Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоАбдураҳим Восеев ба Тоҷикистон истирдод шуд ва 4 соат пас ба онҷо...

Абдураҳим Восеев ба Тоҷикистон истирдод шуд ва 4 соат пас ба онҷо мерасад

Фаъоли сиёсӣ Абдураҳим Восеев, дар сарҳади Русияву Украина боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Тибқи иттилое, ки худи ӯ ба Сулаймон Давлатов, фаъоли “Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон” додааст, алъон дар дохили ҳавопаймо қарор дорад ва 4 соат пас ба Душанбе хоҳад расид.

Сулаймон Давлатов бо нашри як сабти видеоӣ хабар дод, ки Абдураҳим бо ӯ тавассути радиои “Зелло” дар тамос шуда, хабар додааст, ки дар ҳоли истирдод қарор дорад ва ба зудӣ ҳавопаймо ба самти Душанбе парвоз хоҳад кард. Давлатов сабти садои Абдураҳимро ҳам пахш кард, ки гуфт: “…ҳудуди 5 соат пас дар Душанбе мешавем. Аз тамоми дӯстону бародарон хоҳиш мекунам, ки дар ҳақи ман дуъо кунанд. Дуъо кунед, эҳтиёҷ ба дуъои шумо бузургон дорем…”

Дар идома Восеев, зоҳиран дар посух ба суоли Давлатов гуфт: “тамоми воситаҳои алоқаамро гирифта буданд. Алъон аз як бародар хоҳиш кардам радиои “Зелло”-ро дар телефонаш насб кунад то бо се чор нафар дӯстону бародарон дар тамос шавам… Дигар таваккаламон ба Худо.

Абдураҳим Восеев соли 2014 ҳам бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда буд, аммо баъдан бинобар бегуноҳӣ ба озодӣ баромад. Сулаймон Давлатов мегӯяд, Абдураҳим паноҳандагии Русияро гирифта буд, аммо хостааст бо истифода аз шиносномаи тоҷикӣ ҳудуди Русияро тарк кунад, ки дар сарҳади Украина боздошт шудааст.  

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика