Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод дар мавриди он, ки чаро наздиконаш як моҳи охир ҳеҷ иттилое аз Бузургмеҳр Ёров надоранд, гуфт “ҳамааш дар доираи қонун аст”.
Шоҳмурод гуфт тартиби дидору мулоқотро Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таъин мекунад ва набояд аз тақдири Ёров хавотир шуд. Аммо дар мавриди шикояти наздикони Ёров, ки на танҳо як моҳи охир аз ӯ ҳеҷ иттилое надоранд, ҳато намедонанд, ки хӯроки ба ӯ бурдаашон мерасад ё на, чун мактуби ӯро намеоранд, чизе нагуфт.
Вазири адлия аз посух ба суоли хабарнигорон, ки чаро байни қариб 10 авфшуда номи Шӯҳрат Қудратов нест худдорӣ кард ва онро масъулияти мақомоти судӣ хонд.
Рустами Шоҳмурод сиёсӣ будани қазияи Ёров ва Қудратовро рад кард ва гуфт, ки онҳо бинобар ҷиноятҳои содиркардаашон боздошт шудаанд.
Вазири адлия гуфт соли гузашта 64 нафар маҳбус дар зиндонҳо ҷони худро аз даст додаанд. Аз ин 16 нафар бар асари бемории сил, “44 нафар аз амрози дарунӣ ва 4 нафар дар натиҷаи дигар ҳодисаҳои ногувор” ба марг мувоҷеҳ шудаанд.