Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоШикоят (Новелла)

Шикоят (Новелла)

Баъд аз он сӯҳбат ба ман ҳам ҳоли он марди яҳудӣ бориз гашта буд: андешаманд, андак асабӣ ва зиёдтар дар банди сукут умр ба сар мебарам. Бехи гӯшҳоям мудом садои он писараки фаластиниро мешунавам, ки…
Ва… панҷаҳоям ба мушт табдил ёфта, ҳар гоҳ зери лаб хитоб мекунам:
-Бирав, додараки ман, бирав! Бираву ба Худо бигӯй, ки…
***
…Мо дар паноҳи сояи хавозаи токи ангур нишаста, ҳаво мехӯрем..!
Ин хоҳиши рафиқи ман аст.
Хеле ороста ва ҳама шароити истироҳат муҳайё ва ғолибан аз нафаси кондитсонер ҳавояш рӯҳбахш гашта бошад ҳам, дар ин нимарӯзи офтобӣ рафиқи маро яқин чаҳордевори хонаҳои ҳутал ба танг оварда буд, ки дар берун нишастанро авло донист ва… аз ман хоҳиш намуд, ки бо ҳузурам танҳоии ӯро бизудоям…
Ҳаво гарм…
Аммо дар сояи хавозаи токи панҷаҳояш дар дами бодаки нимарӯзӣ мудом ларзон мӯътадил аст ҳаво; гармои дилзаъфкунанда ҳис намешавад. Мо ду нафар мусофиракони ин шаҳр дар харакҳои чӯбини бепуштак рӯ ба рӯи ҳам нишастаем.
Хуршед чун одати ҳамешагӣ дар қиёми рӯз дасти сахо кушода буд. Аз ин саховат ҳарф ба ҳаф, ҳиҷо ба ҳиҷо сӯҳбати мо ҳарорат мегирад.
Ҳамсӯҳбатам аслан як марди яҳудии камгапе аст. Зодаи Бухорои шариф буда, ба қавлаш бисту панҷ сол пеш аз ин бо вазидани нахустин насимаки истиқлол дар Ватани мо пешомадро тираву тор дида, бо аҳли оилаашон ба кишвари Исроил кӯчидаанд. Аммо ҳоло ният дошт, ки ба зиёрати қабри гузаштагон ба зодгоҳ сафар намояд. Инро аз сӯҳбатҳои иҷмолии пешин дарёфта будам. Ман намедонам, ки дар дили ин мард чӣ хуфтааст?! Чунки мудом хомӯш менишаст, ба андеша равад, соатҳо ба як нуқта нигариста, аз кадом хусусе фикр мекард… Хуллас, як рафиқи камсухан ва мармузе буд ӯ. Аммо… имрӯз ғайричашмдошт баъд аз ғизои чошт аз ман хост, ки… агар муқобил набошам, як дам дар сояи ҳамин хавозаи токи баргҳояш ғулии ҳавлии ҳутал, ки дар ҳамин шабону рӯзон мевааш ранг бадал карда, ширин шудааст, бинишинем ва… ҳаво бихӯрем.
Ва…
мо ҳар кадом дар банди тафаккур ҷудо- ҷудо, ба қавли шарикам “ҳаво хӯрда”, баъд аз сӯҳбати маъмулӣ инак хомӯш менишастем. Ман аз ин фурсат истифода карда, ба хӯшаҳои аргури болои сарам назар партофтам. Аз тасаввури лаззати он даҳонам бевосита об кушода, баъд назар барчида, ҳарчи дар атроф ҳаст як-як тамошо кардам. Масалан, дарахтони гуногуни баргу шохаҳояшон мураттаб, гулҳои рангобаранг, ки низ дар соядави дарахтон роҳат мекарданду роиҳаи машомгирашон то ҷойи нишасти мо мерасиданд, боз… роҳравҳои морпечи нақшинро… аз назар гузаронидам ва аз сукуте, ки байни мо афтода буд, ниҳоят ба танг омадам ва дар ҷои худ беқарор гаштам. Ин сукути гарон ҷони маро меҷафид ва сактае дар равони ман таҳмил месохт. Ҳолати маро ба таҳқиқ фаҳмида, ҳамсӯҳбатам ғамгин табассум кард ва оҳи бадарде кашиду гуфт:
-Ман ҳар шаб ӯро хоб мебинам. Овози хастаашро ҳар шаб шунида, нигоҳи чашмони зебои пур аз таассуфашро ҳис мекунам. Мешунаваму… об мешавам; аз гаронии азоби виҷдон сад бор мурдаву аз нав зинда мешавам. –даст монда гулӯи худро молид ҳамсӯҳбатам ва ноаён оби даҳон фурӯ бурд. Яқин панҷаи ғамеро, ки аз банди гулӯяш гирифтанӣ буд, мехост ба ин навъ нарм созад, роҳи нафасашро аз чанги он дарди кушанда бираҳонад.
-Албатта, аз даст додани азизони дил чӣ саъбу сангин аст, -гуфтам ба дилаш рафта.
-Не, ошноҷон… Вайро ман намешинохтам. Вай ҳам маро дар умри сараш надида буд.
-Пас, ин хел ғам хӯрдан чӣ маънӣ дорад?
-…! –бо нигоҳаш ором таъкид кард ӯ ва оҳ кашиду лабонаш ғунча сари худро хам намуд.
Акнун сӯҳбати мо ба дигар самт тоб хӯрд. Чаро? –худам намедонам. Ҳанӯз дар дили ман садҳо савол бедор аст, аммо…
***
Вай, ки аслан як марди камгапе менамуд, маро мутаҳаййир сохта, имрӯз зиёдтар майли сӯҳбат дошт. Дар қатораи самти Бухоро чипта харида буд ва бо омад- омади шом сафари худро идома хоҳад дод ва… шояд мехост, ки ман аз ғами дилаш огоҳ бошам, ҳадди ақал мутмаин гардам, ки вай як инсони ба дарди башар бетафовут нест! Боз… намедонам чӣ ният дорад ҳамсӯҳбати ман. Чунки рӯзҳо хомӯш нишаста, инак дар пояи идомаи сафараш булбулаш мехонад. Аҷиб!
Ва… ҳоло аз чашмаи камоби лабони рафиқам ин суханҳо заҳиданд:
-Одам дар дами назъи равон чӣ мегӯяд, аз чӣ меандешад? –пурсид вай нигоҳи андешамандашро ба роҳрави мунаққаш гардонда. –Вақте ки фариштаи Марг ба исрори амонати Худованд болои сараш ҳозиру нозир гашта, панҷа ба гулӯи ҷонаш мегузорад ва…
Ман аз ин пурсиши ғайримаъмулӣ ҳайрон китф дарҳам кашидам ва пас аз пораи андеша:
-Шояд аз зану фарзандонаш меандешад, ки ҳолашон пас аз сари ӯ чӣ мешуда бошанд!
-Шояд… –сари худро миёни ду китфи лоғараш фурӯ бурд ӯ.
-Боз… аз молу маноле фикр мекунад, ки дар давоми умр худ нахӯрдаву ба касе ҳам надода, ба андешаи “рӯзи мабодо…!” ба чӣ сахтиҳо ҷамъ овардаву инак ба дардаш намехӯранд, ё ба дасти кадомие хоҳанд монд…
-Аммо ин хел нусхаҳо зиёд нестанд хушбахтона…
-Айнан дар замонаи мо кам ҳам нестанд! –бо итобе равшан ба оҳанги таъкид гуфтам ман.
-Мумкин… –гуфт ӯ бари рӯ молида ва пешонӣ чин намуд. Ин навъ боз ба андеша рафта, акнун дидагони олувор сиёҳаш ғамолуд ба ман нигаристу оҳиста лаб кушод:
-Вақте ки фарзанди одам зиёда азият кашида ва ҷони кӯфтааш ниҳоят нолону дар қолабаш ба танг меояд.., худаш бехабар, ҷӯёи наҷот рӯ ба осмонҳо мегардонад -ба самти Парвардигори худ! Ва… ин дамҳои гарон нахустин калимае, ки меҳмони забони вай мегардад, бешак ҳамин номи мубораки Худо аст! Яъне, ба ҳазорон андомаш ларза рафта “Худоҷон…” гӯён менолад ӯ. Баъд, мумкин дар дунбол идомаи муноҷоташро дар дил такрор мекунад. Ба қавли худат, номи зану фарзандонро зӯр зада ба ёд меорад, шояд хира -хира молу дунёаш низ аз пеши назараш бигзаранд…
Хомӯш монд ӯ.
Атроф ҳам гирифтори сукути мармуз гашт.
Ман то ба умқи суханҳои ҳамроҳам биравам, низ ҳарфе ба забон наоварда, аз болои ду шонаи лоғари ӯ нигоҳи оганда ба сад суоли беҷавобамро ба дуриҳо дӯхтам.
Вай вазнину озурдахотир сар афканда, маҳзун ба пеши пойҳои худ менигарист. Бо ҷорӯби нигаҳҳои мағмум гӯё як поразамини пешорӯяшро мерӯфт. Яқин бо ҳамин сӯзани нигоҳҳои кунди чашмонаш то дили замин чоҳ меканд, замине, ки дар гузашта қалби баҳарорату хушнуд тапанда ва шояд дар ҳамин вақту замонаҳо замири баҷароҳат дошт. Маҳз бандагони бешохбанди Худо ба ин шӯрбахтро азият медоданд, бо аъмоли шайтонии худ меозурданд, огоҳона ҳаловаташро медуздиданд…
Бале, ҳоло ҳамсӯҳбати ман бо сӯзани нигоҳи кундаш чоҳ меканд! Чиро ҷустан мехост? – ба мани музтар маълум набуд. Тахмин мезанам, ки дар ҷустани ҳақиқате ин навъ талош меварзад…
-Агар одам атеист бошад чӣ? -Воқеан, ин турфа дар байни мо зиёданд! Бехудо бошад ,чӣ кор мекунад? Чӣ сухане пар мекушояд аз лабонаш? –ногаҳ сукути сангинро парда дарида, савол додам ман.
-Чӣ ҳам мегуфт? –акнун сар барафрошт ӯ ва андешаҳои худро як тараф гузошта, бо кафи дасти шахшӯлаш пешонӣ молид ва як табассуми ҳузнангез дар лабон ба нигоҳи пурсишхоҳи дидагони ман дучор омада, қиёфааш ҷиддӣ гардид ва пас қатъан ҷавоб дод:
-“Очаҷонакам!” мегӯяд, дӯстам. “Модарҷон!” гӯён ғарибона менолад…
-Чаро..?
-Чунки… маҳз модарон дар рӯи ин замини сӯхтадил тимсоли Худованд ҳастанд!
-Пас…
-Бале! -сухани маро дубора аз даҳонам гирифт ӯ. -Инсон чӣ бехудо аст, чӣ аз ҷумлаи баимонҳо, таҳтан бо Он ламязили ламязол, донандаи асрору огаҳ аз кулли ҳол… пайвандии азалӣ дорад!
Вай инро гуфту боз сар хам намуд. Ду дасташро тирак сохта, ба лаби харак гузошт. Аммо аз бори сангине шонаҳояш ба тадриҷ хамбида, пушташ ба сони хоки болои қабр шикам монд…
Ман аз ғилофакаш бернун оварда, ба соати телефонам нигаристам.
Ин замон ба намози зӯҳр пораи фурсате монда буд…
-Зиқ шудӣ?
-Не. Баръакс…
***
…Аз кисаи куртааш суратеро берун кашида, ба дасти ман дод. Як гӯшаи кадомин шаҳри ҷангзада буд, ки биноҳои вайронаш дар коми оташ месӯхтанд. Ғубори дудолуд, ашёи рӯзгори мардум парешон ва оғуштаи хун буданд. Дар гӯшае зери сутуни оҳании шикаста марде то нимаи тан дармондааст. Дар оғӯши ӯ кӯдаки тақрибан се ё чаҳорсолае буд, ки низ ду пояшро ҳамон сутуни вазнин пахш карда аст. Мард ҳарчанд зӯр мезад, ки худ ва писаракро наҷот бахшад.., наметавонист!
-Ин ҷо Фаластин аст! –гуфт ӯ ҳамон бо сари хам ва дили пурғам. –Пас аз бомбаборони нерӯҳи ҳавоии Исроил…
-… –ман дигар ҳарфе ба забон наоварда, хомӯш ба манзараи даҳшатбори сурат хира шудам. Он марди маҷрӯҳ дод мезад, кулли аъзои баданаш дар банди дарди беамон фарёд мекашид, бисёр мехост, ки писаракашро аз ин мӯҳлика халос кунад… Аз тоблуи ҳамон сурат боз садҳои дигари барҳаму дарҳаме хеста, дар бехи гӯшҳоям садо медоданд… Дар оинаи хаёлам даҳшатҳои ҷанги хонумонсӯз зинда гашта ва ҳастиам аз тасаввури он манзараи дилхарош вазн гирифта, оҳиста он амонатро ба соҳибаш баргардондам.
Вай ҳам як бор ба сурат нигариста, лаб газиду сар ҷунбонд. Онро дубора дар ҷайби худ гузошт, аз болояш маҳин қафаси синаашро молид ва… баногаҳ дидагонаш нам оварданд. Ду қатра ашк дар хами мижгонаш муддате ҷило дода, баъд сарозер афтоданд.
-Ҳамин писарак… дар рӯи дастони ман ҷон дод, -гуфт вай кафи дастонашро ҳамвор намуда ва оҳи амиқе кашид. –Охир,… вай ҳақ дошт, ки мисли садҳо, балки миллионҳо кӯдаки рӯи замин рӯзҳои хушро бубинад, калон шуда ошиқи ягон гулдухтаре гардад, ба давлати пирӣ бирасад. Аммо…
Дар банди гулӯи ман чизе дармонд,ноаён оби даҳонро фурӯ бурдам.
Вай ба ёди он айёми барояш кулфатбор рафта, муддате хомӯш нишаст. Баъд… кӯлбори хотироташро кушод, овозаш ҳазин ба ҳикоят даромад…
***
…Осмон ҳанӯз дар тасарруфи ғубори ғализи ғашовари иборат аз чангу дуди хоку чӯбу оҳану садҳо ашёи дигари сӯхта… қарор дошт; ҳавои атроф ба ҳадде ҷафида буд, ки нафас дар синаҳо танг мешуд. Аз чашмҳо чашмаи ашки талхе равон гашта, сӯзиши бераҳме пайдо мекарданд. Ин пардаи тирафом ба ҳадде ситабр буд, ки ҳатто офтоби тобони нимарӯз дар паси ҳиҷоби он монда, гӯё чунин ба назар мерасид, ки айни ҷӯшу хурӯши ҳаёт дар ин қаламрав баногаҳ шом фаромада бошад.
Шаҳр месӯхт.
Месӯхту дар равғани бани башар бирён мешуд!
Тӯъмаи нафси саркаши хайле аз бандагони лаҷомгусехтаи Худо гашта буд шаҳр! Ва… инак ба азо нишаста, рӯйу мӯй меканд, нола мекарду бадард навҳа меандохт…
***
…Муддате пеш ҳавопаймоҳои ҷангӣ наъракашон болои ин шаҳр ҳамлавар гашта, бори марговари шонаҳои худро ба сари мардуми осоишта рехта, акнун ба ҳадде аз ҳамли кушандаву сӯзанда сабук шудаву шодихӯрон ба мақари пешини худ баргашта буданд. Бо нопадид гаштани ҳавопаймоҳо садои таркиши даҳшатбор аз ҳар гӯша баланд ва паҳнои ин шаҳри ободон ба маҳшаргоҳе мубаддал шуд. Ҳанӯз садои ин таркишҳо фурӯ нанишаста тӯбхонаҳо ба кор омаданд ва ҷисми шаҳрро гулӯлаброн намуданд…
Баъд… ҳама таркишҳои даҳшатзо хомӯш гардида, садои гиряву нолаи мардум ба осмон печид. Мо савори зиреҳпӯшҳо вориди шаҳр шудем, то ин маконро аз вуҷуди душманҳои худ пок созем. Ва… ногаҳ ба ҳамин манзара вохӯрдам ман. Мардеро бо писаракаш сутуни оҳанӣ ва шикастаҳои бинои хонааш зер карда буд. Ҳар ду оҳу воҳ мекарданд, аз сару рӯяшон хун метаровид… Зуд пиёда гашта, ба кӯмак шитофтам, аммо… ман тавони бардошта, якбара кардани он бори гаронро надоштам. Рафиқонамро ба кӯмак даъват намудам. Онҳо аз тарс зиреҳпӯшро тарк накарданд. Ман бехудона худро ба ҳар сӯ мезадам. Аммо бенатиҷа… Баъд садои тир баланд гашт. Шояд кадоме аз ҳамроҳонам, ки дар паноҳи зиреҳпӯш менишаст, он мардро ҳадаф қарор дод. Вай тир хӯрда, мағзи сараш ба атроф парешон шуд ва ҷисми дар панҷаи дарди тоқатфарсо ларзонаш ором гирифт. Писарак ҳанӯз намедонист чӣ воқеае рӯй дода ва менолиду менолид, ҳаракат мекард, ки аз қайди бори гарон озод бишавад. Падараш, ки то рамақ дошт бо ҳимои зонувон сутуни оҳаниро мебардошт ва ин хел азоби ҷигарбандашро коҳиш медод, ин дам муқобилатро бас карда буд. Бори сангин бадтар ба ҷисми писарак фишор оварданд. Ман аз ноилоҷӣ девона мешудам, ҳамроҳони тарсуи худро носазо мегуфтам. Сари он писараки маҷрӯҳро аз қафаси синаи падараш бардоштаву рӯи дастонам нигаҳ дошта, зор-зор мегирйистам, ба ҳар навъ дилбардорӣ мекардам…
Баъд аз як дам нолаҳои дилхароши писарак паст гардид, нигоҳи чашмони имдодҷӯяш ба рӯи ман бо овози хирае гуфт:
-Ман пеши Худо меравам.
-Роҳакат сафед, -гуфтам ман гирякунон.
Аз чашмони ман беист ашк мешорид, то садои ӯро пахш накунад, лабони худро сахт газида,садоямро банд карда будам. Оҳиста мӯйҳои шабранги олудаи хоку хунашро молидам. Чашм кушод. Ҷоми чашмонаш… ин замон аз ҳисси нафрат лабрез буд. Нигоҳи он чашмони ифодагари ким -кадом ҳисси барои ман номаҳфум ба рӯям дӯхта шуданд. Ва писарак канда- канда ба забон овард:
-Ман ба пеши Худо меравам…
-…- бо имои сар ишора намудам, ки сафарат бехатар бод.
— … ва ҳатман арз мекунам, ки… шумо дар рӯи замин гуноҳ мекунед! Одам мекушед! Албатта… мегӯям…
Ва…
Ҷисми хурдакаки ӯ ором гирифт.
Вай ба дидори Холиқи худ шитофта буд, то аз аъмоли бандагони гургсифаташ шикоят кунад…
Таркиши даҳшатноке маро ба худ овард ва ба ҷониби ҳамроҳонам назар кардам.
Ҳамхидматони ман, ки дар зиреҳпӯш нишаста, ба ҳар шабаҳи дар ҳоли ҳаракат тир мекушоданд, аз зарбаи роките мунфаҷир гашта, ҷисми берӯҳашон пора-пора ба ҳар ҷониб мехобиданд…
Ба ситоди қумондонӣ баргашта, ҳамон замон ариза навиштам ва сафи ихтиёриёни артиши кишварамро тарк намудам.
***
Рафиқи ман оҳи бадарде кашида, хомӯш монд ва аз кисааш сигор гирифта, ба лаб гузошт. Як дона ба ман ҳам дароз намуд. Аммо ман рад намуда, аз ҷайби худ носкадуамро берун кашидам ва ба лаби харак тиқ –тиқ зада, дороияшро ба ҳаракат овардам. Аммо дилам ғаш оварда, он “азизи” худро бе ҳеҷ дудилагӣ ба қутии партов андохтам.
Ҳамсӯҳбатам дуди сигорро аз кунҷи лабонаш ҳалқа-ҳалқа сар дода, илова намуд:
-Аммо… ҳамон нигоҳи пур аз нафрати писараки фаластинӣ, ҳамон нигоҳи таҷассумгари шикоят аз феъли вайрони одамизод… маро то ба имрӯз таъқиб мекунад. Шояд то фарҷоми умр он аз ёди ман намеравад. Ҳар шаб ба хобам медарояд ва… ман об мешавам, дар оташи худ мегудозам, дар равғани худ бирён мегардам…
-…- ман чизе намегӯям, аммо бисёр мехоҳам беибо ба рӯяш андозам, ки “бадтар шав, эй махлуқи..!” Вале…
-Албатта, он писараки маъсум ба Худо шикоят бурдааст ва рӯзе мо… ҷазои лоиқ мегирем! – гуфт сараш хам рафиқи ман ва пасмондаи сигорро ба қуттии партоб андохта, вазнин аз ҷой хест ва ба ҷониби ҳуҷраи хоб қадам бардошт. Шояд ният дошт, ки асбоби сафарро омода созад…
Ман аз қафояш муддате нигоҳ карда, зери лаб ба таъкид гуфтам:
-Иншоаллоҳ, ҷазо муқаррар!…

Шариф Халил

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика