Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЭрдуғон аз Путин талаб кард, ки ҷанг дар Укроинро бас кунад

Эрдуғон аз Путин талаб кард, ки ҷанг дар Укроинро бас кунад

Президентҳои Туркия ва Русия — Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Хабаргузории туркии «Анадолу» иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо муносибатҳои Русия ва Туркия, масъалаҳои эенергетикӣ, ҷанг дар Украина ва вазъи Сурияро баррасӣ кардаанд.

Эрдуғон ҳангоми суҳбат дар бораи ҷанги Украина ба Путин гуфтааст, ки «даъватҳо ба сулҳ ва муколама тавассути қатъи якҷонибаи амалиёти низомӣ ва ҳалли одилонаи ихтилофи назарҳо бояд дастгирӣ ёбанд».

Дар хабар аз гуфтаҳои Путин чизе иқтибос оварда нашудааст.

Аммо, дафтари матбуотии президенти Русия иттилоъ дод, ки зимни суҳбати телефонӣ  Путин ба Эрдуғон дар бораи “нақши харобиовари кишварҳои ғарбӣ” гуфтааст, ки ба Украина кумаки низомӣ мерасонанд. 

Путин ҳамчунин омодагии худро барои муколама бо Киев таъйид карда, вале афзудааст, ки мақомоти Украина нахуст бояд талабҳои ҷониби Русияро риоя кунанд ва «воқеиятҳои нави ҳудудиро» ба назар гиранд.

Қаблан президенти Украина, Владимир Зеленский борҳо таъкид карда буд, ки танҳо дар сурати баргардонидани тамоми заминҳои ишғолшудаи кишвараш, аз ҷумла нимҷазираи Қрим омодааст бо Русия гуфтугӯ кунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular