Дуруст аст, ки рафтани Убайдуллоев аз мансаби раиси шаҳри Душанбе пешбинӣ мешуд. Аммо на ба ин зудӣ ва на дар ин шакл. Тазъиф кардани “клани Фархор”, сипас ба пуррагӣ шикастану ба “клани Данғара” додани тамоми мансабҳои калидӣ аз пешбиниҳоест, ки аксари коршиносон ҳамназаранд. Аммо ин ки Убайдуллоевро бо ин шакл аз вазифа мегиранду ба ҷояш маҳз Рустами Эмомалиро таъин мекунанд, асосан ғайримунтазира буд.
Албатта маълумоти зиёде вуҷуд дошт, ки Рустам аз падараш талаб дорад калиди Душанберо ба ӯ биспорад, аммо карераи ӯро коршиносон тарзи дигаре тасаввур мекарданд. Ба ҳар ҳол, чаро чунин шуд? Чаро ҳамагӣ ду рӯз қабл Эмомалӣ Раҳмон ба писараш, ки дар садри Оҷонсии мубориза бо фасод қарор дошт, супоришҳои зиёде дод, то ҷое, ки ҳама ҳадс заданд ӯ дар ин мансаб ҳади ақал ним соли дигар боқӣ хоҳад монд, аммо ҳамагӣ баъди 45 соат аз вазифааш “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” барканор кард?
Аркадий Дубнов, коршиноси рус аз чунин шакл гирифтани тақсими мансаб дар болотарин мақомоти Тоҷикистон хулоса баровардааст, ки байни ин 45 соат ҳодисае рух додааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистонро осемасар кардааст. Ба андешаи Дубнов Эмомалӣ Раҳмон аз кадом кори Убайдуллоев дарак ёфта, ӯро оҷилан аз вазифааш барканор кардааст. Албатта ишораи Дубнов ба кудато аст.
Аммо ба андешаи мо ин тахмини Дубнов чандон ба ҳақиқату мантиқ рост намеояд. Убайдуллоевро чунон заъиф карда буданд, ки дигар қудрати ташкили кудаторо надошт. Агар ӯ мехост табаддулот анҷом диҳад, ин корро даҳ сол пеш, замони авҷи қудраташ мекард. Дар як-ду соли охир барои ӯ ҳамин ҳифзи мақомаш муваффақияти бузург буд. Баъдан Дубнов ин хулосаро аз мантиқу усули таъину барканоркунии мансабдорон бардоштааст, ки Раҳмон аслан ба ҳеҷ мантиқу усуле созгор нест.
Назари мо ин аст, ки саросемагии раисҷумҳури Тоҷикистон ба марги ҳамкасби Ӯзбекистониашу тақдири фарзандони ӯ бештар бастагӣ дорад. Меросбари падар нашудан як тараф, дар инзиво қарор гирифтану номаълум будани тақдири ояндаи духтарони Ислом Каримов, Раҳмонро ба ин натиҷагирӣ расонд, ки бояд ҳарчӣ зудтар фарзандонашро ба мақоме барорад, ки баъди сари ӯ дигар касе имкони ба даст гирифтани қудрат дар кишварро надошта бошад. Чун дар мақоми нафари дуввуми кишвар қарор доштани Убайдуллоев, ки дар сурати ба ҳар сабабе канор рафтани Раҳмон қудрат дар дасташ хоҳад омад, тақдири Рустаму Озодаро ҳамсони Гулнораву Лола мекард. Албатта ҳанӯз ҳам Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси Миллӣ ва де-юре нафари дуввуми кишвар аст. Аммо де-факто дигар қудрат дар дасташ нест ва раисиаш дар Маҷлис ҳам бо гумони ғолиб рӯзҳои бошумор идома хоҳад кард.
Бо рафтани Убайдуллоев аз раисии пойтахт роҳ барои ҳукумати меросӣ ҳамвортар шуд, аммо ҳанӯз кафолати пурра ба дасти Раҳмон нарасидааст. “Клани Фархор” бидуни Убайдуллоев 5 сол қабл ҳеҷ буд ва аз мақомаш канор зада шудани ӯ ин кланро 80 дарсад заъиф мекард. Аммо имрӯз чунин нест. Ин клан лидери дигареро ба воя расонидааст, ки на танҳо метавонад Убайдуллоевро иваз кунад, балки аз ӯ муваффақтар бошад. Солҳо Эмомалӣ Раҳмон ба тазъифи рақиби асосиаш — Убайдуллоев машғул шуда, бехабар монд, ки рақибе ҷои ӯ бо дастони худаш омода кардааст, ки ба маротиб аз Убайдуллоев хатарноктар аст.
Саймӯъмин Ятимов, раҳбари ниҳоди як замон на он қадар қудратманд, аммо имрӯз қудратмандтарин дар кишвар — Кумитаи давлатии амнияти миллӣ. Раҳбари нави “клани Фархор” ва монеъаи асосӣ дар роҳи ҳукумати меросӣ. Ятимов бо оҳистагӣ, аммо босубот, қадам ба қадам КДАМ-ро ба қудратмандтарин мақом дар кишвар табдил дод. Ҳеҷ ниҳоде ва ҳеҷ мансабдоре дар кишвар вуҷуд надорад, ки аз ӯ хавф надошта бошад. Зеро, Ятимов КДАМ-ро ба ниҳоде табдил дод, ки дар фаъолияташ ягон марзи ахлоқиву фарҳангиро эътироф намекунад ва исбот кард, ки барои расидан ба ҳадаф омодаи ҳама кор хаст. Надоштани марзҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ ин ниҳод ва роҳбарони онро на танҳо қудратманд, балки барои ҳама хатарнок кардааст. Ин нерӯи »бебанду бор» имрӯз вазифаи »саги газанда»-ро барои хонадони Раҳмон ичро мекунад , вале ҳама медонанд, ки саги газанда ҳатман рузе гулӯи соҳибашро хоҳад гирифт. Дар гумон аст, ки Раҳмон инро намедонад. Бо гумони ғолиб Рустами Эмомалӣ хоҳони он нест, ки ҳамеша дар паҳлӯяш як Убайдуллоеви дигарро дошта бошад. Эҳтимоли зиёд, Ятимовро тақдири Убайдуллоев мунтазир аст.
Дар гумон аст, ки Раҳмон танҳо бо аз кор гирифтани ин ду қаноат кунад. Бо назардошти тачрибаи бузурги Убайдуллоев, ки ба давлат ва қудрати Эмомалӣ Раҳмон хатар эҷод мекунад, шояд на танҳо ба раисиаш дар Маҷлис, ҳатто ба дар озодӣ гаштанаш рӯзҳои бошумор мондаанд. Ба зудӣ дар курсии раиси Маҷлиси Миллӣ яке аз фарзандони Раҳмон такя хоҳад зад ва марҳалаи саввуми қисмати навини Убайдуллоев оғоз хоҳад шуд. Убайдуллоев ночор аст, ки дар наздиктарин фурсат бо як иқдоми ошкор вафодорӣ ва даъво надоштани худро ба Раҳмон исбот кунад.
Аҳамияти масъалаи мондан ё рафтани Убайдуллоев на ба хотири шахсияти ӯст. Аз нигоҳи мо, ҳамчун сиёсатмадори »нисбатан мустақил, ошкор ва дорои ҳисси миллӣ» шинохта шудани ӯ на ба хотири он аст, ки ӯ воқеъан чунин аст. Балки дар муқоиса бо Раҳмон ва дигар намояндагони доираи ҳукмрон чунин менамояд. Дар як кишвари нимозод ӯро низ ҷузъ як сиёсатмадори худкома бештар нахоҳанд донист. Аз тарафи дигар, саҳми Убайдуллоев ва амсоли ӯ дар ғӯтавар шудани кившарамон ба як фарҳанги асримиёнагии давлатдорӣ кам нест. Аксари идеяҳои »раҳмонпарастӣ» ташаббуси ӯст ва бо номи ӯ сабт хоҳад шуд.
Инҷо мо бояд дар мисоли ӯ тақдири як гурӯҳи калонро таҳлил кунем, ки онхо бо сари қудрат овардани Раҳмон (25 сол пеш) ва тамаркузи қудрат дар дасти ӯ (байни 2000-2015) чӣ мехостанд ва имрӯз ба чӣ ноил гаштанд. Дар ин мақола танҳо савол мегузорем ва таҳлили онро бояд коршиносону таҳлилгарон холисона инҷо ё ҷои дигар анҷом диҳанд. Назари кӯтоҳи мо ин аст, ки натиҷаи ин интихобҳо фоҷиъаи миллӣ ва барои баъзеҳо фоҷиъаи шахсӣ низ будааст, ки Сангаку Ғаффору даҳҳо нафари дигар мисоли он ҳастанд.
Раҳмон амалан ҳама ҷонибдорону шарикони собиқи худ ва нухбагони дохилу хориҷбудаи миллатро дар рӯбарӯйи як интихоби душвор гузошт, ки ҳар кас бояд худаш интихоб кунад: Ё пазируфтани ҳокимияти хонаводагӣ бо доштани як кишвари нимфеодолӣ, ки кафолати нисбии зиндон нашуданро ҳам хоҳад дод (ва шояд мансабе ҳам бирасад), ё тақдири дигар »хоинон» насиб хоҳад гашт. Убайдуллоев бояд ҳарчӣ зудтар якеро интихоб кунад ва эҳтимоли зиёд интихоб ҳам кардааст.
25 сол пеш Ислом Каримов дар як амалиёти ҳамоҳангшуда бо хадамоти махсуси Русия, Раҳмонро сари қудрат овард ва ҷойгоҳи кишвари моро барои 25 сол муайн кард: қашшоқтарин, заъифтарин ва рӯ ба таназзул. Имрӯз марги ӯ ва тақдири хонаводааш ояндаи кишвари моро аз нав рақам мезанад. Вале барои чанд соли дигар? 25….? 15….? 5….?