Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМақомоти Тоҷикистону Қирғизистон вазъи марзро баррасӣ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон вазъи марзро баррасӣ карданд

Қирғизистон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, ки аз авҷ гирифтани хушунат дар марзи байнидавлатӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Дар деҳаи Борбордоки Қирғизистон сардори Хадамоти марзбонии Ҷумҳурии Қирғизистон Оларабек Чарчиев ва фармондеҳи сарбозони сарҳадии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо ҳузури раисони ҳукуматҳои вилоятҳои ҳамсарҳади Суғду Ботканд мулоқот карданд.

Дар ин дидор сарони ниҳодҳои марзбонӣ ва интизомӣ раванди иҷрои протоколҳои қаблан имзошуда барои ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи марзиро баррасӣ карданд. Илова бар ин, вазъи кунунии Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ шуд. 

Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд «дар натиҷаи гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба амалҳое, ки боиси бад шудани муносибатҳои байни ду ҷониб мегардад, роҳ надиҳанд.»

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳим дониста, қайд карданд, ки аз ин ба баъд тамоми масъалаҳои ба миёномада бояд дар сатҳи минтақаҳои наздимарзӣ бо гуфтушунид ҳал шаванд.

Сардорони хайатхои вакилони тарафхо ба протоколи нав имзо карданд. Ҷузъиёти дигари ин мулоқот эълом нашудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular