Бориши барф ва лағзиши бесобиқа тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд боиси зери тарма мондани мошинҳову одамон ва марги ҳади ақал 5 нафар гаштааст.
Фаромадани ҳудуди 50 тарма байни километрҳои 51 то 71-кми ин шоҳроҳ,ки рӯзи шанбе 28 январ ба вуқӯъ пайвастааст, боиси дар ин масир банд шудани ҳудуди 100 мошин гаштааст, ки қисме аз ин мошинҳо зери тарма мондаанд. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода, дар натиҷаи корҳои наҷотдиҳӣ ҳудуди 500 нафар ба ҷойҳои бехатар интиқол дода шуда 90 мошин — 30 боркаш ва 60 сабукрав низ азин масир берун кашида шудаанд.
Ин кумита иттило додааст, ки кормандони он аз дохили барфи тарма 4 ҷасадро берун овардаанд ва аз дохили як мошини зери тарма монда ҷасади як нафар пайдо шудааст.
Баъди тозакунии роҳ аз барф ин роҳ дубора мавриди истифода қарор гирифта буд, аммо шаби гузашта боз тарма фаромада, ҳаракат дар ин масирро ғайриимкон гардонидааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода як нафар сокини дигар дар роҳи Ишкошим — Хоруғ низ ҷони худро аз даст додааст.