Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОё Patriot-и амрикоӣ ба Укроин кумак мекунанд?

Оё Patriot-и амрикоӣ ба Укроин кумак мекунанд?

Пас аз ин ки расонаҳои амрикоӣ дар рӯзи сешанбе 13 декабри 2022 гузориш доданд, ки Пентагон дар ҳоли ниҳоӣ кардани тарҳҳое барои ирсоли сомонаҳои дифоъи мушакии Patriot ба Укроин аст, Маскав дар баён ва ҳам дар амал ба ин мавзӯъ вокуниш нишон дод. 

Сафорати Русия дар Вашингтон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард, ки ҳар гуна ирсоли мушакҳои Патриоти Амрико ба Укроин метавонад авоқиби пешбининопазире дар пай дошта бошад ва амнияти ҷаҳониро таҳдид кунад. Дар баёнияи сафорати Русия омадааст: “агар ин мавзӯъ таъйид шавад, шоҳиди як иқдоми таҳрикомези дигар аз сӯи давлати Байден хоҳем буд, ки метавонад мунҷар ба авоқиби ғайри қобилӣ пешбинӣ шавад”. 

Вокуниши Маскав ба ҳамин изҳорот маҳдуд нашуд ва вазорати дифоъи ин кишвар имрӯз бо интишори як видео ва дар иқдоми камсобиқаи истиқрори мушакҳои баллистики қорапаймоии “ЯРС” (Yars)-ро расонаӣ кард. Ин рӯйдод, ду рӯз пеш аз солрӯзи таъсиси “нерӯҳои мушакҳои роҳбурдии Русия” эълом шуд. 

Дар видеои вазорати дифоъи Русия оварда шудааст, ки ”аҳамияти ин амалиёт дар ин воқеият нуҳуфтааст, ки ин мушакҳо тибқи барномаи аз пеш таъйиншуда амалиётӣ хоҳанд шуд. Ин мушакҳои ҳастаӣ ин имконро фароҳам мекунад то дар баробари ҳар гуна иқдоми роҳбурдӣ омода бошем.” 

Дар рӯзҳо ва моҳҳои ахир истифодаи паҳподҳои сохти Эрон тавассути нерӯҳои Русия дар ҷанги Укроин ҳамвора мавриди интиқод буд ва Киев дар садади дарёфти сомонаҳои дифоъи ҳавоӣ аз кишварҳои мухталиф будааст. Ҳоло мавзӯъи ирсоли сомонаи Патриот ба як муаммои амниятӣ барои Укроин бадал шудааст ба ин маъно, ки дар сурати бархурдорӣ аз ин дифоъи мушакӣ оё аз таҳдидҳо алайҳи ин кишвар коста хоҳад шуд ва ё бар мушкилоти дигар меафзояд. 

Тардид дар мавриди фоидамандии Patriot дар ҷанги Укроин 

Сомонаи амрикоии Patriot ҳамеша яке аз бартариҳои нисбии Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидони ин кишвар дар ҳавзаи дифоъи мушакӣ маҳсуб шуда ва дар манотиқи мухталифе аз ҷаҳон аз он ба унвони абзоре барои дифоъ дар баробари ҳамалоти мушакии эҳтимолӣ аз сӯи кишварҳое ҳамчун Эрон ва Кореяи шимолӣ ёд шудааст. Аммо коршиносони низомӣ дар мавриди асарбахшии ин сомона дар ҷанги Укроин тардид доранд. Кишвари Укроин бо тайфи васеъ аз таҳдидоти Русия мувоҷеҳ аст ва Patriot мумкин аст дар баробари бархе аз ин таҳдидҳо хуб зоҳир шавад вале дар баробари бархе дигар чандон муфид нахоҳад буд. 

Том Карако, мудири гурӯҳи мутолиоти дифоъи мушакӣ дар андешакадаи амрикоӣ “Маркази мутолиоти роҳбурдӣ ва байналмилалии (CSIS)” дар ин хусус гуфт, ки сомонаи Патриот “яке аз густурдатарин ва қобили эътимодтарин ва исботшудатарин сомонаҳои дифоъи мушакӣ мавҷуд аст” ва ин тавоноиро дорад то аз Укроин дар баробари мушакҳои баллистики сохти Эрон ҳифозат кунад. 

Гаронии истифода аз ин сомона 

Маркази амрикоии мутолиоти роҳбурдӣ ва байналмилалӣ дар гузориши моҳи июли худ овардааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳар мушаки раҳгир барои истифода дар сомонаи Патриот тақрибан чаҳор миллион доллар ҳазина дорад, илова бар ин, ки бароии гирифтани ҳар партобгар ҳам бояд дар ҳудуди 10 миллион доллар харҷ кард. 

Бо ин қимат, истифода аз Патриот барои сарнагунии паҳподҳои кӯчак ва арзонбаҳои сохти Эрон исрофкории бузургест. Ба иборати дигар шиллики як мушаки чанд миллион долларӣ ба як паҳподи 500 ҳазор долларӣ шояд оқилона ба назар наояд. 

Шароити душвор ва замонбари омӯзиши нерӯҳои укроинӣ 

Барои роҳандозӣ ва нигаҳдории ҳар оташандози Patriot ба 90 нерӯ ниёз аст, ва яке аз далоиле, ки то кунун Иёлоти муттаҳида тамоюле ба ирсоли ин сомонаи печида ба Укроин надошта, ҳамин масъала будааст. Зеро ирсоли ин сомона ба маънии ирсоли нерӯи ҳамроҳ мебошад, ки қатъан боиси таҳрики Русия шуда ва хатари исобати ҳар кадом аз ин мушакҳои амрикоӣ ба дохили хоки Русия низ вуҷуд дорад, ки метавонад мӯҷиби ташдиди даргириҳо шавад. 

Дар натиҷа нерӯҳои амрикоӣ мебоист ибтидо нерӯҳои укроиниро дар мавриди наҳваи истифода ва нигаҳдорӣ аз ин систем ва ҳадафгирӣ ва истифода аз радар ба сурати пешрафта омӯзиш диҳанд. Мавзӯе, ки то кунун тавассути мақомоти амрикоӣ ба он ишорае нашудааст. 

Дар ниҳоят ин ки сомонаи Патриот дар баробари мушакҳои баллистики кӯтоҳ бурд муассир хоҳад буд ва нишондиҳандаи паёми қавии ҳимояти Иёлоти муттаҳидааст, аммо қарор нест бо як сомонаи дифоъӣ масири ҷанги Укроин тағйир кунад. Як коршиноси низомии амрикоӣ, ки нахост номаш фош шавад дар ин робита ба Ассошиэйтед пресс гуфтааст “патриотҳо метавонанд хеле хуб аз як пойгоҳи низомии кӯчак ҳифозат кунанд, аммо наметавонанд аз як шаҳри бузург монанди Киев муҳофизат кунанд. Зеро бо онҳо танҳо мешавад бахше аз як шаҳрро пӯшиш дод.” 

Оташборҳои амрикоии Патриот тақрибан дар саросари ҷаҳон мустақар ҳастанд. Кишварҳои Нидерланд, Олмон, Ҷопон, Исроил, Арабистони саудӣ, Қувет, Тайван, Юнон, Испания, Кореяи ҷанубӣ, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Қатар, Руминия, Суид, Лаҳистон ва Баҳрайн аз ҷумла харидорони Патриот маҳсуб мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular