Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоМанъи ҳаракати “Старекс”-у “Мерседес”-ҳо мушкили мардумро осон мекунанд ё мушкилтар?

Манъи ҳаракати “Старекс”-у “Мерседес”-ҳо мушкили мардумро осон мекунанд ё мушкилтар?

Манъи ҳаракати мусофирбарҳои кӯчак аз қабили “Старекс”-у “Мерседес”-ҳо, ки ҳукумати шаҳру кишвар ба он тасмим гирифтаанд ва ҷои онҳо ба роҳ мондани автобусу троллейбусҳо, мардуми пойтахтро нигарон кардааст. Ва ба назар мерасад, нигарониашон беасос ҳам нест.

Ин тасмими мақомот, тибқи гуфтаи худашон “барои аз тамбашавии мошинҳо наҷот одани шаҳр” гирифта шудааст. Аммо мардум аз он метарсад, ки на танҳо маҷбур мешавад то 15 дақиқа сӯи истгоҳ пиёда равад, балки бинобар суст будани ҳаракати автобусу троллейбусҳо то ҷои кор ҳам бамаротиб дертар расад. Як корбари шабакаи фейсбук навиштааст, ки ба ҷои 15 дақиқаи қаблӣ, ки бо “Старекс” мерафтааст, маҷбур шудааст 1 соату даҳ дақиқа бо троллейбус  равад.

Бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин тасмими мақомотро нохуш қабул карда, ба баррасии мушкилоте пардохтаанд, ки манъи ҳаракати мусофирбарҳои хурд ба сарашон меорад.

Тибқи гузориши “Озодагон”, субҳи имрӯз, рӯзи аввали манъи ҳаракати мусофирбарҳои хурд ва ҷои онҳо ба роҳ даромадани автобусу троллейбусҳо дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, баръакс боиси тамба шудани мошинҳо гаштааст. Канда шудани хати интиқоли барқи троллейбус дар буриши кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва Саъдии Шерозӣ боис шудааст троллейбусҳо аз ҳаракат монда, роҳи мошингардро банд кунанд.

Тибқи гуфтаи коршиносон, манъи ҳаракати мусофирбарҳои хурд дар тамоми шаҳр, сабаби бекор мондани ҳудуди 3000 ронандагони ин мусофирбарҳо хоҳад шуд. Ҳамчунин якбора ба бозор рехтани ин адад  “Старекс”-у “Мерседес”-ҳо боиси бо шиддат поин рафтани нархи онҳо гашта, соҳибони онҳо на танҳо бекор мемонанд, балки аз фурӯши мошинҳояшон ҳам зарари ҷиддӣ мебинанд. Дар замони бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва ихроҷи садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Русия ба артиши бекорон зам кардани боз се ҳазор нафар иқдоми хубе нест, мегӯянд коршиносон. Бинобар ин давлатро лозим буд пеш аз даст задан ба ин иқдом, дар бораи ба кор таъмин кардани ин 3 ҳазор нафар меандешид.    

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика