Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоҲокими толибонии Кундуз дар Тоҷикистон табобат гирифтааст?

Ҳокими толибонии Кундуз дар Тоҷикистон табобат гирифтааст?

Ҳокими “соягӣ”-и вилояти Кундуз, ё ҳокиме, ки аз тарафи Толибон таъин шудааст, баъди ҷароҳат бардоштанаш ба Тоҷикистон бурда шуда, дар онҷо табобат гирифтааст.

Тибқи иттилои сомонаи дар ин бора волии устони Арчии вилояти Кундуз изҳорот додааст. Тибқи гуфтаи ӯ “ҳокими соягӣ”-ро ба Тоҷикистон русҳо бурдаанд. Аммо ӯ нагуфтааст ҳокими толибонӣ кай ва дар куҷо захм бардоштааст.

Қаблан волии қаблии вилояти Кундуз Умар Сафӣ гуфта буд, ки техникаи ҳарбии Толибон, аз ҷумла он техникае, ки онҳо аз қувваҳои ҳукуматӣ ғанимат мегиранд, барои таъмир ба Тоҷикистон бурда мешавад. Ин техника дар Тоҷикистон ба гуфтаи Сафӣ тавассути муҳандисони рус таъмир карда мешавад.

Аммо мақомоти Тоҷикистону Русия ва худи Толибон ин гуфтаҳои волии қаблии вилояти Кундузро такзиб карданд. Русия гуфтааст ҳамкориаш бо Толибон танҳо дар мубориза бо ДОИШ тамом мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон изҳор карданд, ки дар Ағонистон фақат як шарик доранд, ки он ҳам ҳукумати кунунии ин кишвар аст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика