Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоКокои гандзад  

Кокои гандзад  

Таҳлиле аз нашрияи “Субҳ”-и Афғонистон дар робита ба изҳороти Абдуқайюми Кӯчай дар мавриди Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон бар суханони Абдулқайюм Кӯчай, сафир Афғонистон дар Москва эътироз кардааст. Ин ҷумҳурӣ маротиби шадиди эътирози худро ба сафорати Афғонистон дар Душанбе иблоғ карда ва аз Кобул хостори вазоҳат шудааст. Абдулқайюм, сафир Афғонистон дар Маскав, суханоне бар забон рондааст, ки хилофи урфи диплумотик аст. Видеои суханони сафири Афғонистон дар Маскав ба тозагӣ дар торнамои ютуб мунташир шудааст. Оқои Абдулқайюм Кӯчай, мақомҳои ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қочоқи мавод мухаддир муттаҳам кардааст. Оқои Кӯчай ҳамчунон сарони кишварҳои Осиёи Миёнаро дастнишондаи русҳо хондааст.

Ин изҳороти оқои Абдулқайюм Кӯчай нишон медиҳад, ки эшон намедонанд як сафир чигуна бояд мавзеъгирӣ кунад. Оқои Кӯчай шояд ҳеҷ намедонад, ки забони диплумотик чист ва як диплумот аз чӣ адабиёте истифода мекунад. Сафири Афғонистон дар Маскав, хашми мақомоти Тоҷикистонро барангехтааст. Он ҳам дар вазъияте, ки Афғонистон бештар аз ҳар замон дигар, ба ҳамкорӣ бо ҳамсояҳояш ниёз дорад.

Мавзеъи Афғонистон ҳамеша таъкид бар интегросиуни минтақаӣ будааст. Бо рӯйи кор омадани ҳукумати ваҳдати миллӣ, раисҷумҳур Ғанӣ ва дигар баландпоягони давлатӣ дар ҳар нишасти минтақаӣ бар ин сиёсат таъкид мекунанд. Проекти CASA-1000 дар ҳамин росто тарроҳӣ шудааст. Ҳукумати ваҳдати миллӣ то ҳамин авохир кампони таблиғоти густурдае ба роҳ андохт ва хост амалиёти шудани проекти CASA-1000-ро ба унвони як дастоварди муҳим муаррифӣ кунад. Агар ин проект амалиётӣ шавад, барқи Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон ба Покистон мунтақил мешавад. Раисҷмҳур Ғанӣ баҳори имсол дар як суханронӣ дар Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки рӯзе Ҳинд ҳам ба проекти CASA-1000 бипайвандад.

Раисҷумҳур Ғанӣ аз манофеъи минтақаӣ сӯҳбат мекунад. Ў ба ин бовар аст, ки татбиқи проектҳое мисли CASA-1000 ба шаклгирии чизе ба номи манофеъи минтақаӣ мунҷар хоҳад шуд ва кишварҳои минтақаро ногузир хоҳад кард то манофеъи миллии худро бо он ҳамоҳанг кунанд. Аммо кокои эшон, ки дар курсии сафири Афғонистон дар Маскав такя задааст, ҳамаи риштаҳоро панаҳкор мекунад ва барои Кобул мушкили калони диплумотик халқ мекунад.

Ҳукумат мондааст, ки ба давлати Тоҷикистон чӣ ҷавоб бидиҳад. Ин рӯйдод бояд барои раисҷмҳур ва дигар баландпоягони ҳукуматӣ як дарс бошад. Хешовандсолории мақомҳои давлати бар мабнои равобити хонаводагӣ ва хешовандӣ илова бар ин, ки хилофи асли шоистасолорӣ аст, мушкили калоне барои ҳукумат халқ мекунад.

Вақте чунин мушкилот ба вуҷуд меояд ва як диплумот изҳори назарҳои ғайрмасъулона мекунад, расм аст ҳукумати матбӯъи он диплумот аз давлати мутазаррир маъзарат мехоҳад ва мақомеро, ки мушкил халқ кардааст, барканор мекунад. Касе, ки як давлатро ногузир ба узрхоҳӣ мекунад, роҳи дигаре нест ғайр аз ин, ки аз симаташ барканор шавад. Раисҷумҳур ҳам беҳтар аст, ки кокояшро аз Маскав бихоҳад ва ӯро дар Кобул ба риёсати як ҷиргаи қабоилӣ бигуморад.

Касе, ки надонад чӣ гуна аз ҷойгоҳи як сафир сухан бигӯяд, шоистаи мақоми сафорат нест ва бояд ба кори дигаре машғул шавад. Аз аввал ҳам гумоштани оқои Кӯчай ба унвони сафири Афғонистон дар Русия иштибоҳ буд. Раисҷумҳур Ғанӣ ашхоси мавриди эътимоди дигар ҳам дорад, ки метавонанд аз ӯҳдаи сафорати Афғонистон дар Маскав бароянд. Набояд доираи эътимоди раисҷумҳур он қадар танг бошад, ки ғайр аз аъзои хонаводааш каси дигаре дар он нагунҷад.

Сафорати Афғонистон дар Маскав яке аз самтҳои муҳими диплумотики мо аст. Барои Афғонистон сафоратхонаҳои Амрико, Покистон, Эрон, Арабистон, Русия ва Ҳинд хеле аҳамият дорад. Набояд дар ин сафоратхонаҳо касоне гумошта шаванд, ки тавоноӣ надоранд. Масалан агар як одами нотавон ба сифати сафири Афғонистон дар як кишвари искундиновӣ муқаррар шавад, осеби камтаре ба кишвар мезанад, аммо агар як одами нотавон ва ноошно бо фанни диплумосӣ ба сифати сафири Афғонистон дар Маскав, Исломобод, Теҳрон ё Деҳлӣ муқаррар шавад, осебаш ба тамоми Афғонистон мерасад. Имрӯз кокои раисҷумҳур мушкили калони диплумотик барои Кобул халқ кардааст.

Дар шароите, ки Афғонистон даргири ҷанг аст, ба суди мо нест, ки равобит бо Тоҷикистон низ дучори мушкили ҷиддӣ шавад. Тоҷикистон дар 15 соли гузашта ҳамвора аз Афғонистон ҳимоят кардааст. Тоҷикистон ҳузури ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистонро пуштибонӣ кардааст. Ин кишвар барои шаҳрҳои Кундуз, Тахор ва Кобул барқ фароҳам мекунад ва ҳозир ба ҳамкорӣ бо Кобул аст. Мақомҳои амниятии Афғонистон ҳам Тоҷикистонро муттаҳам ба тахрибкорӣ дар хоки Афғонистон накардаанд.

Афғонистон ва Тоҷикистон рӯйи густариши равобити тиҷоратӣ, табодули зиндониён, ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва амалисозии проекти CASA-1000 кор мекарданд, аммо изҳори назари беҷои сафири Афғонистон дар Маскав, сабаб шудааст, ки ин ҳамкорӣ осеб бубинад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика