Маошу нафақа дар Тоҷикистон соли оянда ҳаҷми бештар мешавад. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 23 декабр дар паёмаш ба порлумон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 дарсад ва дигар кормандони ин мақомотҳо 20 фоиз зиёд мешавад.
Ҳамчунин аз 1 июли 2023 музди меҳнати кормандони маориф, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳо 20 дарсад афзоиш меёбад ва андозаи нафақаи заминавӣ 20 дарсад зиёд мешавад.
Нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ дар сатҳи таварруми 2 соли ахир, вале на кам аз 16 дарсад зиёд мешаванд. Намудҳои дигари нафақа низ 20 дарсад зиёд афзоиш меёбад.
Шурӯъ аз соли 2013 афзоиши маошу нафақа ҳамеша камтар аҳ таваррум будааст, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии нафақахӯрон ва кормнадони буҷавӣ поин рафтааст. Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон даъво дорад, ки сатҳи камбизоатӣ дар 5 соли гузашта аз 27,8 то 22,5 фоиз поин омадааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

