиқҳи исломиро ба хубӣ аз худ карда буд ва ба ин лақаб мушарраф гашта..
- Ҳамъасронаш ва таърихнигорон ӯро ба некӣ сутудаанд, чунонки, Низомии Арӯзии Самарқандӣ ӯро «Ҳуҷҷату-л-ҳақ» ва Абулфазли Байҳақӣ «Имоми асри худ» номида аст.
Ба ҷуз ин, касе аз устодонаш, ё аз шогирдонаш, ё аз ҳамнишинону анбозону дӯстонаш нагуфтаанд, ки ӯ марди майхораву фосиқу даҳриву айёш буда.
Фақат баъд аз мурури 102 сол аз даргузашти Хайём, Наҷмуддини Розӣ (1177 — 1256), соли 1233 м. дар китоби “Мирсоду-л-ъибоди мина-л-мабда’и ила-л-маъод” ду рубоъии Хайёмро овард ва ба интиқоди ӯ пардохт. Аҷаб нест, ки дар ин муддат рубоъиёти наверо бо мазмуни илҳодӣ ба ӯ мансуб кардаанд.
- Шогирдонаш мардони парҳезгор буданд, амсоли Абул-Фатҳ Абдур-Раҳмон Мансури Хозинӣ — муҳандиси номвар, донишманди илми физиё, ситорашинос, риёзидон, файласуф ва кимиёгар, ки бо зуҳду тақво шуҳрат дошт
Дар бархе сарчашмаҳо омада аст, ки Хозинӣ дар ҳаёти хеш бо ризқи андак розӣ ва қаноатманд буд, андак мехӯрд ва хоксорона либос мепӯшид. Боре Султон барои анҷом додани зиҷҷа ҳазор динор муздашро фиристод, вале Хозинӣ он муздро напазируфт ва бозгардондаш ва гуфт, ки ӯ даҳ динор дорад ва барои зиндагии яксолаи ӯ се динор басанда аст….
Инсоф бидиҳед, оё марди даҳрӣ ва дунёпарасту айёше чунин шогирди парҳезгор тарбия мекунад?
- Навиштани рубоъӣ барои Хайём ҷуз саргармие беш набуда аст, ки дар фароғ менавишта аст, аз ин рӯ, худи Хайём рубоъиёташро гирдоварӣ накарда аст ва на касе аз ҳамъасрони ӯ ба ҷамъ намудани рубоиёти у машғул гашта аст. Нахустин бор, соли 1161м. панҷ рубоъии Хайём, баъди 30 соли вафоташ, дар китобе бо номи “Синдбод” омадаанд. Куҳантарин матни рубоъиёти Хайём нусхаи китобхонаи Бодлиани (Bodleian) донишгоҳи Оксфорд маҳсуб мешавад, ки дорои 158 рубоъӣ буда ба соли соли 1460 м. (865ҳ.) дар Шероз китобат шуда аст, яъне пас аз 329 сол аз вафоти Хайём (!!!). Масдари ин нусха низ маълум нест, ки аз куҷо ба даст омада аст.
- Сурудани хайёмона — рубоъиёт бар сабки Хайём корест осон, ҳар шеърнавис, ё шоъире метавонад ба сабки ӯ рубоъӣ сарояд. Чанд рубоъие бар ин сабк аз нависандаи ин сатрҳо барои мисол меорам:
Олам ба ду ҷав фурӯшу ҷаннатро ҷӯй.
Бо тӯшаи он, раҳи саъодатро пӯй!
Осори гуноҳи куҳнаву тозаи худ,
Бо оби зулоли тавба покиза бишӯй.
***
Эзид зи кафи хок падидат овард,
В-онгаҳ ба ҳазор неъмат-андар парвард.
Он кас ки зи нестӣ ба ҳасти-т овард,
Ҳақҳои ибодаташ адо бояд кард.
***
Эзид раҳи росту каж туро бинмуда.
Паймудани роҳи ростро фармуда.
Ӯ баҳри парастиш офаридаст туро,
На баҳри шаробхории беҳуда.
Идома дорад…
Навиштаи Фирдавсии Нуралиён
Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф