(Ба ёди он азизе, ки сӣ сари сол ҳамроҳу ҳамроз, ҳамсозу ҳамсӯз, ҳамнишину ҳамболин ва ҳамдаму ҳамсарам буд….)
Дилам пора-пора аст, хуншору хунолуд аст.Як сол аст, ки ӯро надорам. Як сол аст, ки ятиму бесоҳибам, як сол аст, ки хурду наҳифам, як сол аст, ки ҷигарам тикаву пора шудааст…. Наметавонам бе ӯ. Худоё чи қадар ёдаш, ишқаш, гармиаш, ҳарфу ҳиҷояш азобам медиҳад. Бе ӯ комилан холии холиам. Чи қадар ӯ бароям намерасад, ҷойи ӯ дар қалбам, дар ҷигарам, дар чашмонам, дар хонаам, дар рахти хобам, дар мағзи ҷонам холист… Рӯзҳо мегузаранд, хуршед тулӯъ мекунад, ғуруб мекунад, шаб рӯзу рӯз шаб мешавад, дарё ҷорист, кӯҳ побарҷост… осмон мисли қабл, замин ҳам, аммо ман…оне нестам, ки будам, ман ман нестам… тамом шудам, обу адо шудам, кабоб шудам, дуд кардам, фано шудам…Худоё , худовандо.. чи рӯзи сиёҳеро бар сарам овардӣ? Бо ин мусибат натавонистам канор оям, хӯ гирам…Худоё аз ин зиндагӣ сер шудам, маро ҳам бигиру бубар. Бубар ва дар паҳлуяш маъвоям деҳ. Охир наметавонам… наметавонам худоё…..
…Зиндагии ман зеру рӯ шуд. Дигар ҷисми беҷонам. Тани бетавонам,балки тавон танамро тарк карду табдил ба турбат шудам.Ҷисми ман ҷонашро аз даст дод, тани ман аз руҳаш ҷудо шуд…….
Оне ки маро тарк кард ва гузошту рафт… на танҳо зан, ҳамсар ва модари фарзандонам, балки рафиқи шафиқ, дӯсти ба маънои пурра ва комили калима -азиз, ёри пур аз меҳру муҳаббат, ишқу вафо,ҳамдаму ҳамроз, маслиҳатгару мушовир, чароғи равшанибахшу роҳнамои зиндагии ман, мунтаҳо …тамоми буду шуд,тамоми вуҷуд, тамоми дороии ман дар зиндагиам буд. Зиндагиам дар ӯ ифода ёфта буд,зиндагиам дар ӯ ва бо ӯ маъно дошт, зиндагиам бо ӯ моҳияту мазмун дошт,зиндагиам бо ӯ комил буд, зиндагиам бо ӯ ширин буд, зиндагиам бо ӯ зиннат дошт,зиндагиам бо ӯ ҳаракатмекард. Шукӯҳу шаҳомати зиндагиам буд. Ӯро бо тамоми вуҷудам ва барои тамоми умрам интихоб карда будам. Ҳамин ҳоло низ заррае аз меҳру муҳаббати ман ба ӯ накостааст. Тасаввури инки бе ӯ хоҳам монд, ӯро ба ин зудӣ, дар нимароҳи ҳаёт аз даст медиҳам, бароям боварнакарданӣ ва бегона буд.Ман ин зиндагиро бе ӯ, бе вуҷуди маъсуми ӯ, бе ҳастии ӯ, як лаҳза ҳам тасаввур намекардам. Ҳоло ки беӯстам тамоми баданам, мағз-мағзи ҷисму ҷонам,дилу ҷигарам,дасту поям,бандбанду буғуму буғумҳоям ,китфону шонаҳоям ,мӯҳраҳову сутунмӯҳраам,саропойи вуҷудам дар сӯзиш,месӯзанд.Лона ва маъмани ғам шудам.Даруну берунам дард мекунад. Марги ӯ фоҷеа, фалокате буд, ки нохосту ногаҳонӣ рух дод. Тамоми зиндагиам, ҳама ҳавасҳову умедҳоям ,ҳама омолу орзуҳоям, ҳама нақшаву барномаҳоям нимароҳӣ шуданд.
Баҳман… моҳи мавлуду марг, ҳаёту мамот, баҳман моҳи хунин.. 12 баҳман-феврал ба дунё омада буд, 16 феврал тӯйи арӯсӣ-ақди никоҳи мо баргузор шуд, ду фарзандамон дар фосилаи ду сол аммо боз ҳам дар охарин рӯзи ҳамин моҳи баҳман ба дунё омаданд ва ниҳоят миқрози аҷал риштаи ҳаёташро дар субҳи шуми одинаи феврал(5) барканд. Турбати мубаррои ӯро аз пойтахт ба зодгоҳамон оварда ва дар ҳамин рӯз ба хок супоридем.
Чи басо шабҳои зулмониву тӯлонии ду зимистон бе ӯ ва бо ёди ӯ, дар ҳасрати ӯву дидори ӯ рӯз ва пеши чашмам сафед шуданд, шабони ҳавлноки чилла…. ва ман аз бистари сарду танҳоӣ, аз болине, ки сари ӯ дар он нест баланд мешавам ва бе онки касе аз аҳли хонаро нороҳат карда бошам, сокиту оҳиста беруни дар мешавам ва қатраҳои сиришки талху шӯр бари рухсораҳоямро, ки ҳамакнун дар ин як соли набуди ӯ ожанг ва чину чурук задаанд, мешӯянд,пешипохӯрдаву сарозер мешаванд. Дили ман об шуда, ҷигарам сӯхтааст.Худоё…. Танҳоям, танҳои зор
….Рафиқам куҷоӣ, азизам куҷоӣ, муҳибам куҷоӣ, ҳабибам куҷоӣ, шафиқам куҷоӣ?Куҷоӣ, ки бе ту табдил ба тандиси ғам шудам….Бе ту бекасам.
Зиндагӣ моҳият ва мазмунашро барои ман тамом кард, зиндагии ман ба охири хат расид. Зиндагии ман мурд,балки заҳри танам шудааст ин зиндагӣ.Не қудратеву не қуввате. Не маҷолу не мадоре. Пуштвонаам шикаст. Муттакоямро аз даст додам.Ҳама дороиямро аз даст додам.Не орзуеву не ҳавасе.Мағзам ин ҳама муддат карахт ва ноҷунбон аст. Мисле ки дигар холиам… холии холӣ.Ва ҳойил. Овезон.Ларзонаку номуқаффал ва мисле, ки ҳозир меуфтам ва чизе ва касе нест, ки дастам бидорад, кӯмакам кунад. Ӯ агар буд, тамоми ҷисму ҷонашро бароям такягоҳ, девор ва пуштвона мекард. Аммо ҳоло маҳрумам. Маҳруми муттако, маҳруми пуштвона, маҳруми деворе устувору қавӣ ва мӯҳкам….
… Маро ҳама насиҳат мекунад, ки ба хотири фарзандон сабру тоқат намоям. Дуруст аст. Чора надорам ба ҷуз аз тоқат ва таҳаммул. Аммо дар даруни алангаи азобу уқубат мепечам, чанголи шахшӯли ғаму дард аз гулӯям гирифтааст,месӯзам.Ман сахттарин даврони зиндагониам, лобал ҷаҳаннамро мурда -мурда пушти сар карда истодаам. Азизи дилу ҷонам, нури чашмонам, қуввати равонам, зӯру мадорам, осоишу ободиамро дар канорам надорам. Гурдаи пурам буд. Ҳузури ӯ дар зиндагиам ҳама чизам буд. Сӣ сол якҷоя будем. Сӣ сол бо ҳам будем. Се фарзанд ба воя расонидем. Соҳиби набера ҳам шудем:-Аршад. Аршадро болотар ва бештар аз ҳама дӯст медошт. Сахт меҳр монда буд. Аршад ҳам ӯро ҳамин тавр сахт дӯст медошт. Мегуфт бисёр мехоҳад, ки як рӯзи худо Аршад ба падару модараш бигӯяд, ки “ман хонаи бибиам, пеши бобову бибиам меравам”.Ва, ба толеъи баландаш Аршад ин орзуи ӯро бароварда кард…аз хурсандиву шодии ин хабар, ки Аршад суроғи ӯву бобояшро гирифта ва гуфтааст маро пеши бибиам баред, дар курта намеғунҷид. Аммо ҳоло маро ва ҳам Аршадро ва ҳам ҳамаамонро гузошту рафт ….. Ман мондааму ранҷу ғуссаву азоб.Ғаму ғусса танамро мешикофад.Баҳор ҳам расиду хоки мазораш сабз шуд……ва инак тирамоҳ ҳам омаду он ҳама сабзаҳо заъфарон шуданд. Ва боз рӯйи қабраш барфи зимистон нишастааст.Гӯри ӯ дар паҳлуи қабри падарам, ки баъди ҳафтае ва гӯри модараш, ки баъди даҳ моҳи реҳлаташ ҷон ба ҳақ таслим карданд, қарор гирифтааст. Аз посбони қабристони деҳа хоҳиш кардам, ки аз шафати дигари қабраш чени як қабр ҷо бимонад… барои худам.
……Аммо ман баҳор надорам,дигар умре тирамоҳам- гирянда, хазонрасида. Дигар зимистонам-сарду яхзада:
Э чархи фалак, харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.
Э,хок агар синаи ту бишкофанд,
Бас лӯълӯву гавҳаре, ки дар синаи туст.
Гавҳари ман, гавҳараки чашмони ман, ба хоби абад рафтӣ. Рафтӣ, танҳо гузоштӣ. Даруни дарду алам, даруни яъсу навмедӣ.Ҷону ҷигарам лахт- лахт аст. Тавони муқовимат ва муқобала бо фишори дарди набуди ӯро надорам. Ёди ӯ маро озору азият мекунад. Симо ва сурати ӯ, ки гоҳо барҷаставу рӯшан ва баръалло пеши назарам чун навор зинда мешавад ва гоҳо чун авроқи рангбохтаи китобҳо тираву хира менамояду хобро аз дидагонам бурдааст. Намедонам, шояд девона мешавам дар охири кор? Созиш бо онки ӯро дигар дар канорам надорам мекушадам.
Худоё, маскане аз равзаи ризвонатро барояш арзонӣ дошта бошӣ.
Ӯ беозор, хушмуомила, нармгуфтор,меҳрубон, ҳалим, накӯманзар ва бениҳоят зебо буд. Тамоми зану мард гирист. Ҳам ба хотири онки ҷавон буду ҷавон рафт ҳам ба хотири хислат ва хулқу атвори бисёр ҳам писандида ва ҳамидааш.. Худои гулчин мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Гули маро чид.
Дигар дар аксҳои зебои ӯ назар карда наметавонам. Буғзу алам диламро метарконад. Мунфаҷир мешавад қалбам.
Чашмамро пӯшам ва ё бедор ҳам бошам сурат ва симои зебову дилкаш ва ҷаззоби ӯ аз назарам дур намешавад.
30 соли зиндагӣ ба мисли як лаҳза, ба мисли як фосилаи кӯтоҳу гузашт.
Зиндагии бе ӯ… дигар ӯро дар хобҳоям мебинам.
Аршад набераам суроғаш мекунад. “Маро ҳам ҷаннат пеши бибиам баред, мегӯяд”.
Духтари ягонаам-модари Аршад як рӯз гуфт, ки: “Додоҷон апаамро(очаашро) ин рӯзҳо ин қадар пазмон мешавам”.Душанбе раф,т натавонист. “Дар ҳар куҷо ки равам апаам пайдо мешавад”.
Ҳарду писарам бо ҳам нигоҳ карда наметавонем. Талош мекунем аммо аксар нигоҳомонро аз ҳам мегурезонем.
Ба дидорат пазмон шудам, муштоқи дидорат шудам хуморат маро ҳаррӯз миллион бор мекушад. Азизи дилам туро мо асло фаромуш намекунем. Ту дар мағзи дилу дидаи мойи( пардаи оби чашм пеши чашмамро мегирад ғӯра- ғӯра сиришки талху шӯр бари рухсорҳои ҳамакнун ожангбастаамро нишеб мешавад, рӯи клавиатура мерезад…
Аҷиб инки дигар ҳар куҷо ки мерафтам ҳатман дар паҳлуям дар нишастгоҳи паҳлуи ронанда мешишт. Дар ин авохир як лаҳза ҳам бе ӯ буда наметавонистам.Ӯ ҳам ҳамин тавр. Ҳамеша ҳамроҳам ва ҳамеша дар канорам буд….
Мехоҳам боз фарёд кашам аз банди ҷон, боз гардангирӣ кунам бо хоҳарону додаронам. Дилам об мешавад. Лашкари беамони ҷаррору ҷаббори ғам дарунамро тохту тоз мекунад.Дасту дилам ба коре пеш намеравад. Завқу ҳавас ва ҳавсалаи зиндагӣ дар дилам мурдааст. Балки ба назарам чунин метобад, ки худам, дилам мурдаем. Ба як ҷасади раванда бадал шудаам.Дар они воҳид зиндагиам хоку туроб шуд. Ҳамаи нақшаҳо ва ниятҳоям беарзиш шуданд. Аз осмон ба замин аз арш ва фарш задам.
…Мегуфт, ки арӯсии писарамон гузарад сипас ҷарроҳӣ мекунам. Ҳоло шояд ягон фалокате шаваду тӯй баргузор нашавад. Мегуфт гулхани бузурге меафрӯзем ва ду каса мерақсем. Аз хонаи арӯс то манзили худамон бо тамоми ҳастӣ ва қувват мерақсем. Тӯйи писари калониамон аст.. Келини аввалинамон. На фақат, ки ману ту … ҳама мерақсанд. Аммо ба тӯй нарасид. Ҳамон субҳе, ки мебоист барои тӯй меомадем ҷон бохт. Худоё ин чи мусибате? Орзуҳояш дар сабзаи сари гӯраш сабзидаанд. Дидам.
….Эй азиз. зй азизтарин азиз! миллиону анд бор гуфта будамату боз такрор хоҳам кард, ки бо тамоми вуҷудам, бо тамоми овозам, аз умқи қалбам, аз қаъри ҷону ҷигарам, то вақте дар бадан ҷон дорам, то замоне рӯи ин замин ҳастам, то он соате, ки маро низ дар канорат зери хоки сияҳ, даруни хонаи абадӣ мекунанд, ёдатро, хотиратро,симоятро, садоятро, ҳар як ҳаракататро зиндаю бедор хоҳам дошт ва бо ман ва дар ман маҳфуз хоҳад буд.Дили ман санги сари мазори ту аст.
Мо он рӯз мебоист деҳа барои тӯй меомадем.Сахт хурсанд буд, ки келин мефурорад. Мегуфт рақс мекунӣ. То ҳаракат дар дасту поямон ҳаст рақс мекунем… Устухонҳоям месӯзанд,ҷигарам,дилам, мағзи сарам месӯзанд…ҷонам месӯзад….
Мебоист ҷигарашро ҷарроҳӣ мекардем. Дарди ҷигараш “кӯҳна” ҳам шуда буд. Аммо ҳеҷ намехост, розӣ намешуд. Як вақт хурсандона гуфт ҳамон решаи тотин, ки чанд вақт истеъмол карда буд, ҳаҷми захмҳои ҷигарашро кам кардааст ва аз хешони дар деҳа буда боз ҳам решаи тотин дархост кард. Аммо дар ниҳоят розӣ шуд, ки ҷарроҳӣ кунад. Вале гуфт аввал тӯйи Халилро баргузор мекунему арӯсро ба хона меоварему баъд ҷароҳӣ мекунем: “ Намехоҳам бо ин ҷарроҳии вазнин, ки ҳамзамон заҳрхалта ва ҳозимааро низ амал мекунанд ва наздики нӯҳ соат давом мекардааст, хурсандии писарамро ба мотам бадал кунам.Чун номаълум аст, ки аз ин ҷарроҳӣ ҷони солим бадар меорам ё хайр?”….
Аммо… қисмати талх , толеъи бад ва пешонии шӯри маро бубинед, ки ҳама асбоби тӯй муҳайё, гову моли барои тӯй харидорӣ шуда ва ҳамон рӯз, ки тибқи барнома деҳа тӯйгузаронӣ меоем ногаҳону новақт пеш аз намози бомдод,бидуни онки оҳу воҳ, гӯяд, дард кашад… ҷонаш баромад…хоби шабашро барои абад, то қиёмат, то рӯзи растохез тамдид кард. Озими водӣ, роҳии мамлакате шуд, ногузир ҳамагон онҷо хоҳем буд, хоҳем рафт:- яке ҷавон, яке пир. Касеро амон нест аз рафтан ва маскун гузидан дар он водӣ ва ба он кишвар,ки на шоҳ дораду на гадо. Вале сад ҳайф, ки ҷони чун ӯ ҷавонҳое, ки бо ҳазору як ҳавасу орзу ва бо дили кашол-кашол сокини ин диёри хамӯшон мешаванд:
Зи пурборӣ агар шохи дарахте бишканад ғам нест,
Вале чун бишканад шохи ҷавоне гиряму гирям….
На тӯйро дид, на арӯс овард ва на ҷомаи домодии ба ҳазорон ҳавас дӯзонидаашро ба қомати болои шаҳписараш андохт. Орзую ҳавасҳояшро бо худ ба хонаи сарду торики лаҳад бурд. Ва тӯйхона ба мотамхона мубаддал гашт.
…. Дар хонае, ки дар деҳа доштам то ҳоло зиндагӣ накарда будем.Қарор буд ҳарду маросими хурсандибахши бурёкӯбону келинфароронро дар ҳамин манзили нав якҷо барпо кунем. Хоҳарони ману хоҳарони он марҳума бо шодиву тараб вале ғофил аз гардиши чархи ҷафопеша ва теғи заҳролуди дар каминаш, як ҳафта мешавад, ки ба истиқболи мо ва ба ваҷҳи аҳсан баргузор кардани тӯйи арӯсии Халил ба тамизу тозасозӣ ва гилему кӯрпаандозӣ машғул буданд. Аммо ман бо қалби доғ-доғу ҷигари пораву тика ва чашмони варамида аз ашку хун ҷасади беҷони модари Халил, турбати онеро, ки мебоист арӯс мефароварду пешопеши келин ҳамроҳи хоҳаронамон мерақсиду дафу доира мезад, тангачошон мекарду барои домоду арӯс мухаммас мехонд, рӯи дастон аз дарвоза ворид мешавам…
Худоё, ин як рӯзи маҳшар буд, тамоми мардуми деҳа зану мард дар рӯйи ҳавлӣ, дар қади кӯча шоҳиди ин лаҳзаҳо ва ин манзара, ки дарак ва тасвир аз бадбахтии маро доранд, мешаванд. Нахустин касе, ки гардани маро мегираду “во балам воооо баламм мегӯяд” падари 86 солаам аст:” Додоҷон(падарам маро, ки номи падарашро доштам “додо” мегуфт) …додоҷон хонавайрон шудӣ,хонавайрон шудӣ бачаҷонам, ба рӯзи сахт гирифтор шудӣ бачаҷонам. Ман дигарбора сағир шудам …бачаҷонам. Кӯҳ дар пуштат афтод… бачаҷоон бачаҷон”… Дигар касе гарданамро гирифту чи гуфт намедонам. “Кӯҳ дар пуштат афтод”гуфтани падарам гӯшҳоямро маҳкам кард, баст.Поҳои бе ин ҳам беҷонам дигар маҷолу мадор надоранд, ки ҷисмамро рӯйи худ нигаҳ доранд. Пеши чашмонамр сиёҳӣ гирифт. Абристон шуд ҳамаҷо, абрҳои сиёҳ. Яке ба худ омадам, ки дар зери кӯрпааму болои сарам чанд муллову домулло нишаста ва Қуръон мехонанд. Тамоми андомам месӯзад, дарақо дарақ дар баданам уфтодааст. То банд банди устухонҳоям хунук мехурам, сардам задааст. Аммо” кӯҳ дар пуштат афтод”-и падарам боз дар зеҳнам бедор шуд ва яке ҳушу хотирам зинда шуданд, ба худ омадам…
Худи ҳамон шабе, ки дафни хок шуд падарам гуфт, ки тӯйро ба таъхир намеандозем. Ҳафтро медиҳему келинро мебиёрем….”касе пешомадро намедонад. Ман ҳам пир….” Ончики гуфт ҳамон тавр шуд. Ҳафтро гузаронидему шаб ҳоли падарам бад шуд, бемористон бурдем. Баъди кӯмакҳои пизишкон ба худ омад ва ҳолаш беҳ шуд. Ҳама оҳи сабук кашидем. Аммо боз ҳам нашуд. Субҳ дамиду рӯзи калон шуд.Вале яку якбора аҳволаш бад мешавад ва табибон ҷавобаш доданд. Оварданд ба хона, ки аз гап монда буд.Як ё ду мубин аз Каломуллоҳ хонданд, ки ҷон дод. Ӯ ҳам надид келинфарориро. Рӯзи ҷумъаи 5 феврал хонумам ва ҷумъаи ҳафтаи баъд падарам аз дунё рафтанд. Падарам баъди шаш соли реҳлати модарам даргузашт.Падарам ҳам ғами зиёд дидааст, ки қисааш ҷудост.Вале ғами келинашро дили доғдораш таҳаммул накард, дилаш кафид…
….Пазмонам сахт пазмон. Хумори дидораш, гуфтораш,нишасту хезаш.ҷонамро мекушад. Чи тавре ҳам ки пештар гуфтам вақтҳои ахир ҳамин тавр шуда буд, ки ҳар куҷо мерафтам ҳамроҳам буд ва мисли як ҷӯраи наздик ва рафиқи самимӣ ҳамеша дар мошинам дар паҳлуи худам менишаст.Ва гоҳо агар ягон шиносе вомехӯрд, мегуфтам ба қафо гузарад. Мегузашт ва вале баъд мегуфт, ки ин навбат кадом шиносат вохурад ҳам вай дар қафо нишинад.ман аз ҷоям такон намехурам. Мегуфтам чаро?
Мегуфт аз паҳлуят ҷудо шудан намехоҳам. Ба ростӣ ин қадар унс гирифтаву одат карда буд, ки ҳар куҷо мерафтам ҳатман шарики роҳам мешуд….
….Як бегаҳ, баъди шом, ки пушт ба девори хона андохта (дар беруни хона) орому сокит мегиристам духтарам паҳлуям омад. Гуфт:- “додоҷон дилат обу адо шуд,…..ва бо овози олуда бо гиряву ашк афзуд:- ҳамин қадар апаама(ҳамин тавр садо мезаданд фарзандонам ба модарашон) пазмон шудам”… Ин ҳарфи ӯ қариб чанд рӯз бештар аз пештара ба риққатам овард ,дардам боз бештар шуд…. Фарзандонам чи хел шабҳоро рӯз мекарда бошанд. Афшин, ки (соли гузашта риштаи иқтисодии донишгоҳи славянии пойтахтро ба итмом расонд, ҳамоно барои модараш ба ҳукми як кӯдак буд:-либосҳояшро мепӯшонд,дар бастани галстук кӯмакаш мекард, туфлиҳояшро ранг мезад, ҷуробҳояшро мепӯшонд, тукмаҳои куртаашро мегузаронд, гиребонҳояшро рост менамуд…басо барои модараш азизу нозпарвард буд…ва ҳатман ҳамарӯза вақти бадрақа аз ҷабинаш мебӯсид. Ва Афшин ба ин корҳои ӯ чунон хӯ гирифта буд, ки агар гоҳе нохоста бидуни бӯсаи модар аз пилаҳои ошёнаи чаҳор пойин мешуд, ҳатман пас меомад , то ки модар бибӯсадаш. Набераи дӯстрӯву азизам Аршад ин қадар дӯсташ медошт. Ҳеҷ кадоме аз моро ба мисли ӯ дӯст намедошт. Ду кас рӯзи дароз бозӣ мекарданд. Ҳарчанд кӯдак хаставу лакот мекард аммо боз ҳам ҳамроҳаш бозӣ мекард.
Чандин бор(бешубҳа, маълум аст ки аз гиряву нолаҳои калонсолон чизеро пайхас ва ҳис мекард) мепурсад:- оча ,бибиам куҷост?Чун гуфтандаш, ки бибиат дар биҳишт аст,борҳо мепурсад, ки “ бибиям аз биҳишт кай мебиёд. Чаро бибам намеояд? Магар биҳишт ин қадар дур аст?Меомад наздам ва мегуфт: “бобо мана биҳишт пеши бибиҷонам байед”.
Оҳ.. дилу ҷигарам пора- пора мешаванд. Чи гӯям ба ин кӯдаки сахт одаткарда ба бибиаш?Ҳарфҳои кӯдаконааш банд-банди ҷонамро дард медиҳанд… ҳарфҳои ин кӯдакро таҳаммул кардан кори басо мушкил аст… “мана биҳишт байед пеши бибиям”.
….Агарчанде ин тавр менависам ва ба даргоҳи худованди пок шукрона мекунам аммо боварам намешавад, ки ӯро дигар намебинам. Ба назарам инак ҳоло бо лабони пур аз табассуми зебову хосу махсуси худаш хандон- хандон дарро мекушояду медарояд , шарфаи омаданашро, садойи поҳояшро, гармии нафасашро мешунавам…аммо ақли солим мегӯяд, ки на, дигар беҳуда худатро фиреб надеҳ,тан дарнеҳ ба зарбаи сангину ҷонкоҳи сарнавишт….
Шабам дар мотами ҳиҷрон ду абру дар хиёл омад,
Ба сина ҳар куҷо нохун задам шакли ҳилол омад.
Вақте ба поёни ин навишта расидам, намедонам,ин бори чандум буд, ки чашмони ман аз резиш ва заҳидани об, ки ашку сиришкаш мегӯем қирмизӣ шуда варамида буд. Дилам мехоҳад, бисёри бисёр мехоҳад як бораки дигар, мӯъҷизае бишаду ӯро бубинам:-зиндаву пур аз табассум ва шодобу ҷаззоб, онгуна ки буд, онгуна ки рафта буд…
Оҳ, ай худо…бале шукр мекунам, ба ҳама ончики маро насибу рӯзӣ додаӣ,шукри фарзандону ҳоло алҳол танҳо ягона набераамро мекунам, шукри бародарону хоҳарон ва ҳамаи хешу табор ва дӯстонро мекунам. Аммо… чаро дурӯғ бигӯям, ки сахт, сахти сахт, бениҳоят пазмонаш шудам, пазмони дидораш шудаам, он азизи дилу дидаро фаромуш карда наметавонам. Ёди ширинаш боқист дар ман ва барои ман ҳамеша зиндааст… зинда…..зинда..
Ин рӯзҳо ин қадар хурду заифу кӯчак шудаам, ки камтарин нағма диламро ба риққат меоварад. Оҳ, худоё, ин ғуссаҳо, ин ҳирмон, ин ғурбат, ин ҳиҷрон кай хотима ёфтаву рӯзгори моро видоъ мекарда бошад ва фанои он кай мерасида бошад? Дерест, ки ашк ёру сиришк мушфиқу оби чашм мӯниси шабону рӯзонам шудааст.Бале, ҷузътарин, хурдтарин ҳарфу ҳиҷо бароям ва болоям фишору вазни кӯҳро гардон мекунад. Бо қади хамида ва қомати шикаста ҳамаашро таҳаммул мекунам, фурӯ мебарам ва аз ин дарди ҷонкоҳ ҳарфе берун намекунам, магар ки ҳамин оби чашм, ки заҳида, заҳида ҳамаашро мебарорад, як ками каме сабукам месозад… Аммо боз ҳам такрор мешаваду такор мешавад ин ҳама ҳолат дар вуҷуди оташгирифтаву сӯхтаву хокистаршудаам.
Тахминан ягон моҳ пештар аз марги он азиз шабе хоб дидам, ки ҳама дандоҳоям рехтанд ва рехтанашон ҳам сахт даҳшатнок буд. Аввал дандонҳои боло аз байн ду қисми баробар шуда комилан фуру рехтанд, мисли устухони хушк ва сипас дандонҳои пойин. Ба ваҳшат бедор шудам, ки бедор будааст. Гуфт, чи шуд? Хоби баде дидӣ? Чун зери обу арақ мондаву аз худ садоҳои аҷиб ғариб баровардаам. Хостам мункир шавам ва пинҳон дорам. Исрор варзид, ки бигӯям. Гуфт хоби хубе нест аммо ҳамзамон таскинам дод, ки “туро сиёҳӣ” пахш карда буд, чун садоҳои номафҳум баровардааму ӯ ин замон ҳоло бедор будааст ва боз илова кард, ки хоби касе, ки намозхон аст, яъне пои бо таҳорат аст дуруст мебарояд, ту кӣ намоз намехонӣ.Вале ҳайҳот, хобам баъди чанде таҳаққуқ пайдо карду ҷойи онки мани нодаркорро бигирад он азизро бигирифт.Имрӯз манаму мурда мурда чун ҷисми бидуни ҷон зиндагонӣ кардан, зиндагие, ки дигар аз он сер шудаам… Тани бе рӯҳ, ҷисми беҷон ба кӣ даркор?
Э, азизи дил!365 рӯз ,365 шаб бароят гиристам. Даҳ бор, сад бор, ҳазор бор симои ту пеши назарам омаду меояд, як лаҳза дар ин тӯли як соле, ки дигар каноратро дар канор надорам ва бағали ману оғӯши ман ҷойи истироҳату роҳатат нест, хоки сияҳ туро ба канор ва оғӯш гирифтааст. Тамоми рӯзу шабе, ки бо ту пушти сар кардам мисли навори кино ҷилави чашмонам зинда ва ҳувайдо мешаванд. Бандбанди дилам канда мешавад. Туро сахт ёд кардам. Туро сахт пазмон шудам. Даруни чашмони поку маъсумат нигоҳ мекардам, даруни чашмоне, ки тамоми ранҷу озору азоби маро фурӯ мекашиданд. Тамоми ранҷу дарди маро мехушконд, чашмонат ба ҳадде рамуз гирифта буд, ки баробар бо хира ва фурӯ рафтан даруни онҳо тамоми хастагиҳоям рафъ ва бартараф мешуданд. Балки бо як нигоҳи гузаро ва мухтасар чашмони ту ҳама ранҷу дардро аз ман мегирифт. Ту на танҳо занам будӣ, ту пизишку табиби рӯзу рӯзгорам будӣ.Мисли як оҳанрубо, мисли як миқнотис ҳамаи ранҷу озору азоби маро мекашид ва даво, шифо ва дармон мебахшид. Худоё, чи қадар ту барои ман намерасӣ, худоё чи қадар ҷойи ту холист ва касе пур наметавонад бикунад. Ман як тифли ширбӯву нозпарварде будам , ки ҷудо аз пистони модараш кардаанд ва ин тифли маъсум ба ёди он шири нӯшин ва он пистони мубарро ҳамеша ва ҳарзамон гиряву гиря мекунад. Балки ту модарам будӣ, ки туро ҳамеша барои худ мутакко ва девори баланду устувор медонистам. Ҳоло ман ҳойилам, овезонам ҳама пешу паҳлуям холист, ман туро,на ,балки ҷисму ҷонамро аз даст додам. Чаро рафтӣ ба ин зудӣ бидуни ҳарфу ҳиҷое, чи бад кардамат?
Чашмони намноку намзада ва намхӯи ман дигар осори азият ва озори фироқи туро ба намоиш гузоштаст. Қомати болову баланди ман хам зад, Сафедӣ тамоми мӯйи сар ва риши маро гирифт. Бахудо ғамат сахт аст. Ман намедонам бо худам чи кор кунам?
…..Дар ҳар куҷо, ки чашмам менигарад акси ӯро мебинам. Дар дар, дар тиреза, дар хона, дар матбах, дар кӯча дар ҳамаҷо.
Зиндагии ман мурд.Ман ба самти ғуруб меравам, ман ғуруб шудаам, ман ғубор шудаам…
Ёдаш, хотираш ҳамеша ҳамроҳам аст, раҳоям намекунад. Хоҳ дар хонаам, хоҳ дар роҳам, хоҳ дар ягон маросиму маъракаам. Қалбам хун аст, хунпӯш аст, хунгирифта аст. Бо ту омӯхта ва омехта будам. На танҳо чашмонам, ки ғуссаҳоҳову дарду доғамро бурун меоварад, ин дилам аст, ки аз чашмонам мебарояд: рашъа-рашъа, чакра-чакра, қатра-қатра… Гиря қарин ва шарики чашмони ман шудаст, лобал ҳамхонаи хонаи чашмони ман аст. Чашмони калон- калони ман дигар фурӯғ ва шӯъла надорад. Лаболаб об аст.Уқёнус шудаанд. Туро сахт пазмон шудам.Гоҳе аз авқот мехоҳам, ки даруни гӯрат биравам ва дар паҳлуят дароз бикашам. Аммо ин кор, ки ношуданист, шуданӣ нест. Ёду хотират девонаам мекунад. Девона мешавам.
….Ман аз рӯзе, ки худро шинохтам ва ҳатто овоне, ки кӯдак будам аз худо танҳо як хоҳиш ва талаб доштам…будан бо ӯ.На симу на зар, на пулу сармоя, фақат ӯро хоста будам ва мехостам. Ва ин хоҳиш ҳамроҳ бо ман аз бачагиву наврасиву ҷавонӣ ва то ба ҳамин ҳоло беш аз пеш бузургтар мешуд.Фақат ва танҳо ӯ! Чун ӯ дар воқеъ дар пеши чашмонам ба воя расида буд. Даҳ сол дар як синф ҳамроҳаш будам. Ва дар дарозои ин даҳ сол ҳамеша ва ҳамвора ӯро тамошо мекардам. Ҳеҷ гоҳ аз тамошояш дида барнадошта будам. Гуфтам, ки аз худо фақат ӯро мехостам.Худованд маро ба орзуям, ба ончики мехостам расонд ва дар дастрасам қарор дод. Аз ин рӯ ӯ сармояи тамоми умрам буд.Сармояамро худованд бановақт гирифт. Ҳоло фақиру қашшоқам кард.Ба ҳадде фақирам, ки сарҳисобамро намеравам, раҳгум шудаам.
Дигар дар мошин дар паҳлуям намешинад, дигар чашмонаш хастагаҳиямро рафъ намекунад, дигар гармии ҳузурашро, чеҳраи шодобашро , роҳати дидорашро то абад аз даст додам.
….Акнун бақияи умрам дар ташнагии ӯст. Ташнаи ӯ хоҳам буд то поёни умр. Ва ҳамин тавр бо ҳалқу ком ва дилу чашму ҷигари сӯхтаву ташна, чанд соле аз умрам боқист, аз ин ҷаҳон хоҳам рафт.Ташна… ташна… ташна.. .хеле зиёд…ташна
Марсияи ҷонгудозе аз Абдуқаюми Қаюмзод
Тамос бо мо
📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!
📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot
Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.