Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмон ба барқарории корхонаҳои равған фармон дод. Оё иҷрошуданист?

Раҳмон ба барқарории корхонаҳои равған фармон дод. Оё иҷрошуданист?

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки корхонаҳои истеҳсоли равған дар Душанбе, Бохтар ва Конибодомро барқарор ва навсозӣ кунанд, то тавлидот афзоиш ёбад ва мизони худкифоии кишвар бо равғани растанӣ аз 22% то ба 70% афзоиш ёбад. Дар ҳамин ҳол коршиносон ба иҷроӣ шудани ин фармон бо шубҳа менигаранд.

Раисҷумҳур гуфт «Вазорату идораҳои марбута дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон бояд дар соли 2023 бо муҷаҳҳаз сохтани корхонаҳо бо технологияҳои муосир корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро бо иқтидори солҳои қаблӣ барқарор намоянд. Дар ҳоли ҳозир талаботи бозори истеъмолии кишварро ҳамагӣ 22 дарсади равғани дар дохили кишвар тавлидшуда таъмин мекунад. Дар сурати ба кор даромадани корхонаҳои зикршуда, талаботи аҳолии кишвар ба равғани растании дар дохили кишвар тавлидшуда 70% таъмин хоҳад шуд.»

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 52 корхонаи  истеҳсолкунандаи равғани растанӣ мавҷуд аст, ки иқтидори умумии онҳо дар як сол 80 ҳазор тонна мебошад.

Аммо коршиносон мегӯянд барқарорсозии корхонаҳои равғанбарорӣ ба маънии бунёди кулии дубораи онҳост, зеро таҷҳизоти ин корхонаҳо кайҳо ғорат ва фурӯхта шудаанд. Ва агар чизе аз он боқӣ ҳам монда бошад, дархӯри кор нест, чун бисёр кӯҳна шуда ва хеле сермасраф аст.

Аммо барои бунёди корхонаҳое бо ин бузургӣ дар Тоҷикистнӯонро ҳеҷ соҳибкоре ба дӯш нахоҳад гирифт, чун зуд мавриди фишори рейдерии хонаводаи раисҷумҳур қарор мегирад. Худи хонавода ҳозир ба сохтани корхонаҳо ва масорифи бузурге, ки танҳо баъди даҳ-понздаҳ сол пӯшонида мешавад, нест.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular