Роҳбари Саридораи геологияи Тоҷикистон Мурод Хол ба ин назар аст, ки қаблан ширкатҳои қаллоб аз “ҷавон будан” ва бетаҷрибагии ҳукумати Тоҷикистон истифода карда, онро фиреб мекарданд.
Бинобар ин, тибқи гуфтаи ӯ, ҳукумати кишвар давоми се соли охир судури иҷозатномаи кор дар конҳои Тоҷикистонро мутаваққиф кард.
Мурод Хол дар ниҳӯшасти матбуотии ниҳоди зертобеъаш гуфт, ки “ширкатҳои беномус” аз ҷавонии ҳукумати Тоҷикистон истифода карда, дар биржаҳои байналхалқӣ аз иҷозатномаҳое, ки аз ин кишвар барои коркарди конҳо гирифтаанд, барои гирифтани даромади муфт сӯистифода мекардаанд.
“Вақте ширкатҳои сеюм меоянд, мебинанд, ки аллакай шароиту қонунгузорӣ дигар аст. Аз ҷумла қонунгузории Тоҷикистон иҷозат намедиҳад, ки ширкат бе розигии ҳукумат иҷозатномаи кор дар конҳоро ба тарафи сеюм диҳад” — гуфт раҳбари Саридораи геология. Аммо шарҳ надод, ки чӣ гуна вақте ба ширкати иҷозатнома дарёфткарда ҳуқуқи додани он ба тарафи сеюмро надорад ва ин дар шартнома қайд мешавад, тавонистааст иҷозатномаро ба тарафи сеюм фурӯшад.
Ба гуфтаи Мурод Хол, дар конҳои ҳамеша баҳсбарангези Зиддӣ ва Назарайлоқ ҳолатҳои сӯиистифодаи ширкатҳо “аз ҷаовнии ҳукумат” ба қайд гирифта шудааст. Кони Назарайлоқ солҳо дар дасти мухолифини давлат, аз ҷумла Мирзохӯҷа Давлатов қарор дошт ва танҳо баъди ҳаводиси Ғарм ба ихтиёри яке аз наздикони раисҷумҳур гузашт.
Ҷаноби Хол мутмаин аст, ки сабаби интиқоди ширкатҳои маблағгузор аз Ҳукумати Тоҷикистон маҳз ҳамин нофаҳмиҳое аст, ки “ширкатҳои беномус” бармеангезанд.
Раҳбари Саридораи геологи иттило дод, ки айни замон дар кишвар 90 кон барои омӯзиш пешниҳод шуда,10 кони дигар барои коркард кардан омада карда шудаанд. Иҷозатномаи кор дар ин конҳо бо озмун ва баъди иҷрои расмиёту шартҳои ҳукумати кишвар ба ширкатҳо дода хоҳад шуд.
Мурод Хол гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон дар садади қабли қонуни нав дар бораи қаъри замин аст, ки дар он манфиатҳои давлат ҳимоя шавад.