Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоМарде, ки худро нафурухт..

Марде, ки худро нафурухт..

Дуруст 50 соли пеш дар чунин рӯзе тифле ба дунё омад, ки ҳама  бо гиряи ӯ механдиданд. Хонаводааш аз омаданаш шодӣ мекарданд, вале ӯ гиря мекард. Мисле, ки медонист дар ин дунё ба ӯ зулм мешавад. Медонист, ки асири хашми девсиратони золиме мегардад ва бегуноҳ ба зиндон меравад. Аммо ӯ инро намедонист. Тифл бузург шуду мактабро тамом намуд. Сипас ба таълими улуми динӣ машғул гардид.  Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро ҳам хатм кард. Дар ин муддат ҳамеша ба фикри беҳтар кардани зиндагии мардумаш буд. Барои хидмати беҳтар кардан ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон пайваст. Дар ҳизб ҳам фаъол бувд.

Бо ин ҳам иктифо накард. Ба соҳибкорӣ рӯ овард. Корхонаи дару панҷараи пластикӣ роҳандозӣ намуд. Мехост аз ин роҳ ҳам ба миллату ватанаш нафъе расонад. Ба ниёзмандони  атрофаш ҳам кумак мекард. Инсони бофарҳангу саховатпеша буд.

Аммо дар панҷаи зулми золимон асир афтод. Аҳримансифатоне ин рафтору аъмоли ӯро барои худашон хатар пиндоштанд.  Онҳо аз шиори хидмат ба мардум тарсиданд. Садоқат ба Ватан барои мақому мансабашон таҳдид буд. Аз шиори Имон ба Худо ларзиданд. Зеро ҳаркасе ба Худо имон дошта бошад худро намефурушад ва ба Ватану миллаташ хиёнат намекунад. Ба ҳамин хотир ӯро номардона зиндонӣ карданд.

Ӯ на замини Ватанашро ба касе фурухта буд, на мансабу мақомҳои ҳукуматашро ба авлоду наздиконаш фурухта буд. Ӯ на роҳи мардумашро пулакӣ карда буд ва на барқи онҳоро барои нафси худаш ба ҳамсоягонаш фурухта буд. Ӯ на худашро пешвову берақибу бемонанд эълон карда буду на бо Худову Расулаш ҷанг эълон карда буд.

Танҳо гуноҳаш ин буд, ки Худашро нафурухт.

Абдусамад Ғайратов дар соли 1967 дар Кӯлоби бостонӣ чашм ба ҷаҳон кушод. Ӯ имрӯз зодрӯз дорад. Аммо зодрузашро дар кунҷи зиндон мегузаронад. Чигуна ва бо кӣ намедонам. Вале медонам, ки имрӯз зодрӯз дорад.

 

Эй асире, ки рӯҳат аз ҳамаи золимон озодтар аст!

Дуо мекунем, ки зодрузи баъдиатро дар хонаат ва дар ҳалқаи фарзандону пайвандонат ҷашн бигирӣ!

Худованд ёру ёварат бошад Абдусамади азиз!

Зодрӯз муборак эй асири хашми девон!

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика